Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси истиқлолии давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси тоҷикон аст.
Парчами Тоҷикистон аз се рахи рангаи уфуқӣ – сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки дар миёнаи рахи сафед тоҷи тиллоӣ бо ҳафт ситораи панҷгӯша ҷойгир шудааст.
Дар рӯзҳои барои миллат сарнавиштсоз – 16 ноябр-2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки Тоҷикистон дар остонаи парокандагӣ қарор дошт, яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзнома қабули рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол – Нишон, Суруд ва Парчами давлатӣ буд.
24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ расман тасдиқ карда шуд. Ин лаҳзаи таърихие буд, ки халқи тоҷик пас аз ҳазор сол боз соҳиби Парчами миллии худ гардид. Қабули парчам дар он рӯзҳои сахт рамзи умед, ваҳдат ва оғози давраи нави давлатдории мустақил буд.
Баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатӣ ба маънои воқеии худ барқарор гардиданд.
30 августи соли 2011 дар Душанбе баландтарин парчами ҷаҳон бо баландии 165 метр ва дарозии матоъ 60×30 метр барафрохта шуд, ки он замон ба китоби Гиннес номи Тоҷикистонро сабт намуд. Дар маросими гузоштани санги асос Пешвои миллат аз Куруши Кабир ва Коваи оҳангар ёд карда, таъкид намуданд: «Онҳо рамзи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошанд».
Дар таърихи муосири давлатдории тоҷикон, барафрохтани Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр дар шаҳри Душанбе на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки нишонаи рақобати байналмилалӣ барои соҳиб шудан ба баландтарин сутунпояҳои парчам дар ҷаҳон мебошад. Ҳадафи аслӣ на фақат нишон додани қувваи инженерӣ, балки эҷоди рамзи озодӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар соли 2025, тибқи маълумоти тозаи байналмилалӣ (аз ҷумла, Китоби Гиннес ва гузоришҳои муҳандисии ҷаҳонӣ), баландтарин сутунпояи парчам дар Миср ҷойгир аст. Баландтарин сутунпояи парчам дар ҷаҳон – Cairo Flagpole дар шаҳри Навини Қоҳираи Миср мебошад, ки соли 2024 бунёд ёфтааст ва баландии он 201,952 метр (662 фут) аст. Ин сохтмон, ки бо харҷи зиёди давлатӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири муҳандисӣ (аз ҷумла, пӯшиши махсуси зидди шамол) барпо шудааст, рамзи эҳёи миллати Миср пас аз «баҳори арабӣ» мебошад. Парчами Миср, ки дар болои ин сутунпоя парафшон аст, аз дур дида мешавад ва ҳар рӯз ҳазорҳо сайёҳу шаҳрвандро ҷалб мекунад. Дар муқоиса бо Тоҷикистон, он 37 метр баландтар аст, аммо парчами Душанбе бо матои калонтар (60×30 метр) ва вазнин (беш аз 500 кг) фарқ мекунад, ки нишони устувории тоҷикон аст.
Dushanbe Pole – сутунпояи Парчами Тоҷикистон дар Майдони Парчами шаҳри Душанбе бо баландии 165 метр (541 фут) соли 2011 бунёд ёфта, то соли 2014 соҳиби рекорд буд. Он аз 560 тонна пӯлод сохта шуда, ва парчами калонтарин дар Осиёи Марказӣ (60 метр дарозӣ, 30 метр паҳнӣ, вазн 540 кг) дар болои он парафшон мешавад. Ин рамз на танҳо баландӣ, балки аҳаммияти таърихиро дорад.
Дар мактабҳо, литсейҳо ва донишгоҳҳо ҳар рӯзи душанбе маросими барафрохтани Парчами давлатӣ бо иҷрои Суруди миллӣ баргузор мегардад. Ин маросимҳо барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихор аз Ватан нақши муҳим доранд. Ҳазорон наврас бо дидани парчами парафшон дар дил ҳисси муҳаббат ба Тоҷикистонро парвариш мекунанд.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд: гаштугузорҳои идона ва паради ҳарбӣ дар майдонҳои марказӣ, барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф; озмунҳои «Беҳтарин шеър дар васфи Парчам», «Беҳтарин расм», «Беҳтарин иншо», аксияҳои «Парчами ман – ифтихори ман», барафрохтани парчамҳои нав дар мактабу муассисаҳо, дарсҳои кушоди «Парчам – рамзи истиқлол».
Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо матои ранга аст, балки рамзи муқаддаси озодӣ, ваҳдат ва арзишҳои миллист. Он моро водор мекунад, ки ҳамеша сари баланд дошта бошем, Ватанамонро дӯст дорем ва барои шукуфоии он кӯшиш намоем.
Бигзор, ҳамеша дар болотарин қуллаҳои Помир дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон Парчами давлатии мо парафшон бошад!
Ширин ҚУРБОНОВА,
раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, доктори илмҳои таърих













