Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва афзоиши рақобати миёни давлатҳо, рушди устувор ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун омилҳои муҳим барои пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои рушд шинохта шудаанд.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои нав марбутанд, мисли қонунҳо ва қарорҳои давлатӣ дар бораи ҳуҷҷати электронӣ, имзои электронӣ, ҳифзи маълумотҳо, рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) метавонад барои суръат бахшидан ва мусоидат ба татбиқи технологияҳои нав дар кишвар кумак расонад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (16.12.2025) таъкид намуданд, ки яке аз самтҳои муҳимтарини рақамикунонӣ ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронии давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Ёдрас шуданд, ки ин иқдом метавонад дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ осон намуда, хароҷоти маъмуриро коҳиш диҳад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ» қабул карда шудааст, ки ҳадафаш васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ тавассути соддагардонии раванди муроҷиатҳо, баланд бардоштани шаффофият ва роҳандозии пурраи хизматрасониҳои электронӣ дар кишвар мебошад, ки ин талош бо мақсади рақамикунонии давлат ва осон намудани ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Портали хизматрасониҳои давлатӣ (Khizmat.ehukumat.tj) бо мақсади таъмин намудани дастрасии бештари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ, содагардонии раванди муроҷиатҳо ва баланд бардоштани шаффофият, амалисозии пурраи хизматрасониҳои электронӣ дар кишвар фаъолияти худро дар реҷаи пилотӣ оғоз намуд.
Дар назар аст, ки марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ марҳала ба марҳала дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат таъсис дода шуда, номгӯйи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд, пайваста васеъ карда шаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сода ва осон намудани раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасониҳои давлатиро таъсис додааст, ки дар марҳалаи аввал 50 намуди хизматрасониҳои давлатӣ ба тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ пешниҳод мегарданд.
Агентӣ то имрӯз марҳала ба марҳала дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти қонунгузорӣ ва судӣ низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро пайваст намуда, дар як вақт дар онҳо корҳои омӯзиширо ҷиҳати истифодабарии низоми мазкур ҳамарӯза ба роҳ мондааст. Раванди мазкур дар мақомоту ташкилоти дигари давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ низ идома дорад.
Яке аз ҳадафҳои асосии рақамисозӣ беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодшаванда мебошад. Муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зудтар ба даст оранд, ба мақомот ариза ва дархостҳо пешниҳод карда, раванди баррасии онҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ назорат кунанд. Ин ҳамкорӣ бо давлатро осон карда, вақти камтарро мегирад, ки ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва самаранок барои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Дар шароити гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, тиҷорати хурд ва миёна ба хизматрасониҳои маъмурии тезтар ва осонтару арзонтар дастрасӣ пайдо мекунанд. Дархостҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаҳо тавассути порталҳои интернетӣ ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки вақт ва хароҷотро ба таври назаррас сарфа кунанд, ки ин ба рушди тиҷорат ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ на танҳо як тамоюли муосир, балки зарурати муносибгардонии фаъолият, баланд бардоштани шаффофият, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва кам кардани хароҷот мебошад.
Хулоса, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонанд ба коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд бардоштани шаффофият, самаранокии идоракунии давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.
С. МАВЛОНАЗАРОВ,
сарходими илмӣ, профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ,
А. МАВЛОНАЗАРОВ,
мутахассиси раёсати таъмини амнияти иттилоотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон













