Ҷаласаи мавсими ҳафтуми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 13-уми ноябр баргузор шуд. Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ суханронӣ ва асосан афкори интиқодӣ баён кард. Суолҳо мегузошт ва посухҳо меҷуст: аз натиҷаҳои шаш соли пешин дар маҷмуъ, ёд кард, ононе, ки дар номинаҳо пирӯз шуданд, кадомашон рисола навиштанд, куҷоҳо рафтанд, киҳо олим шуданду киҳо суханварони ҳирфаӣ. Дар умум, чӣ навовариҳо аз ҷониби онҳо шуд, ҳоло онҳо дар куҷоянд ва ба чӣ корҳое машғул?
Дар мақолаҳои ҷамъбастии банда (аз соли 2020 то 2023) ҳамин андеша сайр мекард ва пешниҳодҳое ҳам буд, ки аз натиҷаҳои озмун бояд хеле жарф андеша кард.
Масалан, яке аз пешниҳодҳо ҳамин буд, ки ё дар таркиби Вазорати маориф ва илм ё дар ҳайати Маркази тадқиқоти стратегӣ сохторе бошад, ки бо натиҷаҳои озмун фаъолият кунад, дар он сохтор на фақат адабшиносон, балки равоншиносону файласуфон, онҳое, ки ба пажуҳиши масъалаҳои стратегии рушди кишвар машғуланд, бошанд. Таҳқиқи амиқ кунанд, ҳамин озмуне, ки миллионҳо сомонӣ харҷ дорад, чӣ натиҷаҳои ниҳоӣ додааст.
Агар ба афзоиши сафи китобхонҳо мусоидат кардааст, пас фоизаш чанд аст, агар ба кашфи истеъдодҳо овардааст, пас онҳо дар кадом сохторҳо фаъолият мекунанд ва чӣ шароите барои рушди минбаъдаи шахсияти онҳо фароҳам шудааст? Дар маҷмуъ, ин озмун ба беҳтар шудани фазои маънавии мардуми кишвар сабаб шуд, ё не?
Дар маҷмуъ, баҳсу баррасии масъалаҳои ташкилии озмун дар ҷаласа ба банда хеле писанд омад, зеро сухан аз мушкилоти озмун, аз чӣ навъ беҳ сохтани тартибу натиҷаҳои он мерафт.
Рӯзи якум
14-уми ноябр озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» (даври ниҳоияш) расман ифтитоҳ шуд. Маротибаи дигар дар суханронии раиси комиссиюни ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ масъалаи шаффофияти озмун бо ҷиддияти том таъкид шуд.
Ҳар шикояте мешавад, бояд сари вақт, бо эҳсоси баланди масъулияти аъзои ин ҳайатҳо баррасӣ шаванд. Хулосаи каломи муаллима ҳамин буд, ки ҳама масъалаҳои марбут ба озмун дар чаҳорчӯби ҳамин озмун, ки то 1-уми декабр идома меёбад, матраҳ ва ҳал шаванд ва касони норозӣ дигар набошанд.
Ҳамин тавр, озмун оғоз шуд. Дар номинаи мо то зуҳр ду кас (аз гурӯҳи аввал, яъне, хонандаҳои синфҳои (1-4, аз ВМКБ, яке аз Шуғнону дигаре аз Хоруғ) пурсида шуданд, баъди зуҳр то бегоҳ шаш хонандаи дигар (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар, Ҳисор, Исфара ва Ёвон). Ҳоло намешавад гӯем, ки киҳо чӣ гуна донишу фазли худро нишон доданд. Чун озмун идома дорад, аммо дар умум, баъзе бардоштҳоро гуфтан мумкин.
Аз ин довталабони хурдсол ду кас моро хеле хушҳол кард. Мо гуфта, банда худамро дар назар дорам, чун дар ҳайати мо панҷ довар ҳаст ва ҳар касе дар баёни афкору мавқеи худ мухтор аст. Ҳар довар дафтари бардошти худро дорад ва дар баҳогузорӣ озод аст.
Дониши хуб, тарзи баёни хуб, дафтарҳои нисбатан бехато, ҷуғрофиёи мутолиа. Боз чанд сифати дигар, ки баъдан, дар анҷоми озмун хоҳам гуфт, писандам омад аз ин ду нафар.
Дар умум, чӣ нақсу иллатҳо буд? Дафтарҳои пурғалати баъзе довталабон, ба хурдсолон нафаҳмонидани одитарин масъала, ки ин номина адабиёти ҷаҳон унвон дорад ва дар низомнома як идда адибоне оварда шудаанд, ки махсус барои намояндагони ҳамин синну сол эҷод кардаанд ва мекунанд.
Ин айби довталабон нест, албатта. Кӯдаки синфи 1-4 аз куҷо медонад, ки дафтари осори мутолиашударо чӣ гуна мураттаб кардан лозим. Эҷодиёти кадом адибонро ва аз кадом кишварҳо хондан даркор. Ё фарқи миёни қиссаву масалу роман дар чист. Инҳо ба маънои томаш дастнигари муаллиму муаллимаҳо ва раҳнамоҳо ҳастанд, ба кумаки онҳо ҷиддан ниёз доранд.
Далели аҷиб. Дар баста ё дафтари довталабе ному фомили чаҳор касро дидам ва дар дафтари худам ҳам рӯбардор кардам, ки ба эҳтимоли зиёд, на шоиранд ва на нависанда, офаридаи онҳо на шеър аст, на чизи дигаре. Тахмин задам, ки шояд ин чаҳор кас «эҷодкорон»-и ҳамон маҳалле бошанд, ки довталаб аз ҳамон ҷост ва ба ҳамин восита ба таърих даромадан хостаанд. Инсоф, «шоир»-и як кӯча, ё як барзану гузареро дар радифи бузургтарин адибони дунё гузоштан ба чӣ ҳадаф бошад?
Ними шеърро азёд кардан ё қитъае аз қиссаро хондан, танҳо бо хондани мазмуни мухтасари ин ё он асари бадеӣ қаноат ҳосил кардан ду сол аст, ки ривоҷ дорад. Чаро ин кор ривоҷ дорад? Чунки ақидае паҳн шуда, ки доварон вақти кам доранд ва баъди аз ёд хондани чаҳор ё шаш мисраъ мегӯянд, ки кофист. Ин суханро роҳбаладон ё муаллимҳо мегӯянд, вагарна ақли хонандаи синфи 1-4 ба чунин андеша намерасад.
Мушкили дигар – бар зарари ҳувияти миллӣ аз ҳад беш ба забонҳои хориҷӣ «дил бастан»-и кӯдакон аст. Чӣ метавон гуфт, ки довталаб даҳҳо шеър ба забонҳои хориҷӣ донаду ҳадди ақал як асар, як ҳикоя, як шеър ба забони модарии худ гуфта натавонад…
Рӯзи дуюм
Як хонандаи синфи чорум ҳангоми пурсупос хулосаи аҷибе гуфт аз ҳикояи «Дар талоши ҳаёт»-и Ҷек Лондон. «Билро ҳирси беандозааш ба тилову сарват кушт: рафиқашро, ки пояш захмин шуда буду ба кумак эҳтиёҷ дошт, партофт ва оқибат мурд. Он рафиқаш баъдан боқимондаи ҷасади Билро дида, халтачаи тилои паҳлуяшро нагирифт. Хулоса кард, ки дар ин тундраи ваҳшӣ аз тило дида, як пора нон барои ҳаёт муҳимтар аст. Муҳим зинда мондан аст…».
Воқеан, ин асари Ҷек Лондон моҳияти талош барои ҳаётро ошкор мекунад: ҳам неруи бузурги инсонӣ ва ҳам руҳи бешикасти одам дар лаҳзаҳои мушкилтарин ба кор меоянд, инсон дар имтиҳонҳои сахти зиндагӣ инсонияти хешро ошкор мекунад…
Барои парвариши ҷисму тан чандон чизи зиёд лозим нест, обу ғизо кофист, аммо барои парвариши руҳи одамӣ хондани як китобхона китоб ҳам кам аст.
Адабиёт аст, ки як кӯдаки то кунун ягон душвории ҳаёт надидаро барои дидани он душвориҳо омода мекунад, аз садҳо зиндагии дар осори адабӣ таҷрибашуда хулоса карданро меомӯзад…
Инак ду рӯз аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мо бо ҳамин гирудорҳои фикрӣ сару коре дорем: гоҳе аз каломи дурусту пурмаънои кӯдакони синфҳои яку чор ба ваҷд меоем, гоҳе меандешем, ки чаро кӯдакон бо он фаҳму дарки ба синнашон мувофиқ ба хондани осоре даст задаанд, ки барои бузургсолон мувофиқ аст.
Аммо боз фикр мекунем, ки мушкил дар ин кӯдакони маъсум нест, мушкил дар муаллимону масъулини бузургсол аст, ки гоҳе ба фарқи рангҳои сафеду сурх сарфаҳм намераванд.
Рӯзи аввал ду кас ва дина шоҳиди дониши бисёр хуби ду-се нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи синнусолӣ шудем.
Духтараке навишта, ки беш аз 800 байт шеър ҳифз кардааст, аз ҳар ҷо, ки интихобан пурсидам, мегӯяду мегӯяд. Албатта, ин хулосаҳои банда ба беҳтаринҳо дахл дорад, ба беҳтарини беҳтаринҳо, ки дар ҳамин ду рӯз дучор шудем.
15-уми ноябр дар номинаи мо 8 хонанда пурсида шуданд, 4 кас то ними рӯз, 4 каси дигар то бегоҳ: намояндагони шаҳру навоҳии Шаҳринав, Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода.
Хубиҳоро гуфтам, акнун навбати нақсу иллатҳо. Писаре (синфи 4) шеъри ошиқона хонд, пур аз сӯзу гудози фироқу ҳиҷрон. Вожаҳое дошт, аз қабили оғӯшу канору дарди дурӣ. Магар душвор буд, ки шеърҳои кӯдаконаи ба синнаш мувофиқ биёбаду азёд кунад? Гумонам, хуши омӯзгораш наомад, ки андаке ҷустуҷӯ кунаду дарёбад.
«Артистизм»-и сунъӣ, аз ҳад беш кашол додани мисраъҳо, аз ҳад зиёд зоҳир кардани ҳиссиёту эмотсияҳо. Хондани шеър ҳунар аст, бояд эътидол дар зуҳури эҳсос риоят шавад.
Дигар, кӯдакон ончунон ба забонҳои хориҷӣ мафтун шудаанд, ки қариб забони модариашонро гум кардаанд! Омӯзгорону шуъбаҳои маориф-ку ба хайр, аммо наход волидонро ин андеша такон надиҳад, ки аввалин нишонаи таназзули ҳувияти миллӣ фаромӯш кардани забони модариву миллист? Дигар шарҳ намедиҳам, ҳамин суол кофист, ки посух ҷуста шавад.
Рӯзи сеюм
Дар мавриди озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳар гуна назару пиндорҳои зиддунақиз зиёд гуфта мешавад: ҳар касе аз равзанаи фаҳму дониш ва таҷрибаи худаш ба ин падидаи иҷтимоӣ баҳо медиҳад. Масалан, назари худи ман ҳам, ки раиси ҳайати доварони номинаи «Адабиёти ҷаҳон» ҳастам ва ҳафт сол боз дар ин зина, яъне, сатҳи ниҳоии озмун ширкат мекунам, ҳамасола тағйир меёбад.
Имсол ба хулосае омадам, ки дар ҳайати доварон ҳатман бояд як равоншиноси кӯдакон (барои хонандаҳои синфҳои 1-4) бошад. Дар Вазорати маориф ва илм ҳам сохторе бошад, ки мунтазам ба омӯзиши ҳамасолаи раванди озмун машғул бошад.
Равоншиносон бо маслиҳати адабиётшиносон муқаррар кунанд, ки табиати кӯдакони ҳамин синну сол барои дарки чӣ навъи адабиёти бадеӣ мувофиқтар аст: донишмандони адабиёт осори бадеиро таҳлил кунанд, мазмуну муҳтавояшро ба равоншиносон фаҳмонанд ва онҳо якҷо хулоса кунанд, ки тавсияи чӣ чизҳое (манзур — осори бадеӣ) барои ин синну сол дуруст хоҳад буд.
Ҳоло мефаҳмонам, ки чаро ба ин хулоса омадам. Хонандаи синфи чорум «Гурбаи сиёҳ» ном ҳикояи нависандаи машҳури амрикоӣ Эдгар Аллан Поро хондааст ва ба суолҳои яке аз доварони ҳайати мо кӯшиши посух гуфтан мекунад. Ин ҳикоя, агарчи овозадор аст, аммо барои ин синну сол комилан мувофиқ нест. Бовар дорам, ки муаллими раҳнамояш ин асарро нахондааст, агар мехонд, ҳеҷ гоҳ ба шогирдаш тавсия намедод. Агар мехонд, аз эҳсоси тарсу ваҳму пиндорҳои нохуш ду-се шаб хобаш намебурд, зеро ин ҳикоя дар жанр ё навъи «хоррор» (аз инглисӣ ба маънои «даҳшат») аст ва эмотсияҳои шадиди тарсу ҳаяҷону нафратро тавассути василаҳои гуногуни бадеӣ ба вуҷуд меорад. Кӯдаки синфи яку чор қудрати фаҳми ин тағйироти равониро надорад ва хонданаш ҳам лозим нест.
Аммо барои бузургсолон муфид аст: инсон ҳадди ақал мефаҳмад, ки гуноҳи содиршуда ҳамеша домангири одам мешавад, агар дар шакли азияти виҷдон ҳам набошад, дар ягон навъи дигар то он даме одамро думболагирӣ хоҳад кард, ки подош ё сазои он дарёфт нашавад. Яъне, гуноҳ шуста нашавад.
Баъзе асарҳое ҳастанд, ки вижагии духӯра ё дуқишра доранд, масалан, «Саёҳати Гулливер»-и Ҷонатан Свифт, адиби номвари англис. Мактабшиносон бо кумаки донишмандони адабиёт шакли мухтасар ва барои синни то 12 мувофиқашро (дар кишварҳои дигар, албатта, дар Тоҷикистон чунин таҷриба нест) нашр мекунанд, асосан, қисмати аввали ин асарро (боби якумашро, ки «Лилипутия» унвон дорад).
Аммо барои бузургсолон ниҳоят муфид аст: барои онҳое, ки синни булуғро убур кардаанд, ин асар афсонаи кӯдакона нест, балки сатираи тезутунди сиёсиву иҷтимоист, дар ин ҷо ҳама чиз танқид мешавад, ҳам сиёсат, ҳам илм, ҳам табиати одамӣ. «Робинзон Крузо» ҳам фалсафаи амиқи шинохти олами ашёро дорад, агар бо ҷиддияти том ва назари густарда ба атроф мутолиа шавад.
Боз якчанд мисоли дигар оварданам мумкин, аз он ки кӯдаконро нодуруст ба олами адабиёт раҳнамоӣ мекунанд. Маълум, ки дар мактабҳо ва гимназияву литсейҳо таълими адабиёт дуруст роҳандозӣ нашудааст ва муаллимони ин фан худашон ниҳоят кам ба мутолиа машғуланд. Дар мактабҳои олӣ ҳам ҳамин вазъият аст, ин дард ё мушкили умумист.
Як назари умумӣ ба низомномаи озмун ва рӯйхати адибони ҷаҳон кофист, ки масъала роҳи ҳал пайдо кунад. Дар рӯйхат ному насаб ва ватани 122 нависанда ва шоир аз тамоми кишварҳои олам оварда шудааст, ки махсус барои кӯдакон асарҳо офаридаанд. Ин ҷо адибоне ҳастанд, ки ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои бузургсолон асар таълиф кардаанд.
Акнун андаке заҳмати муаллиму раҳнамо лозим аст, ки ба қавле, «мӯйро аз хамир» ҷудо кунад: асарҳоеро барои шогирдаш тавсия кунад, ки хоси калонсолон набошад. Фикр мекунам, ки ба ин масъала фарохтар назар бояд кард.
Сохтани рӯйхати ягонаи асарҳо дар низомнома бар зарари кор мешавад, зеро ҳама китобҳои якхела хоҳанд хонд ва якрангӣ шукӯҳу азамати озмунро аз байн мебарад. Баъдан озодии интихоби асарҳо ва тамоилоти завқии кӯдакон зери суол бурда мешавад.
Пас ягона роҳ – назорати устодону муаллимон аст, назорат дар масъалаи он ки кӯдакон осори бадеии кӯдакона хонанд. Истисно ҳамонҳое ҳастанд, ки истеъдоди фавқулодаи фаҳму дарки адабиёти бадеиро доранд. Ба фарзи мисол, соли гузашта як духтар – хонандаи синфи чорум дар номинаи мо, яъне, адабиёти ҷаҳон соҳиби «Шоҳҷоиза» шуда буд. Ин хонанда ҳатто ба фарқи жанрҳои адабӣ сарфаҳм мерафт.
Акнун мегузарам ба шарҳи он ки дина, 16-уми ноябр дар номинаи мо чиҳо гузашт. 7 довталаб рӯйи саҳнаи озмун буданд ва табиист, ки фаҳму даркашон дар як сатҳ набуд.
Тарзи баёну гуфтор ва истеъдоди шарҳу тафсири асарҳо аз ҷониби довталабон фарқи ҷиддӣ дошт. Кӯшиши дар умум, баён кардани мазмуну муҳтаво буд, аммо лаҳзаҳо ё эпизодҳо камтар. Онҳое буданд, ки масалан, «Мошини сухангӯ»-и Азиз Несинро хонда бошанд ҳам, аммо намедонанд, ки ин чӣ гуна мошин аст. Баъзе довталабон камтар китоб хондаанд, аммо беҳтар аз дигарон фаҳмидаанд.
Дар бастаи баъзе довталабон шеър зиёд, аммо осори насрӣ қариб ки нест. Имсол зиёд мушоҳида кардем, ки довталабон ин ё он асари бадеиро пурра нахондаанд, бо баъзе порчаҳо қаноат кардаанд. Агар ин пораҳо ибратомӯз (ба маънои он ки идея дошта бошанд, на кандашуда аз як матни бузург) бошад, хуб, агар баръакс бошад, чӣ?
Хулоса, сатҳи фаҳмиши довталабон асосан миёна аст ва мушоҳидаи дирӯза ва умуман, серӯза ҳамин андешаро ба миён меорад, ки имсол рақобат бисёр ҷиддӣ хоҳад шуд: аз миёнаҳо хубтарашро интихоб кардан бисёр кори вазнин аст.
Ҳафиз РАҲМОН,
раиси ҳайати доварони номинаи «Адабиёти ҷаҳон»,
адабиётшинос, устоди ДМТ













