Арӯси писари хурдиамон маълумоти кофӣ ва ҳунаре надошт. Ба хондан майл намекард. Хостем, ягон ҳунар ёд гирад. Саркашӣ кард.
«Шавҳарам ҳаст, кор кунад, ман дар хона мешинам», – гуфт. Чун дидам, ки келинам вақташро беҳуда мегузаронад, хостам, ӯро ба китобхонӣ ҷалб намоям.
– Ана, дар ҷевон китобҳои рангоранг, интихоб карда хонед, фақат зиқ нашавед, – гуфтам.
Вақте ки шомгоҳон келин бо ноз гуфт: «Китобҳоятон бисёр будааст, интихоб карда натавонистам, худатон ягон шавқоварашро гирифта медодед».
Субҳи рӯзи дигар, пеш аз ба кор рафтан, ба дасти келин ҷилди якуми китоби «Одоби оиладорӣ»-ро додам.
– Бегоҳӣ бинам, ки муқоваи китоб як тарафу худи китоб ба дигар тараф истодааст.
Келинро, ки хоб буд, бедор карда гуфтам: «Вақти шом хоб наравед, одам вазнин мешавад. Воқеан, муқоваи китоб дар куҷост?» Келин хандида забон кушод: «Якдамба гирифта хонам, бисёр вазнин, ғафс будааст, монда шудам, барои ҳамин ҷилдашро канда мондам. Китобхонӣ хуб будааст, зуд-зуд хоби одам меояд».
Баъди ин бисёр китобҳои хубу камёбро дар назди танӯру дегдон, дар ҷойҳои дигар медидагӣ шудам. Ман дар вақти келин кардан пурсидани дар кадом муҳит тарбия ёфтани ӯро фаромӯш карда будам. Агар ӯ дар муҳити китобдӯстон тарбия меёфт, ҳеҷ гоҳ ба китоб, ки аз ҳама чиз қимат аст, ин тавр муносибат намекард. Ба дили писарам роҳ ёфтааст, ба ҳамин шукр гуфта, худро тасалло дода мегаштам.
Китобҳои яке аз оғозу дигаре аз миёнаю сеюмаш аз охири саҳифа кандаро дида, дилам об мешуд. Афсӯс мехӯрдам, ки китобҳои бо ҳамсарам дар давоми солҳо ҷамъовардаам оқибат ба чунин ҳоли ногувор афтидаанд.
Зани солхӯрда ин ҷо гӯё суханашро ба навъе ҷамъбаст кард: бояд мо ба қадри китобхонаи оилавӣ бирасем, онро эҳтиёт кунем, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Истифода аз китобҳоро танҳо ба китобдӯстону китобхонҳои ҳақиқӣ иҷозат бидиҳем.
Автобус қарор гирифта зан «ин истгоҳи мо» гуфту бо ман хайру хуш кард.
Зери таъсири ҳикояи дардноки ин зани бомаърифат хеле хомӯш мондам. Ба ӯ ва ба китобҳо дилам сӯхт. Аз рафтори келин, ки ба китоб, хунукназарона муносибат доштааст, хеле афсӯс хӯрдам.
Ҳодисаи мазкурро набояд ба чашми кам дид. Ин ифодагари як масъалаи дардовари замони мост. Дар ҳақиқат, имрӯз таваҷҷуҳи зумрае аз ҷавонон, махсусан, бонувон нисбат ба китоб борҳо ба зару зевар, либос бештар шудааст.
Нақли он зан ҳикоятеро ба ёдам овард.
Аз донишманде, ки дар бистари марг хоб буд, пурсиданд:
– Ба фарзандатон чӣ сарвате мерос гузоштед?
Донишманд ҷавоб дод:
– Китоб.
– Китоб сарват не-ку?
Донишманд гуфт:
– Сарват тамом шуданаш мумкин, вале китоб хазинаест, ки ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. Онро варақ задан гиред, сарват падид омадан мегирад.
Аз донишманд боз пурсиданд:
– Пеш аз марг бисёртар ба чӣ ҳавас доред?
Донишманманд ҷавоб дод:
– Ба китоб хондан.
Аз чунин ҳикоёт сабақ бояд андӯхт.
Ба наздикӣ ба хонадоне, ки фақирона зиндагӣ мекард, меҳмон шудам. Соҳиби хона китобдӯст будааст.
– Касбам деҳқонӣ, вале аз кӯдакӣ китоб мутолиа карданро дӯст медорам. Як сомонӣ ёбам ҳам, китоб мехарам, – гуфт мизбон.
– Ин тавр бошад, китобатон бисёр будагист.
– Барои китоб хонаи алоҳида ҷудо кардаам. Бачаҳо, набераҳо, хешу табор, ёру дӯстҳо, ҳамсояҳо даромада, китоби хостаашонро интихоб мекунанд. Ман номашонро дар дафтар ёддошт мекунам. Ҳозир аз пайи кушодани китобхонаи шахсӣ мебошам.
– Китобхонаатонро тамошо кунам?
– Марҳамат.
ҳамроҳи соҳиби хона ба китобхона даромадам. Ҷевонҳо аз китобҳои рангоранг пур буд. Дар байни онҳо китобҳои куҳнанашр низ кам набуд. Китобҳои адибони классику муосир ба тартиб гузошта шудаанду ҳама тозаю озода.
– Ҳамаи дороии ман, сарвату давлати ман ҳамин аст, – гуфт соҳибхона бо табассум. Барои фарзанду набераҳоям аз ман зебу зинат, хонаҳои боҳашамат нею ҳамин мерос мемонад.
Аҳли оилаи мо низ зиёӣ буданд. Кӯдакии ман дар замонҳое, ки китоб хеле ноёб ва қадраш бисёр баланд буд, гузаштааст. Дар хонаамон дар тоқча, ки даруни девор канда андова карда шуда буд, якчанд китоб доштем: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, девонҳои Бедил, Ҳофиз, Мавлавӣ, Навоӣ, Бобур, Машраб…
Бародарам Субҳон ҳамеша китобе рӯйи даст дошт. Ман дар паҳлуи бародарам истода, то ними шаб (гоҳ дар шуълаи чароғи керосинӣ, гоҳ дар равшании моҳ) китоб мутолиа мекардам. Бародарам шеър мехонд, ман бо шавқ гӯш мекардам, ба бародарам ҳавасам меомад. Ҳоло он шабҳоро ба ёд орам, дилам аз ҳиссиёти ширин лабрез мешавад.
Солҳо гузаштанд. Бародарам Субҳонро, ки вақтҳои охир аз дарди меъда шикоят мекарду ба касалии табобатнашаванда дучор шуда буд, дар беморхонаи Қарияи Боло хобондем. Ӯ аз маргаш як ҳафта пештар ба ман рӯ оварду табассумкунон гуфт:
– Романи «Рӯзҳои гузашта»-ро биёр. Такроран хондан мехоҳам.
Аҷиб, бародари 63-солаам, ки дар беморхона бо марг даст ба гиребон буд, китоби бадеиро ҳамеша пеши назар дошт.
Имрӯз, ки технологияҳои иттилоотӣ пайваста рушд меёбанд, таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиа коҳиш ёфтааст. Ҷаҳонишавӣ ва равияҳои гуногун ба арзишҳои миллӣ таъсири муайян мерасонанд. Бо ин ҳама, нуктае бебаҳс аст, ки барои камолоти инсоният китоб аз ҳама муҳим аст. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ вобаста ба рушди китобхонӣ, чоп ва паҳн намудани маҳсулоти чопӣ, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маданияти китобхонӣ, тарғибу ташвиқи китоб як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ қабул гардиданд. Хусусан, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ин самт ҳодисаи муҳим ва пураҳаммият аст. Озмун барои ба китоб рӯ овардани наврасону ҷавонон, баланд бардоштани қобилияти китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, шинос шудан ба асарҳои нодири адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, дарёфт намудани эҷодкорони ҷавон нақши муҳим мебозад.
Ба фикрам, муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба китобро дар оилаҳо равнақ бояд бахшид. Китобхонии оилавӣ ба мафкураи фарзандон таъсири муфиду пурсамар мегузорад.
Халқи тоҷик аз азал китобхон буд. Дар оилаҳои тоҷик эътибор ба китоб дар сатҳи баланд қарор дошту дорад. Ин хазинаи бебаҳоро ҳифз кардан ва китобхонӣ аз анъанаҳои қадим ба шумор мерафт. Китобхонӣ дар муҳити оила ривоҷ ёфта буд. Дар маъракаю ҷашну суҳбатҳо қиссагӯйию китобхонӣ мекарданд. Бобою бибиҳо ба набераҳояшон афсонаҳо мегуфтанд.
Тавре ки бобою бобокалонамон «тарбия аз гаҳвора оғоз меёбад»-мегӯянд, китобхонӣ низ аз оила сар мешавад. Барои ҳамин, китобхонаи оилавӣ яке аз сарватҳои азалии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Кӯдаке, ки дар муҳити китобдорию китобхонӣ рушд меёбад, ба арзишҳои маънавӣ арҷ мегузорад, китобхон мешавад.
«Ҳар як хонадон бояд ба китоб арҷ гузорад, соҳибкитоб бошад»-ин даъвати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вобаста ба ин даъвати хеш Сарвари кишвар ба ҳар як хонадони тоҷик китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Фирдавсиро туҳфа карданд. Ҳадаф аз ташаббусу ибтикори ватандӯстонаи Пешвои миллат низ ҳар чи бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҳамагон ба китобхонист, зеро ҷомеа ҳар қадар китобхон бошад, ба китоб арҷ гузорад, ояндааш ҳамон қадар нурониву рушдёфта хоҳад буд.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон













