Маориф пояи асосии рушди давлат ва ҷомеа буда, омӯзгор неруи пешбари ин раванд маҳсуб меёбад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм, дониш ва тарбия ба омили асосии рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд, баланд бардоштани мақом ва нуфузи омӯзгор аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Омӯзгор меъмори ақлу маърифати инсон ва тарбиятгари насли ояндаи давлат мебошад».
Аз ин ҷост, ки пас аз баррасии ҳамаҷониба 17 декабри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷониби Сарвари давлат имзо гардид. Қабули ин қонун бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат нисбат ба рушди соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳо ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор мебошад. Ин иқдоми муҳим бори дигар нишон медиҳад, ки омӯзгор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, дастгирии ӯ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Қонун на танҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгорро мушаххас менамояд, балки муносибати ҷомеа ва мақомоти давлатиро нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Ояндаи давлат аз сатҳи донишу маърифати насли наврас вобаста аст ва ин масъулият, пеш аз ҳама, бар дӯши омӯзгор меафтад».
Дар қонун мафҳуми «мақоми омӯзгор» ҳамчун маҷмуи вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ муайян шудааст. Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, ҳама гуна амалҳои пастзанандаи қадру қимати ӯ қатъиян манъ мебошанд. Ин меъёр ба таҳкими нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, боло рафтани эҳтиром нисбат ба касби омӯзгорӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Қонун доираи васеи ҳуқуқҳои омӯзгорро пешбинӣ менамояд. Омӯзгор ҳуқуқ дорад, ки шакл ва усулҳои таълимро интихоб намояд, фаъолияти эҷодию инноватсиониро пеш барад, сатҳи дониш ва малакаи таълимгирандагонро мустақилона ва воқеъбинона баҳогузорӣ намояд, аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузарад ва аз ҳифзи иҷтимоӣ бархурдор бошад.
Дар баробари ин, уҳдадориҳои омӯзгор низ ба таври возеҳ муайян шудаанд. Омӯзгор вазифадор аст, ки қонунгузориро риоя намояд, сифати баланди таҳсилотро таъмин кунад, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба камол расонад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми қонун, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгор маҳсуб меёбад. Давлат ба омӯзгор фаъолияти озоди касбӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, муоинаи тиббӣ ва шароити мусоиди кориро кафолат медиҳад. Барои омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, имтиёзҳои иловагӣ, аз ҷумла, таъмини манзили истиқоматӣ ё ҷудо намудани қитъаи замин пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардида, барои натиҷаҳои баланди шогирдон дар олимпиадаҳо ва озмунҳо ҳавасманд карда мешаванд.
Қонун дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро яке аз принсипҳои асосӣ эътироф мекунад. Ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайрисоҳавӣ, санҷишу назорати беасос ва дахолати шахсони ғайримасъул ба раванди таълиму тарбия манъ карда мешавад. Ин меъёр омӯзгорро аз фишор ва монеаҳои маъмурӣ ҳифз намуда, барои тамаркуз ба вазифаи асосӣ – таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам меорад.
Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» санади муҳимми ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, ба таҳкими мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва рушди устувори соҳаи маориф равона гардидааст. Дар он мақоми ҳуқуқӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор ба таври возеҳ муайян шудаанд. Қабули ин қонун гувоҳи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии соҳаи маориф ва қадршиносии заҳмати омӯзгорон мебошад. Татбиқи самараноки меъёрҳои қонун ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия ва тарбияи насли соҳибмаърифат мусоидат менамояд.
Парвина ҲАФИЗОВА,
омӯзгор, и.в. директори МТМУ №128-и ноҳияи Фирдавсӣ













