Бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар меҳмонхонаи «Crowne PIaza»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» баргузор гардид.
Директори агентӣ Сулаймон Султонзода таъкид намуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузории форуми мазкур, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ, саҳми он дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб, баррасии масъалаҳои муҳимми соҳа, таъмини шаффофият ва поктинатӣ дар тиҷорат, ҳамчунин, табодули таҷрибаҳои пешқадам дар ин самт арзёбӣ мегарданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар чорабинӣ зикр намуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбуди иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, ин, амали зишту нангин унсури ҷинояткории муташаккил буда, боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста мегардонад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат аст, ки дар масъалаи аз байн бурдан ва паст кардани шиддати ин амали манфур саҳми худро гузорад. Бо мақсади аз байн бурдани ришваситонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қарору қонунҳои дахлдорро ба тасвиб расонидааст.
Тақвият додани низоми электронии пардохти ҳаққи хидматрасониҳои давлатӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолият дар доираи талаботи банди 43-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) ба роҳ монда шудааст.
Мутобиқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 1 августи соли 2023), пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар кори форум, ҳамчунин, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо иштирок ва суханронӣ карданд. Инчунин, дар форум намояндагони суд, доираи васеи тоҷирон, намояндагони ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз мақомоти зиддикоррупсионии Федератсияи Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Баргузории форум имконият фароҳам овард, ки байни намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд, сохторҳои давлатӣ ва меҳмонони хориҷӣ дар бораи масъалаи муқовимат бо коррупсия дар соҳаи тиҷорат, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мавҷуда мубодилаи афкор сурат гирад. Дар доираи форум Лоиҳаи Кодекси идоракунии корпоративӣ ва нақша-чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030) муаррифӣ гардид.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»













