Ҳар гоҳ сухан аз боби ростӣ, меҳнатдӯстию садоқат, инсондӯстию самимият равад, пеши назари ман симои гарму нуронии падари омӯзгорам ҷилвагар мешавад.
Ӯ омӯзгор буд, бале, ба маънои томаш омӯзгор.
Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ тавонист дар марзи маърифат донаҳои некию мурувват, одамгарию муҳаббат кишта, дар дилу дидаҳо ҷовидон маъво гирад.
Бо яке аз шогирдони падар ҳамсуҳбат гаштам. Ӯ бо самимият ва ифтихор дар бораи устодаш ҳарф мезад. Дарёфтам, ки маҳз бо дастгирӣ ва сахтгириҳои устоди донишмандаш имрӯз ӯ аз беҳтарин омӯзгорон шинохта шудаасту сазовори обрӯю эҳтиром гардидааст.
Ҳамин суҳбат бо омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Айнӣ маро водор кард, ки саҳифаҳои хотироти рӯзгорамро варақгардон карда, ёде аз падари шодравонам, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Саидҷон Ҳоҷибоев намоям.
Ӯ зодаи деҳаи Рӯмон, писари деҳқон буд. Вай соли 1959 пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров) фаъолияташро дар донишгоҳ идома дод. Падарам устоди касби хеш буд ва аз фанни кимиё ба шогирдон дарс мегуфт. Тӯли фаъолияти 40-солааш тавонист садҳо шогирдро чун омӯзгори ҳақиқӣ ва мутахассиси ба касби хеш содиқ тарбия карда, ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамун созад. Мақолаҳои зиёди илмӣ ва методиаш дар маҷаллаву ҳафтаномаҳои ҷумҳуривию вилоятӣ ба нашр мерасиданд.
Муносибати ӯро нисбат ба модари азизаш ва бародараш – Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ намунаи беҳтарини муҳаббат, эҳтиром ва самимият нисбат ба модару бародар медонам.
Ману панҷ додаракамро ҳамеша ба меҳнатдӯстӣ, ва роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамуд.
Ба тарбияи фарзандон дар оила хеле сахтгир ва серталаб буд. Як дарси ибрати ӯ ҳеҷ аз лавҳи хотир намеравад. Ҳангоме, ки мо-фарзандон мактаби миёнаро хатм менамудем, ба мо соати дастӣ ҳадя карда гуфт, ки нағз хонеду ба қадри ҳар лаҳзаи умри хеш бирасед. Он вақт бо шодӣ туҳфаи падарро қабул намудему дертар ба маънои он туҳфаю суханон сарфаҳм рафтем. Дарёфтем, ки ба қадри вақт бояд расид ва онро самаранок истифода бурд…
Дар интихоби касб бо пайроҳаи падар рафта, омӯзгор шудам. Агар падарро асрори қонунияти табиат ба худ кашида бошад, маро сеҳри сухани ноби тоҷикӣ мафтун кард. Рӯзи нахустини оғози фаъолияти омӯзгориам ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Падар ба таври ҷиддӣ таъкид намуд: «Донишгоҳро аъло хатм кардан ҳаргиз маънои омӯзгори пешқадам шуданро надорад, бояд ҳар рӯз бо омодагии пухта дарс гӯӣ. Агар тайёр набошӣ, беҳтараш, ба дарс надаро! Ҳар супорише, ки аз шогирдон медиҳӣ, бояд, пеш аз ҳама, онро худат хуб донӣ, ба иззати нафси хонанда нарас, сухани хонандаро вақти ҷавоб гуфтанаш набур, хушмуомила, ростгӯю ҳақгӯ бош, ситеза, таънаю маломат накун. Масъулиятшинос бош, ки мардум фарзандашро бовар карда, ба мактаб мефиристад. Бигзор, аз рӯйи донишу маҳорати шогирдонат туро шиносанд».
Панди падар ва масъулияти духтари омӯзгор будан маро дар ҷомеа сарбаланд гардонд.
Мавлуда Ҳоҷибоева,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон













