Мусоҳиба бо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода
– Дар шароити ҷаҳони рақамӣ чаро гузариш ба рӯзномаи электронӣ, бахусус, платформаи eKhonish барои ҳар як мактаби муосир зарур ва ҳатмӣ арзёбӣ мегардад?
– Гузариш ба рӯзномаи электронӣ дигар масъалаи интихоби ихтиёрӣ нест, балки зарурати стратегӣ барои низоми маорифи муосир маҳсуб меёбад. Рақамикунонӣ ҷавоб ба мушкилоти анъанавии мактабҳост: аз байн бурдани рӯзномаҳо, баҳогузории норавшан, набудани иртиботи фаврӣ бо волидайн ва сарбории зиёди ҳуҷҷатгузорӣ барои омӯзгорон мебошад. Ин платформа муҳити ягонаи рақамиро фароҳам меорад, ки дар он тамоми маълумоти таълимӣ ба таври дақиқ, шаффоф ва фаврӣ сабт мегардад. Маҳз ҳамин шаффофият ва дастрасии доимӣ рақамикунониро ба як унсури ҷудонопазири мактаби муосир табдил медиҳад.
– Омилҳои асосии гузариш ба платформаи eKhonish-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Панҷ сабаб сутунҳои асосии маорифи рақамӣ мебошанд.
Якум, дастрасии доимӣ. Волидон ва хонандагон метавонанд дар ҳама ҳолат, новобаста аз ҷой ва вақт ба ҷадвали дарсҳо, вазифаҳои хонагӣ ва баҳогузорӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Дуюм, шаффофият ва эътимод. Ҳар як баҳо, ҳар як фаъолият ва ҳар як тағйирот фавран дар система сабт мегардад ва ҷой барои тафсири нодуруст ё баҳона боқӣ намемонад.
Сеюм, муоширати самаранок. Бо як пахш омӯзгор метавонад волидонро огоҳ намояд ва волидон метавонанд дар раванди таълим фаъолона иштирок кунанд.
Чорум, коҳиши сарбории коғазӣ барои омӯзгорон. Система ҳисобот ва сабтҳоро худкор анҷом медиҳад, ки ин ба омӯзгор имкон медиҳад, вақти худро танҳо ба таълим, на ба ҳуҷҷатгузорӣ равона созад.
Панҷум, амнияти маълумот. Дар eKhonish дигар рӯзномаи гумшуда ё саҳифаи кандашуда вуҷуд надорад. Иттилоот дар муҳити муҳофизатшуда нигоҳ дошта мешавад.
Дар зимн, хадафи асосии eKhonish рақамикунонии пурра ва такмили равандҳои таълимӣ мебошад. Ин платформа автоматикунонии идоракунии соҳаи маорифро таъмин намуда, сифати хидматрасониҳои таълимиро боло мебарад ва қабули қарорҳоро бар асоси додаҳои дақиқ осон мекунад.
eKhonish на танҳо як барнома, балки экосистемаи таълимӣ аст, ки тамоми иштирокчиёни раванд – омӯзгор, хонанда, волидон ва маъмуриятро дар фазои рақамии ягона муттаҳид месозад.
– Дар доираи лоиҳа масъалаи таҷҳизоти техникӣ чӣ гуна пешбинӣ шудааст?
– eKhonish танҳо бо нармафзор маҳдуд намешавад. Лоиҳа пайвасти инфрасохтори муосирро дар бар мегирад: насби камераҳои назоратӣ бо сифати баланди садо дар синфхонаҳо, таъмин намудани интернет тавассути роутер ва антеннаҳо, пешниҳоди планшет барои ҳар як омӯзгор ва дар марҳалаи чорум – насби панелҳои офтобӣ бо дастгирии шарикони рушд. Ин ҳама ба он равона шудааст, ки муҳити таълимӣ дастрас бошад, ҳатто дар минтақаҳои дурдаст.
– Барои истифодаи барнома аз хонандагону волидон маблағ гирифта мешавад?
– Маблағи 150 сомонӣ барои ҳар як хонанда (ба истиснои хонандагони дорои имтиёз) аз синфи 1 то синфи 10 (то давраи хатми муассисаи таълимӣ) танҳо як маротиба пардохт карда мешавад. Ин маблағ ҳамчун саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ гардида, барои татбиқи барномаи мазкур, аз ҷумла, насби камераҳои мушоҳидавӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет, таъмин намудани омӯзгорон бо планшетҳо, омӯзиши тарзи истифодаи барнома ва анҷом додани дигар тадбирҳои зарурӣ равона мегардад. Пардохтҳо танҳо тавассути бонк ва марҳала ба марҳала анҷом дода мешаванд, ки шаффофият ва адолати иҷтимоиро таъмин мекунад.
Барои қишрҳои осебпазир имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Яъне, барои ятимон, нимятимон, хонандагони маъюб, фарзандони волидони маъюби гурӯҳи 1, инчунин, оилаҳои серфарзанд ройгон мебошад.
– Барномаи мазкур барои омӯзгорон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва падару модарон кадом имкониятҳоро фароҳам меорад?
– Барои омӯзгорон eKhonish ёвари зеҳнӣ мебошад. Система ба таври автоматӣ ҳисобот оид ба сатҳи таҳсил ва давомоти хонандагонро таҳия мекунад. Омӯзгор метавонад диққати худро ба мушкилоти воқеии таълим равона намояд. Инчунин, воситаҳои идоракунии синф, робитаи мустақим бо волидайн ва таҳлили пешрафти хонандагон кори омӯзгорро босамар ва осон мегардонанд.
Маъмурият имкони назорати ҳамаҷонибаи равандҳои омӯзишӣ ва фаъолияти омӯзгоронро пайдо мекунад. Танзими вазифаҳо мувофиқи талаботи муассиса, таҳлили додаҳо ва қабули қарорҳои асоснок – ҳамаи ин eKhonish-ро ба абзори идоракунии зеҳнӣ табдил медиҳад.
eKhonish барои хонандагон тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод мекунад ва дар ҳолати коҳиши натиҷаҳо ё зиёд шудани сарборӣ пешакӣ огоҳӣ медиҳад.
Барои волидайн бошад, он воситаи назорати доимии раванди таҳсил аст. Онҳо метавонанд пешрафт, камфаъолӣ ва ниёзҳои фарзандонашонро сари вақт бинанд ва фаъолона дар таълим иштирок намоянд.
– Самтҳои асосӣ ва рисолати барномаро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Самтҳои калидӣ аз ҷорӣ намудани низоми ягонаи электронии таълим, пайвасти муассисаҳо ба интернет, баланд бардоштани малакаҳои рақамии омӯзгорон, рушди таълими фосилавӣ ва видеоӣ, инчунин, дастрасӣ ба маводи босифати таълимӣ иборат мебошад.
Рисолати платформа бартараф намудани нобаробарӣ дар дастрасӣ ба дониши рақамӣ байни шаҳр ва деҳот мебошад.
eKhonish рамзи гузариш аз мактаби анъанавӣ ба мактаби интеллектуалӣ мебошад. Қадами устувор ба сӯйи оянда аст, ки дар он сифати таълим, шаффофият ва эътимод дар меҳвар қарор доранд.
– Ташаккури зиёд барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»













