Рамзи бедории табиат ва таҷассуми ҳувияти миллӣ

Наврӯз аз куҳантарин ва зеботарин ҷашнҳои ниёгони мо буда, рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз яке аз маъруфтарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад, ки решаҳои он ба таърихи чандинҳазорсолаи мардумони ориёитабор мерасад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози давраи нави зиндагӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз на танҳо як ҷашни анъанавӣ, балки рамзи худшиносии миллӣ, ифтихори таърихӣ ва таҷассумгари фарҳанги бостонӣ мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз маънои амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ дорад. Он мардумро ба дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват менамояд. Аз ин рӯ, Наврӯз дар тӯли асрҳо ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимми фарҳангӣ дар ҳаёти мардум мавқеи устувор доштааст.
Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадимаи таърих марбут мебошад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ зикр мегардад, ки ин ҷашн ба тамаддуни ориёӣ вобаста аст. Бино ба ривоятҳои куҳан, Наврӯз ба номи подшоҳи асотирӣ Ҷамшед нисбат дода мешавад. Гуфта мешавад, ки дар рӯзи ба тахт нишастани ӯ табиат шукуфо гардид, хуршед дурахшонтару рӯшноӣ фарогиртар шуд ва мардум ин рухдодро ҳамчун рӯзи оғози зиндагии нав ҷашн гирифтанд.
Дар «Шоҳнома»-и муҳташаму безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи пайдоиши Наврӯз маълумоти ҷолиб оварда мешавад. Фирдавсӣ менависад, ки Ҷамшед дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз ба тахт нишаст ва мардум ин рӯзро ҳамчун рӯзи фархунда ва муборак пазируфтанд.
Дар давраҳои гуногуни таърих Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид. Хусусан, дар замони давлатдории Сомониён ин ҷашн мақому мартабаи баланд дошт. Дар он давра дарборҳои шоҳӣ ва мардум Наврӯзро бо маросими тантанавӣ ҷашн мегирифтанд.
Таҷассуми Наврӯз дар адабиёти классикии тоҷику форс ҷойгоҳи хоса дорад. Шоирон ва мутафаккирони бузург дар осори худ аз зебоии баҳор ва ҷашни Наврӯз васф намудаанд.
Устод Рӯдакӣ, ки асосгузори адабиёти классикии тоҷик ба шумор меравад, дар ашъори худ омадани баҳор ва фарорасии Наврӯзро бо тасвирҳои хеле зебо баён кардааст. Дар шеърҳои ӯ табиат ҳамчун як олами зинда ва пур аз тароват тасвир мегардад. Шеъри «Омад баҳор»-и шоир хеле машҳур асту табиатро дар овони баҳор бо маҳорати баланд ва бо диди фарогир тасвир мекунад. Ин баҳория бо байти зер оғоз меёбад:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Ҳамчунин, Умари Хайём дар рубоиёти худ Наврӯзро бо фалсафаи зиндагӣ пайваст намуда, инсонро ба қадршиносии ҳар як лаҳзаи ҳаёт даъват менамояд:
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай ки гузашт, ҳар чи гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Шоирони дигар, аз ҷумла, Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ низ Наврӯзро ҳамчун рамзи муҳаббат, умед ва таҷдиди зиндагӣ васф кардаанд.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки Наврӯз дар адабиёти форсу тоҷик ҳамчун манбаи илҳом ва рамзи шукуфоии зиндагӣ ҷойгоҳи муҳим дорад.
Наврӯз на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки як падидаи амиқи фалсафӣ мебошад. Мазмуни меҳ­варии он ба эҳёи табиат ва таҷдиди зиндагӣ иртиботманд аст. Бо фаро расидани баҳор табиат аз нав зинда мешавад, дарахтон сабз мегарданд ва гулҳо мешукуфанд. Ин ҳолат рамзи эҳёи зиндагӣ ва оғози давраи нави фаъолияти ҳамагон, махсусан, кишоварзон аст.
Дар ҷаҳонбинии мардумони қадим унсурҳои табиат – замин, об, ҳаво ва оташ муқаддас ҳисобида мешуданд. Аз ҳамин сабаб, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳтиром ба табиат ва муҳити зист низ ба ҳисоб меравад.
Фалсафаи Наврӯз инсонро ба покизагӣ, некӣ, ростқавлӣ ва амалҳои хайр даъват мекунад. Дар арафаи ин ҷашн мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, ба аёдати якдигар мераванд ва ба ниёзмандон кумак мерасонанд. Ин амалҳо рамзи поксозии руҳию маънавии инсон мебошанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати бештар таҷлил мегардад. Дар ин раванд саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста мебошад.
Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун яке аз рамзҳои муҳимми фарҳанги миллӣ муаррифӣ гардид. Маҳз бо кӯшишҳои Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф карда шуд ва мақоми ҷаҳонӣ дарёфт.
Соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом аҳаммияти таърихӣ дошта, Наврӯзро ҳамчун ҷашни сулҳ ва дӯстии халқҳои ҷаҳон муаррифӣ кард.
Ҳамзамон, Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Ҳамакнун, беш аз 15 сол аст, ки Наврӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо тамоми ҷузъиёташ эҳё гардид. Дар Тоҷикистони азизи мо ҳар сол ба ифтихори ин ҷашни фархунда чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд.
Дар ин рӯзҳо мардум бо либосҳои миллӣ дар майдонҳо ҷамъ омада, расму оинҳои қадимиро эҳё мекунанд. Бозиҳои миллӣ, сурудҳои мардумӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ фазои идонаро боз ҳам рангин мегардонанд.
Ин ҷашн, инчунин, барои рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон мусоидат менамояд.
Наврӯз яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи эҳёи табиат, таҷдиди зиндагӣ ва ваҳдати инсонҳо боқӣ мондааст. Наврӯз дар худ таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷикро таҷассум менамояд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад, ин ҳама арзишҳои наврӯзӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.
Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни миллии тоҷикон, балки ҷашни дӯстӣ, сулҳ ва ҳамбастагии халқҳои ҷаҳон мебошад. Он мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми фарҳангҳои гуногун даъват мекунад.
Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти Наврӯз вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути нигоҳдории чунин арзишҳои фарҳангӣ миллат метавонад ҳувияти миллӣ ва мероси таърихии худро ҳифз намояд.
Бигзор, Наврӯз ҳамеша паёмовари сулҳ, дӯстӣ, созандагӣ ва шукуфоии миллати тоҷик ва тамоми башарият бошад.
Шодӣ САФАРОВ,
доктори илмҳои педагогӣ,

профессор, президенти АТТ

Добавить комментарий