Омӯзгор – роҳнамо ва ҳидоятгари насли наврас дар ҷомеа мебошад. Ӯ талош меварзад, то шогирди босаводу бомаърифат тарбия намуда, барои ояндаи давлату миллати худ хидмати шоистае намояд. Ҳар шахс омӯзгор буда наметавонад, барои омӯзгор будан иродаи тавоно, дили бекина, виҷдони пок бояд дошт, то ба хатоие роҳ надиҳӣ.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Шогирде, ки таълиму тарбияи хуб дорад, фахри омӯзгор аст. Омӯзгор аз дониши хуби шогирди худ болидаруҳ шуда, мефахрад».
Омӯзгор будан кори саҳл нест. Омӯзгорон роҳнамову роҳкушои насли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари ормонҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиянд. Маҳз омӯзгорон аз дастовардҳои ҳар як шогирди хеш, ки парчамбардори давлату миллат мегарданд, хушҳолу болидаруҳ мешаванд, ки заҳматҳои кашидаи ӯ дар ин ҷода барҳадар нарафтааст.
Ҳикоят мекунанд:
Шахсе, ки дар бистари марг мехобид, аз фарзандонаш илтимос кард:
– Фарзандонам! Намехоҳам, ки дар рӯзҳои охири умрам луқмаи шубҳанок аз гулуям гузарад. Таоме биёред, ки дар рӯзи охирини умрам аз он таоми ҳалол бихӯраму ҷон супорам.
Фарзандон ҳайрон шуданд, ки чӣ бояд кард ва назди шайх барои маслиҳат рафтанд ва орзуи падарро баён карданд.
Шайх пурсид:
– Оё дар ҳамсоягии шумо омӯзгори мактаб зиндагӣ мекунад?
Онҳо гуфтанд:
– Ҳа, албатта, зиндагӣ мекунад.
Шайх гуфт:
– Пас аз хонаи ҳамон омӯзгор таом талаб карда биёред ва ба падаратон бихӯронед.
Дар ҳақиқат, шайх беҳуда нагуфтааст,ки аз хонаи омӯзгор таом биёред, зеро ҳалолтар аз нони омӯзгор ноне нест.
Аз омӯзгор буданам фахр мекунам, сидқан касби худро дӯст медорам ва кӯшиш менамоям, ки бо тамоми ҳастиям дар хидмати халқу Ватани азизи худ бошам.
Б. Ҳомидова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Сино













