Ҷашни Наврӯз аз куҳантарин оинҳои мардуми тоҷик ва халқҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он ҷашни омадани баҳор, рамзи бедории табиат, эҳёи зиндагӣ, навшавии андеша ва тозагии руҳу равон мебошад. Наврӯз дар дарозои таърих ҳамчун оини зиндагисоз, инсонпарвар ва ваҳдатофар нақши бузург бозидааст.
Асгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳаммияти бузурги Наврӯз ишора намуда, таъкид кардаанд: «Ҷашни Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст». Воқеан ҳам, Наврӯз дар баробари ҷанбаи идона доштанаш, мактаби бузурги тарбия, ахлоқ, зебоипарастӣ ва маърифат аст.
Таърихи Наврӯз аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла, дар осори Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Фирдавсӣ ва дигар донишмандону адибон, Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози зиндагии нав, баробарии шабу рӯз ва эҳёи табиат тавсиф шудааст. Ривоятҳои зиёд пайдоиши онро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ ҳамин маънӣ бо шукӯҳи хос ба қалам омадааст.
Дар «Шоҳнома» на танҳо зикри пайдоиши номи Наврӯз, балки муносибати рамзии мардум ба рӯзи нав, рӯшноӣ, шодмонӣ ва оғози зиндагии тоза таҷассум ёфтааст. Яъне, Наврӯз аз ибтидо ҷашне будааст, ки инсонро ба сӯйи нур, умед, созандагӣ ва некию накукорӣ даъват мекард.
Аз диди маънавӣ Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни покӣ аст. Дар арафаи он мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либоси нав мепӯшанд, дастархони идона меороянд, кинаҳоро аз дил дур месозанд, ба аёдати ҳамдигар мераванд ва бо чеҳраи кушода соли навро истиқбол мегиранд. Ин ҳама танҳо амалҳои зоҳирӣ нестанд. Дар заминаи онҳо як ҷаҳон фалсафа нуҳуфтааст, аз ҷумла, инсон бояд ҳам муҳити зисти худро тоза гардонад ва ҳам ботини худро. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯз ҷашни оштӣ, бахшоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат низ ҳаст.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки масъалаҳои худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии насли наврас аҳаммияти бештар пайдо кардааст, Наврӯз метавонад нақши ниҳоят муҳимро бозад. Вақте кӯдак ё наврас бо маънии воқеии Наврӯз ошно мешавад, ӯ танҳо як ҷашнро намешиносад, балки бо як бахши муҳимми ҳастии миллати худ рӯ ба рӯ мегардад.
Дар рӯзҳои ид хонандагон либоси миллӣ ба бар мекунанд, шеър мехонанд, суруд месароянд, дар бораи расму оинҳои миллӣ маълумот меёбанд, бозиҳои халқиро тамошо мекунанд ва дарк менамоянд, ки онҳо ворисони фарҳанги куҳанбунёду пурғановати аҷдодӣ мебошанд. Ҳамин эҳсоси пайвастагӣ бо гузашта дар қалби кӯдак тухми ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва меҳри Ватанро мепарварад.
Наврӯз на танҳо бо худшиносии миллӣ, балки бо ваҳдати мардум низ иртиботи мустақим дорад. Аз қадим ин ҷашн ҳамаи табақаҳои ҷомеаро ба ҳам меовард. Аз дарбори шоҳон то хонаҳои деҳқонон Наврӯзро бо як руҳияи идона таҷлил мекарданд. Имрӯз низ Наврӯз ҳамин рисолати муттаҳидсозандаашро гум накардааст. Наврӯз инсонҳоро сари як дастархон ҷамъ месозад, муносибатҳоро гарм мекунад, қалбҳоро ба ҳам наздик намуда, ба ҷомеа паёми дӯстиву самимият мерасонад.
Имрӯз, вақте Наврӯзро дар саросари ҷаҳон таҷлил мекунанд, масъулияти мо, омӯзгорон, зиёиён, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа боз ҳам бештар мегардад, зеро ҷаҳонӣ шудани Наврӯз набояд боиси гум шудани моҳияти миллӣ ва маънавии он шавад. Баръакс, мо бояд ба насли наврас фаҳмонем, ки Наврӯз аз куҷо сарчашма мегирад, чӣ паём дорад ва барои миллати тоҷик чӣ ҷойгоҳеро соҳиб аст. Агар ин ҷиҳатҳо ба таври дуруст омӯзонда шаванд, Наврӯз ба василаи пурқуввати тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст табдил меёбад.
Махсусан, барои омӯзгорон иди Наврӯз имконияти хуби тарбиявӣ фароҳам меорад. Дар доираи дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои мактабӣ метавон на танҳо моҳияти расму оинҳои идонаро нишон дод, балки фалсафаи онро ба хонандагон фаҳмонд.
Аз ҷониби дигар, Наврӯз бо фарҳанги меҳнату ободкорӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад. Он оғози киштукор, бедории табиат ва умеди деҳқон аст. Бинобар ин, ҷашн мардумро ба заҳмат, созандагӣ ва бунёдкорӣ ташвиқ мекунад.
Зулайхо ШАРИПОВА,
омӯзгори МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ













