Истиқлоли миллии тоҷикон, ки дастоварди беназири таърихӣ ба шумор меравад, барои мардуми кишвари мо дар заминаи ривоҷи барномаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ саодатҳои афзуне тақдим намуд, ки дар заминаи он роҳе равшану пайдо ба сӯйи комгориҳои бешумор ҳосил гардид. Бешак, таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути қудратбахшӣ бар истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ҷараён пайдо намуд, ки он дар барномаҳои бузургу созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.
Ин барномаҳо, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими рукнҳои истиқлоли миллӣ аз сар гирифта мешаванд. Ҷилваи нусрат ва шукӯҳи ин иқдомот ва ибтикороти созандагиро ҳамеша мо дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба мушоҳида мегирему аз ҳосили ташаббусҳои зиндагисоз ва нусратёр мефахрему меболем. Дар ҷараёни ин ҳузури мунаввар ва пурбаракоти Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар шукӯҳи созандагиҳо, ки ҳамагӣ зеббахши зиндагонии мардуми Тоҷикистони азиз гардидаанд, таҷаммули хоссаеро ба намоиш мегузоранд .
Дар саросари кишвар ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола садҳо иншооти муҳим, боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли инҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Шукӯҳи муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, устод Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Деваштич дар ноҳияи Деваштич, Нақибхон Туғрал ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар дар ноҳияи Айнӣ, Садриддин Айнӣ дар боғҳои ба номи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Бӯстон, дар баробари қоматафрозии Нишону Парчам дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, воқеан, рамзе бар таҳкими худшиносии миллии мардум, хосса, ҷавонон гардид. Тайи чанд соли охир шоҳиди он ҳастем, ки чунин муҷассамаҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ва адабиёти миллии мо дар ҷумҳурӣ баробар ба Парчаму Нишон арзи ҳастӣ намуда, майдону боғҳои бунёдгардида ба макони истироҳат ва сайргоҳи мардум, хосса баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои гуногуни маърифат мегарданд. Мусаллам аст, ки ин ташаббусҳо ва тадбирҳо дар баробари таъмини шукӯҳу зебоии марказҳои шаҳру навоҳии вилоят, рамзи тарбияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа аст, зеро дар шукӯҳу шаҳомати ҳастии ин Нишону Парчаму пайкараҳои бузургони мо ҳазорон достони ибрат ва маърифатӣ ниҳон аст. Дар навбати аввал, ин шукӯҳу нусратҳои маънавӣ барои таҳкими истиқлоли маънавии мардум, ки яке аз рукнҳои барҷастаи истиқлоли давлатӣ эътироф гардидаанд, омили ибратомӯз маҳсуб меёбанд.
Дар ҳар суҳбату мулоқоти хеш Пешвои миллат аз зарурати таҳкими истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадру манзалати ин дастоварди беназири таърихӣ, тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ дар кишвар сухан мекунанд ва бо таваҷҷуҳ бар ин матолиб, мардумро бори дигар ба сабақбардорӣ аз воқеаҳои солҳои навадум ва расидан ба қадри сулҳу ваҳдат даъват менамоянд. Соли 2020 дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба зарурати шинохти шеър ва андешаи Камоли Хуҷандӣ ба унвони сарчашмаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии башарият таъкид намуданд. Давоми ду соли охир маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар қароргоҳи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО 815-солагии Мавлонои Балхӣ ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ҳамакнун вазифаи ҳар яки мо-аҳли илму маориф аст, ки бар пояи ин раҳнамоиҳо ба ашъори на танҳо Камоли Хуҷандӣ, Мавлонои Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, балки тамоми адибони гузаштаамон аз ин равзанаи шинохт ворид шавем ва ғояҳои бузурги ниёконро барои насли имрӯз чун василаи беҳтарини тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, хосса, ҳифзи арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдат, озодӣ, муҳаббат ба Ватан истифода намоем.
Давоми чанд соли охир баргузории ҷашну идҳое, ки зимнан, ба табиат рабт мегиранд, аз ҷумла, баргузории идҳои харбуза, зардолу, асал бори дигар аз он паём мерасонад, ки тавассути ин тадбирҳои наҷиби Пешвои миллат муҳимтарин расму оинҳои суннатии моро, ки сарчашма дар Наврӯзу Садаву Меҳргон ва Тиргон доранд, эҳё мешаванд. Ба таъбири дигар, ин тадбирҳо барои таҳкими истиқлоли маънавӣ ва саодати руҳии халқи Тоҷикистон таъсири матлуб хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат зимни эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, тадбирҳои созанда ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мо, дар ин росто, таъмини баробарии рушди тамоми гӯшаву канори кишвар, яъне, пешрафти якҷояи шаҳру деҳот ба шумор меравад. Воқеан, имрӯз вақте ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба деҳоти мухталифи Тоҷикистон сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳо, муассисаҳои маърифатии нав, бемористонҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои замон, марказҳои хидматрасонии сатҳи баланд сохта, ба истифода дода мешаванд. Имрӯз дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар сокинон метавонанд аз тамоми технологияҳои иттилоотӣ ва дастгоҳҳи муосири тиббӣ истифода намоянд. Тарҳи бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар деҳот низ ба нишонаҳои меъмории шаҳриву шарқӣ наздик мешавад. Барҳақ, эҷоди иқдомоти созанда ва ибтикороти Пешвои миллат тавассути эълони барномаҳои хоссаи рушди деҳот ва корномаҳои созандаву бунёдкорона, хосатан, таҳкими истиқлоли энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва саноатикунонии Тоҷикистон бар он боис шуда истодааст, ки дар заминаи амалии барномаҳои бузург, яъне, бо бунёди коргоҳҳои азим, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ фарқ миёни шаҳру деҳот аз миён равад.
Самараи корномаҳои созандаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардум аз ин сиёсати фардосоз бозгӯи он аст, ки ҳар лаҳза тарҳу симои тамоми манотиқи Тоҷикистон, хосса, навоҳии деҳоти кишвар дигаргун мешаванд. Бовар дорем, ки дар дарозои имсолу солҳои оянда ва фардову фардоҳои дигар мо ҳамеша шоҳиди чунин ибтикороти созандаи зиндагӣ гардида, Тоҷикистони азизро ҳамеша шукуфону сабзпӯшу гулрез ва ҳар пораи хоки муқаддаси онро зархез дида, дар ҳар ваҷаб замини он самараи созандагиро мушоҳида мекунем. Ҳоло ки ҳосили садоқат ба қавлу қасами Пешвои миллат, инчунин, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби таҳкими истиқлоли миллӣ, таъмини зиндагонии шоистаи мардум самари матлуб ба бор овардаанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор













