Паёми худогоҳии миллӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) бо таҳлили вазъи иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра бори дигар ваҳдату якпорчагӣ, дӯстию рафоқат, муҳаббат ба Ватани азиз ва такя ба илму хирадро маҳаки асосии устувор мондани кишвар дар ҷаҳони имрӯз маънидод карданд. Метавон гуфт, ки таъкиди Пешвои миллат вобаста ба омӯзиши илму дониш ва касбомӯзӣ ҳушдори бузург ба миллати тоҷик буда, барои ояндаи ҳар як фард ва раҳоӣ аз буҳронҳои гуногуни фардӣ, миллӣ ва оилавӣ нақши бузурге мебозад.

Омили асосии пешрафти ҳар кишвар ба мутахассисони варзида, олимону кормандони соҳибкасбу донишманди риштаҳои гуногуни касбу ҳунар, пешрафти илму маориф марбут буда, бо дониш ва ҷаҳонбинии васеи илмию техникӣ метавон ба кашфиётҳои бузург замина гузошт.
Таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи касбу ҳунаромӯзии фарзандон, шогирдон ва умуман, насли наврас аҳаммияти ҷиддӣ диҳем ва заминаҳоро барои онҳо фароҳам оварем: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ҳарчанд адабиёти хаттию шифоҳии беш аз 1200-солаи форсу тоҷик, нигоштаю тас­вир ва катибаҳои сангину даҳонии беш аз 5000-солаи гузаштагони бузурги мо-ориёиҳо саршори панду ахлоқ ва тарбияву масоили инсонсозӣ мебошанд, вале раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, воридшавии урфу одатҳои барои миллати мо бегона, муҳоҷирати ҷавонон ба кишварҳои хориҷӣ, пайравии онҳо аз одатҳои номатлуб ва даҳҳо мушкили дигари ҷомеаи имрӯз зарурати ба таври ҷиддӣ ва барои ҳама ҷомеа дастрас ва дар муҳити муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа ба роҳ мондани корҳои тарбиявиро ба таври васеъ тақозо менамояд.
Мушоҳидаҳо дар чанд соли охир нишон медиҳанд, ки рафтору гуфтор ва тарзи муоширати иддае аз наврасону ҷавонон ба пуррагӣ тағйир ёфтааст. Махсусан, дар либоспӯшию намуди зоҳирӣ, эҳтиром накардани калонсолон, қабеҳгӯию дашномдиҳӣ ва беҳудагӯию дағалрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин, ба ҷойи хондан ба бозиҳои телефонию компютерӣ машғул шудани онҳо мо- калонсолонро ба андеша намудан ва аҳаммияти ҷиддӣ додан ба тарбияи насли наврас бештар водор намояд.
Масъалаи тағйирёбии мафкураи як идда ҷавонон, бетафовутӣ нисбат ба таҳсил ва касбу ҳунар, маишатпарастӣ, дода шудан ба ақидаҳои ифротию экстремистӣ ва бегонапарастии онҳо ба таври бояду шояд мавриди пажуҳиш ва омӯзиш қарор нагирифта, омилҳои бегонапарастӣ ва тақлидкорию аз ахлоқи миллӣ дур шудани кӯдакону ҷавонон муайян ва дар доираи ин барои тарбияи дуруст ва ҳадафманди онҳо тадбирҳои ҳатмӣ бояд андешида шаванд.
Танзимкунандаи илму дониш ва асоси пешрафту рушду нумуи он дар ҳамаи давру замонҳо ахлоқи наку буда, зери таъсир қарор гирифтани бештари ҷомеа ба ахлоқ ва рафтори инсонӣ метавонад ҷомеаро ба сӯйи илму дониш ва ҳадафҳои идеологии миллӣ раҳнамун созад.
Тарбия аз зинаи таҳсилоти томактабӣ бо омӯзиши одитарин рафтору гуфтори кӯдакон бояд оғоз ёбад. Тарзи салом додан, пӯшидани либоси ба талаботи миллӣ ҷавобгӯ, рафтор дар нақлиёти ҷамъиятӣ, гулгашту хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, эҳтироми калонсолон, падару модар ва даҳҳо амали дигар мавриди омӯзиш ва таъкиди доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити оила бояд қарор дошта бошанд
Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатиро, ки ба кори таълиму тарбия сарукор доранд, мебояд ба ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ машғул шудаву омилҳои майл намудани ҷавонон ба бегонапарастӣ, рӯ овардан ба амалҳои номатлуб ва дигар масоили ба он монандро, ки оҳиста-оҳиста ин падидаҳо метавонанд ҷомеаро ба як буҳрони азими бегонапарастӣ рӯ ба рӯ созанд, таҳқиқ, таҳлили илмӣ ва натиҷагирӣ намоянд. Муайян намоянд, ки бо кадом восита ва усулҳои пешрафта ва таъсиррасон метавон ба ҷомеа, махсусан, ҷавонон таъсир расонид.
Дастуру маводи тарбиявӣ барои омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа дар шаклҳои гуногун дар доираи пажуҳишҳои анҷомдода омода ва бояд паҳн карда шаванд. Консепсияи миллии тарбия маҳаки асосии истифодаи доимии омӯзгор қарор гирифта, дар доираи 18 банд ва ё 18 рукни тарбия кӯдакону наврасон ва ҷавонон мавриди таъкид, тарбия ва суҳбату фаҳмондадиҳӣ қарор гиранд.
Падару модарон бояд дарк намоянд, ки дар замони пешрафти илму техника ва ҳар лаҳза дигаргун шудани фазои техникию илмӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ба кадрҳои соҳибихтисоси бофарҳанг ва донишманд эҳтиёҷ бештар мегардад. Дар ин замина, одитарин фаъолият дар истеҳсолот ба воситаи техника ва технологияи нав сурат гирифта, доираи фаъолиятҳои ҷисмонӣ ва фардӣ маҳдуд мегарданд.
Таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъриху фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи мардуми ориёӣ ва соҳибӣ намудани ин таъриху фарҳанг, роҳнамоест ба ҳар як фарди ин миллат ва соҳибони тамаддуну маърифати бузурги башарӣ:
«Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо-ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла, Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне, тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд».
Дар ин замина, кушода шудани Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ҷаҳони маънавии моро рангинтар ва барои омӯзиши васеи таъриху фарҳанги бойи ниёгон ва соҳибӣ намудани ин фарҳангу таърихи бештар аз 5000-сола таҳрик медиҳанд. Пас, таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём роҳнамо барои ояндаи миллати тоҷик ва эҳёи таммадуни ориёӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷалолиддин АМИР,
корманди раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий