Рушди фарҳанг, эҳёи суннату арзишҳои миллии аҷдодӣ ва зинда намудани беҳтарин анъанаҳои тамаддуни ориёӣ аз нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) мебошанд. Мероси фарҳангии гузаштагони мо ба таҳкурсие шабеҳ дорад, ки болои он қасри бошукӯҳу зебои тамаддуни миллат қомат афрохтааст. Арзишҳои волои фарҳангии аҷдодони миллати тоҷик дар муаррифии тамаддуни миллат ба ҷаҳониён рисолати бузург доранд ва дар тарбияи наслҳои худшиносу миллатпарвар нақши меҳварӣ мегузоранд. Мо вазифадорем, ки фарҳанги волои миллат, яъне, ин хазинаи пурбори маънавиро беҳтару хубтар омӯзем, такмил бахшем, то наслҳои оянда низ аз он бархурдор бошанд. Роҳбари давлат дар Паём ин нуктаро махсус таъкид намуданд: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик – Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон бунёди қавию мустаҳками фарҳангӣ доранд ва бар андешаҳои беҳтарини инсонгароӣ такя менамоянд. Ҷанбаи тавонои инсондӯстию фарҳангӣ доштани ин ҷашнҳо омили асосии то ба имрӯз расидани онҳо дониста мешавад. Махсусан, ҷашни Наврӯз, ки мақоми байналмилалӣ гирифтааст, бо урфу одатҳо, русуми фалсафаву ҳикматҳои абадиаш сол ба сол дар ақсои олам маъруфияти бештар касб мекунад. Ба ин хотир, Пешвои миллат таъсиси марказеро баҳри бузургдошти он зарур донистанд: «Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад».
Тадбири ниҳоят муҳим ва саривақтӣ таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ маҳсуб мегардад.
Бунёди ин марказҳо имкони хуберо муҳайё менамояд, то аҳли олам бо фарҳангу тамаддуни бостонии халқи тоҷик ҳарчи бештар ошноӣ дошта бошанд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,