Муқаддима
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим муайян карда мешаванд ва он ҳамчун дастури роҳнамо ва дурнамои фаъолият хидмат мекунад. Дар Паёмҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, чунки маҳз бо рушди ин соҳаи калидӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пайвастаю бомаром рушду пешрафт карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллатро ҳамасола аҳли ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф бо руҳбаландӣ пазируфта, самтҳои фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси он муайян менамоянд. Паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва қутбнамои фаъолияти тамоми соҳаҳо маҳсуб ёфта, тавассути онҳо самтҳои асосии рушди соҳаҳои гуногун муайян гардида, ҷомеа ба марҳалаҳои нави рушду пешрафт роҳнамоӣ карда мешаванд. Таҳлилу баррасии Паёмҳо нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат вобаста ба соҳаҳои маориф ва илм масъалаҳои муҳиммро ба миён мегузоранд, ки тадриҷан роҳи ҳалли худро ёфта, ба пешрафтҳои чашмгир дар соҳаҳои мазкур боис мегарданд. Бинобар ин, Паём на танҳо ҳуҷҷати сарнавиштсоз, балки омили муваффақият ва такмилбахши соҳаҳои маорифу илм мебошад. Ба ин маънӣ, дар заминаи Паёмҳои Пешвои миллат вобаста ба соҳаҳои маориф ва илм иҷрои як қатор тадбирҳо ва вазифаҳои мушаххас муайян гардида, дар асоси онҳо корҳои шоиста амалӣ карда шудаанд. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (16.12.2025) таъкид карданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад».
Рушди маблағгузорӣ ва мавқеи устувори омӯзгорон
Яке аз масъалаҳои муҳим ва мавриди таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамасола ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин соҳаи меҳварии кишвар бамаротиб зиёд карда мешавад. Ин омил имкон фароҳам овард, ки инфрасохтори соҳаи маориф такмил ёфта, шароити мусоиди таълиму тарбия барои наврасону ҷавонон беҳтар гардад. Дар Паём (16.12.2025) зикр шуд: «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад».
Ҳоло дар арсаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил мегардад, ки маблағгузории устувор ва мунтазамро ба соҳаи маориф таъмин менамоянд. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) чунин таъкид ёфтааст: «Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд».
Маълум аст, ки дар меҳвари таълиму тарбия омӯзгорон қарор доранд, зеро онҳо заминаи асосии вусъатбахши таълиму тарбия дар кишвар мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола музди меҳнати омӯзгорон афзун мегардад. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 20 маротиба маоши омӯзгорон баланд бардошта шуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии онҳо мусоидат менамояд. Инчунин, барномаҳои мушаххаси давлатӣ ҷиҳати дастгирии омӯзгорон ва мақоми устувори онҳо дар ҷомеа қабул шудааст. Дар Паёмҳои Пешвои миллат пайваста масъулияту рисолати бузурги омӯзгорон дар таълиму тарбия таъкид мегардад ва нақши онҳо дар тақвияти руҳияи худшиносиву худогоҳии миллии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳамчун омили муҳимми таъмини ҳифзи ҳуқуқҳо ва таҳкими мавқеи қонунии омӯзгорон дар ҷомеа арзёбӣ мешавад. Маҳз чунин тадбирҳои судманд боис гардидаанд, ки имрӯз мақоми омӯзгор, сатҳи таълиму тарбия баланд ва фаъолияти самараноки соҳаи маориф таъмин карда шавад.
Таваҷҷуҳ ба бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот
Нуктаи дигари муҳимме, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат ба таври равшан ифода меёбад, бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бунёди кӯдакистон ва мактабҳои замонавӣ бо беҳтарин шароит ва таҷҳизот бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардидани 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (то соли 2024 дар назар аст) далели равшани рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) таъкид намуданд, дар маҳалҳое, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман муассисаҳои томактабӣ бунёд карда шаванд, ки ин тадбир барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим мусоидат менамоянд. Ба ин мазмун, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) зикр намуданд: «… дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат зимни сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳатман мактабҳои нави замонавиро ба истифода медиҳанд ва бо омӯзгорону хонандагон суҳбатҳо доир менамоянд. Ба ин мазмун, чанде пеш дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд. Дар зимн, дар шаҳри Турсунзода бо хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки онҳо ба омӯзишу мутолиа бештар машғул шаванд ва ба ин хотир тамоми шароити таълиму тарбия фароҳам гардида, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом хонандагонро вазифадор менамояд, ки бештар ба омӯзиши асарҳои бадеӣ машғул шаванд, то суханвару сухандон ва дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ бошанд.
Тамоми талошу пайкор ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ пайваста баланд бардошта шавад. Аз ин рӯ, дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Аз ин ҷост, ки иштироки хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ бештару беҳтар гардида, Тоҷикистон дар ин самт дар қатори давлатҳои пешсаф қарор мегирад. Аз ин дастовардҳои муҳассилини тоҷик ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем. Дар зимн, устодону омӯзгорон бо истифода аз технологияи навин ва усулҳои фаъоли таълим ҳамвора талош менамоянд, ки шавқу рағбати толибилмонро ба омӯзиш ва аз худ намудани барномаҳои таълимӣ бештар намоянд.
Забономӯзӣ – калиди муваффақият
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисӣ аҳаммияти бештар касб намудааст. Оне ба муваффақияту комёбӣ ноил мегардад, ки пеш аз ҳама, бо забонҳои хориҷӣ такаллум карда тавонад ва аз донишҳои замони муосир бархӯрдор бошанд. Бинобар ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаҳои аввали таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар роҳандозӣ шудааст. Дар ин самт Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки дар асоси он дар муассисаҳои таълимӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Имрӯз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон вусъат ёфта, ин раванд дар ҳамаи самтҳои ҳаёт татбиқ мегарданд. Дар чунин шароит донистани забонҳои хориҷӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба насли наврасу ҷавон имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд ва дар ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ саҳми арзанда гузоранд. Бинобар ин, дар Паёмҳои Пешвои миллат масъалаи забономӯзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, омӯзгорон вазифадор мегарданд, ки дар раванди таълим масъулияти бештар эҳсос намоянд ва бо баргузории дарсҳои рангину ҷолиб шавқу рағбати муҳассилинро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар кунанд. Хонандагону донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки барои мутахассиси соҳибкасб, варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи замон шудан донистани забонҳои хориҷӣ ногузир мебошад.
Фанҳои дақиқ – рушдбахши тамоми соҳаҳо
Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид намуданд, ки солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Дар ин замина, корҳои зиёде анҷом дода шуда, омӯзиши ин фанҳо ба марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Маҳз азхудкунии фанҳои бунёдӣ имкон медиҳад, ки иқтисоди кишвар ба таври ҳамаҷониба рушд ва такомул ёфта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам оварда шавад. Ин раванд, ҳамчунин, шароити мусоидро барои дар авлавият қарор гирифтани омӯзиши фанҳои бунёдӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил муҳайё месозад.
Зимни омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба хонандагон имкон фароҳам меояд, ки ба ихтироъкорӣ, навоварӣ ва тафаккури техникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар оянда корҳои муҳимми илмиву амалӣ анҷом диҳанд, зеро омӯзиши фанҳои дақиқ мустақиман бо рушди ин қобилиятҳо иртибот дошта, заминаи ташаккули мутахассисони баландихтисосро фароҳам меорад. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ барномаҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, баҳри омӯзиши бомароми фанҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Озмунҳо – омили муҳимми дарёфти истеъдодҳо
Роҳандозии озмунҳои бонуфузи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ибтикороту ташаббусҳои судманди Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки озмунҳои мазкур имконоти мусоидро барои омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва фарогирии донишҳои муосир фароҳам овардаанд. Баргузории чунин озмунҳо шавқу рағбати хонандагон ва донишҷӯёнро ба омӯзиш бештар намуда, доираи мутолиаву ҷаҳонбинӣ ва истеъдоду қобилиятҳои зеҳнии онҳоро ҳамаҷониба инкишоф медиҳад. Имрӯз ҳангоми ворид шудан ба китобхонаҳо ба хубӣ мушоҳида мегардад, ки хонандагону донишҷӯёни зиёде ба омӯзиш ва мутолиа машғуланд. Инчунин, озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд дарёфт ва тарбияву ба камол расонида шаванд.
Озмунҳои мазкур барои хонандагон ва донишҷӯён ҷиҳати муаррифӣ ва рушд додани истеъдодҳои худ заминаи мусоид ба вуҷуд оварданд. Имсол низ озмунҳо дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, баргузории озмунҳои «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ва роҳандозии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 собитгари онанд, ки масъалаи баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо қарор дорад. Аз ин рӯ, дар Паёмҳои Пешвои миллат масъалҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, дӯст доштани Ватан ва баҳри таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ талош намудани аҳли ҷомеа, бахусус, хонандагону донишҷӯён дар меҳвар гузошта шудаанд.
Илм неруи тавоност
Маълум аст, ки ба ҷаҳони муосир суръати баланди рушду такомул хос аст. Дар чунин шароит омӯзиши илм ва фановарӣ яке аз воситаҳои муҳимми рушди мамлакат мебошад, зеро илм неруи тавоно ва муҳаррики асосии пешбарандаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илм ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Имрӯз илми тоҷик ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, олимон ва муҳаққиқон бо анҷом додани пажуҳишҳои бунёдӣ, аз як ҷониб, ба пешрафти иқтисоди миллӣ саҳм мегузоранд ва аз ҷониби дигар, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар Паёмҳои Пешвои миллат масъалаи рушди илм ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳо ва сарватҳои ғании табиӣ буда, аз имконоти муҳимми иқтисодӣ бархӯрдор мебошад, зарур аст, ки таваҷҷуҳ ба он самтҳои илм равона гардад, ки ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) аз ҷумла, масъалаи рушди зеҳни сунъӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногун ба миён гузошта шуд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин самт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳои нав таъсис ёфта, мактабҳои олӣ ва марказҳои махсуси илмӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки барои рушди зеҳни сунъӣ ва корбасти он дар амал заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҷаҳони муосирро неруи зеҳнӣ идора мекунад ва маҳз омӯзишу таҳқиқи мавзуъҳои муҳимми замонавӣ моро ба марҳалаҳои нави рушд ворид месозад. Қабули ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ бори дигар собит менамояд, ки кишвар ба илмҳои муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои мушаххас меандешад.
Устувории ҷомеа ва пешрафти давлат ба рушди илм иртиботи зич дошта, олимон ва пажуҳишгарон вазифадоранд, масъалаҳо ва мавзуъҳоеро таҳқиқ намоянд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, барои таҳкими иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо илм ҳамчун неруи тавоно дар таҳкими истиқлолу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои иттилоотӣ нақши барҷаста мебозад. Аз ин рӯ, олимон ва пажуҳишгарон ганҷинаи тиллоӣ ва сарвати бебаҳои давлат ба ҳисоб рафта, нақш ва рисолати онҳо дар пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистон басо бузург мебошад.
Хулоса
Паёмҳои Пешвои миллат нақши муҳим дар фаъолият ва дурнамои рушди кишвар доранд ва омили асосӣ барои расидан ба сатҳи баланди пешрафт дар ҳамаи соҳаҳо маҳсуб меёбанд. Ҳамаи он нуктаҳое, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат зикр мешаванд, тадриҷан роҳҳои ҳалли худро меёбанд ва барои тараққиёти кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд. Бинобар ин, Паёмҳои Пешвои миллат на танҳо як барномаи сиёсӣ ё ҳуҷҷати сарнавиштсоз, балки омили муҳимми рушди кишвар дар ҳамаи арсаҳо ба ҳисоб рафта, дар таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, тақвияти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ нақши бориз доранд. Дар низоми давлатдории навин Паём падидаи муҳими сиёсӣ буда, дар ҳама самтҳо ҳамчун омили ҳалкунанда ва роҳнамо ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёмҳои худ тамоми соҳаҳоро ба таври ҷиддӣ таҳлил ва тавсияҳои амалиро барои рушди устувор пешниҳод мекунанд, ки онҳо ба фаъолият ва таҳкими давлатдории кишвар мусоидат менамоянд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат (16.12.2025) ба соҳаҳои илму маориф диққати махсус зоҳир карда, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият ва рушди ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ба миён гузошта шуд. Ба ин маънӣ, Паёмҳои Пешвои миллат на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки дастури роҳнамо барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб мераванд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»













