Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа месозанд, ки ин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ба рушди минбаъдаи тамоми самтҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ мебахшад.
Мо, ҳамагон, шоҳиди он шудем, ки Паёми навбатӣ (16.12.2025) барномаи мукаммали таҳлили дастоварди даҳ соли охир, яъне, натиҷаи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро фаро гирифта, рӯзномаи рушди Тоҷикистонро дар марҳалаи навин ба таври возеҳ инъикос менамояд.
Гузашта аз ин, он заминасози ҳувияти миллӣ, тараннумгари худшиносиву худогоҳӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши илму маърифат, масъалаҳои инноватсиониву навовариро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, соҳаи маориф ба таври амиқ баррасиву таҳлил мекунад.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаҳои маориф ва илмро самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳим эътироф намуда, баҳри пешрафти он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Ба ибораи дигар, дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар ин хусус барҳақ таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Дар робита бо ин суханони пурҳикмат, дар Паём бештар масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ва таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ баррасӣ гардид.
Сарвари давлат баҳри рушди мактабу маориф аз падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар паёмҳои қаблӣ низ возеҳ дарҷ гардида, омӯзгорону волидайн ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру маҳалҳо вазифадор шуда буданд.
Бо ҳамин далел ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда барои 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва бо ҳамин мақсад бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёди як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша дар маҳаллаҳо бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад.
Натиҷаи чунин ибтикороти пайвастаи Сарвари давлат аст, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2025 дар мамлакат 65 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 4 соли қаблӣ ба маротиб назаррас аст.
Тибқи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ҳамасола сохтмони 100 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки амалишавии он бомаром идома дорад.
Президенти мамлакат ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти кӯдакон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Вобаста ба ин, дар Паём иброз доштанд: «воқеан, кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалбшуда, аз нигоҳи заковат, дониш ва малакаи суханварӣ бартарӣ доранд. Бе дахолати мураббӣ кӯдакон дар раванди суҳбат аз қобилияту забондонии хеш, ҳозирҷавобиву маҳфилороии худ дарак медиҳанд. Бе ниҳоят доно ва зираканд».
Ҳамзамон, Сарвари давлат қайд карданд: «Ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омода кардани кадрҳои педагогӣ тамоми тадбирҳоро бояд роҳандозӣ намоем, то дар баробари омода кардани мутахассисони соҳаи томактабӣ, ҳамзамон, ихтисосҳои мураббия бо иловаи забонҳои хориҷӣ бештар гарданд ва бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати тақвият додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мусоидат намояд.
Маврид ба зикри хос аст, ки соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар муассисаҳои томактабӣ ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ «Барномаи таълими омӯзиши забони русӣ барои кӯдакони 5-7 (6)-сола» ва «Барномаи таълими омӯзиши забони англисӣ барои кӯакони 5-7 (6)-сола»-ро тасдиқ намуда, дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонид.
Дар ин росто, дар Паём ба масъулин дастур дода шуд, ки аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод созанд.
Сарвари давлат оид ба тарбияи наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба мактабу маориф қайд карданд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Дар иртибот ба масъалаи мазкур, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот омӯзиши мавзуи тарбияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз ҳуввияти миллӣ барномарезӣ мегардад. Бо мақсади аз давраи томактабӣ ташаккул додани эҳсоси худшиносӣ ва дарки баланди ифтихори миллӣ дар гурӯҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб дар машғулиятҳои хештаншиносӣ ва халқомӯзӣ тавассути корнамоии қаҳрамонони миллат, нақши Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кӯдакон омӯзонида шавад.
Роҳбари давлат бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026:
«– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад».
Мо – аҳли маорифи мамлакат аз ин таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла, ба зинаи таҳсилоти томактабӣ илҳому неруи тоза гирифта, барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои ироагардида ҳамвора талош менамоем.
Меҳрангез ҚОДИРЗОДА,
ассистенти кафедраи педагогика,
психология ва методикаи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ













