Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни асосии муқаддасоти миллӣ пазируфт (моддаи 3) ва онро дар боби аввал «Асосҳои сохтори конститутсионии кишвар» ҷой дод. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2007 қабул гардид, ки моҳият ва истифодаи расмии Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян кард. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгариро барои таҳқири Парчам (моддаи 11) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуд, ки ҳуқуқи тасдиқи Парчами давлатиро ба зиммаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби тайёр кардан, андоза ва истифодаи Парчамро ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур буда, баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва Ватану миллат дар як саф қарор доштани фарзандони баору номуси кишварро ифода месозад.
29-уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Баъдан, 3-юми ноябри ҳамон сол бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парламенти кишвар пешниҳод карданд, ки тавассути ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар санаи алоҳида таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин иқдоми наҷибу нек насли наврасу ҷавонро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат, ифодагари муҳимтарин ғояҳои сиёсӣ, мақсаду маром, воситаи тарғибу ташвиқи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд. Бинобар ин, ҳамасола 24 ноябр дар кишвар чун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт, ки дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид ва мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд. Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр, паҳноии он 30 метр ва бо дарозии 60 метр афрохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гиннес шомил гардид.
Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияи кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои Парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф, ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз ҷониби дигар, дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши бориз мегузорад.
Шаҳноза Нуракова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ