Дар замони муосир талабот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, забони англисӣ бештар шудааст. Омӯзиши забон танҳо донистани луғату грамматика нест, балки малакаи гуфтору муколама мебошад, ки ба хонанда имкон медиҳад, бо эътимод фикр ва андешаҳояшро баён кунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мушкилоти асосии хонандагон дар истифодаи амалии забон дар раванди муошират зоҳир мегардад. Ҳадафи асосии омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ малакаҳои гуфтору муколамаи муҳассилинро инкишоф бахшидан аст.
Нутқи муколамавӣ асоси салоҳиятҳои коммуникативӣ ба ҳисоб меравад. Салоҳияти коммуникативӣ донишу малака ва қобилиятест, ки шахсро қодир месозад, дар ҳама гуна ҳолат муошират намояд.
Нутқи муколамавӣ раванди муоширати ду ё зиёда нафар мебошад, ки дар он мубодилаи иттилоот ва фикр аст. Он имкон медиҳад, ки хонандагон малакаҳои шунавоӣ, фаҳмиши ибораҳо ва баёни фикрро такмил диҳанд.
Омӯзгор барои рушди нутқи муколамавӣ нақши муҳим дорад. Ӯ бояд муҳити мусоид фароҳам оварад, хонандагонро ба иштирок дар суҳбатҳо ҳавасманд созад ва усулҳои интерактивиро корбаст намояд: бозии нақшҳо, суҳбатҳои гурӯҳӣ, муҳокима ва мусоҳиба. Ин усул дар хонандагон эътимод ва қобилияти гуфторро такмил мебахшад.
Барои таъмини рушди самараноки нутқи муколамавӣ дар раванди таълим риояи як қатор шартҳо зарур аст:
— ташкили муҳити мусоид барои гуфтор;
— истифодаи усулҳои интерактивӣ ва фаъол;
— ҳавасмандгардонии хонандагон;
— ба назар гирифтани синну сол ва сатҳи забондонии хонандагон.
Таъмини ин шартҳо ба фаъол гардидани хонандагон ва баланд шудани сатҳи иштирок дар муколама мусоидат менамояд.
Таҷриба нишон медиҳанд, ки малакаҳои гуфтор дар чор марҳала ташаккул меёбанд:
1. Омодагӣ. Дар ибтидо хонандагон бо воҳидҳои луғавӣ, сохторҳои грамматикӣ ва намунаҳои одии нутқ шинос мешаванд. Омӯзгор муҳити мусоид фароҳам меорад, ки хонандагон аз иштибоҳ наҳаросанд. Машқҳои такрорӣ, тамошои аудио ва видео нақши муҳим доранд.
2. Машқ ва фаъолгардонӣ. Хонандагон малакаҳои ибтидоии гуфторро бо усулҳои фаъол инкишоф медиҳанд. Бозиҳои нақшофарӣ ва суҳбатҳои гурӯҳӣ барои тақвияти малакаҳои муколама самарабахш мебошанд. Омӯзгор хатоҳоро таҳлил мекунад. Ин марҳала, ҳамчунин, малакаҳои ҳамкориро тақвият медиҳад ва хонандагонро водор мекунад, ки мубодилаи афкор кунанд.
3. Мустақилият. Хонандагон дар ин марҳала метавонанд мустақилона муошират кунанд: фикр кунанд, савол диҳанд ва муҳокимаро идома диҳанд. Малакаи интихоби усули дуруст барои муколама ва эътимод ба имкониятҳои худро таъмин мекунад.
4. Эҷодӣ. Ин марҳала нишондиҳандаи ташаккули пурраи малакаҳои гуфтор ва салоҳиятҳои коммуникативӣ мебошад. Хонандагон метавонанд дар баҳсҳо иштирок кунанд, мавқеи худро ҳимоя намоянд ва эҷодкорона суханронӣ кунанд.
Рушди нутқи муколамавии хонандагон дар дарсҳои забони англисӣ ҳамчун воситаи асосии ташаккули салоҳиятҳои коммуникативӣ баромад мекунад. Омӯзгор метавонад тавассути ба кор бурдани усулҳои интерактивӣ ва муҳити мусоид қобилияти муоширати хонандагонро дар сатҳи баланди амалӣ рушд диҳад ва онҳоро барои истифодаи озоди забони англисӣ омода созад.
Нигора АБДУҒАНИЕВА,
омӯзгори забони англисӣ,
муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе
муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе













