Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ, давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърихӣ рафта мерасад. Дар заминаи ҷустуҷӯ ва ковишҳои бостоншиносон дар Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуда буданд,ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост омад. Дар он расми шер ва тулуи офтоб акс ёфта, яке аз қадимтарин ливо ҳисобида мешавад.
Дар таърих парчам рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидшавӣ ва мубориза истифода мешуд. Масалан, дар муборизаҳо ба даст даровардани ливо одатан шикаст додани рақиб ба ҳисоб мерафт. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, аввалин ливо аз матои пӯсти ҳайвонот, пашминадор, филизӣ ва ғайра сохта шудааст. Калимаи ливо, дирафш ё парчам дар адабиёти тоҷику форс корбурди фаровон дошта, таҷассумгари гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ниёкони хирадсолори мо маънии «парчам»-ро бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Парчам чун рамзи давлатдорӣ, истиқлол ва ифтихори миллист. Тибқи ривоятҳои гузаштагон ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нахустин парчамро Коваи оҳангар барои мубориза бар зидди истилогарон боло кардааст, ки ин парчам бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» маълум аст. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар дар вақти мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок ғолиб омада, пешбанди чармини худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал ғолиб шуданашро ба халқ нишон медиҳад. Дар ин асари арзишманд руҳи бешикасти аҷдодон, адолатпарварӣ ва эҳсоси қаҳрамононаи ҳимояти марзу бум таҷассум ёфтааст.
Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимаи миллӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои Парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст. Рӯйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар, ранги сабзи парчам рамзи саъйю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънидод мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили мардуми куҳанбунёдамон мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ақсои олам муаррифӣ мекунад.
Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарзанди бонангу номуси кишварамон ҷой дошта бошад, зеро он рамзи озодиву ифтихори миллат маҳсуб меёбад.
Мадина БЕКНАЗАРЗОДА,
ёвари ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони саҳаи маориф













