Як инсони солиму баандеша ва ҳамеша дар ҳоли мутолиа имкони то 70-солагӣ хондани на беш аз 5 ҳазор китобро дорад. Инро аз натиҷаи таҳқиқоти як гурӯҳ олимони Донишгоҳи гуманитарии Москва мегӯям, на аз хеш. Яъне, умри одамӣ, агар ниҳоят пурсамар истифода шавад ҳам, кас аз 5 ҳазор китоб бештар имкони хондан надорад. Баъди 70-солагӣ хондан самари камтар дорад, чун ҳофизаи инсон заиф мегардад.
Хушбахтона, инсонҳое ҳастанд, ки дар назди хеш ҳадаф мегузоранд ва аз рӯйи нақшаи муайян китоб мехонанд. Ҳастанд инсонҳое, ки аз рӯйи нақша китоб мехонанд, номгӯйи моҳ ба моҳ ва ҳафта ба ҳафтаи қироати осори бадеии муҳимтаринро рӯйи даст доранд.
Мутаассифона, имрӯз раҳнамоӣ ба китобу китобхонӣ дар сатҳест, ки даврони «ликбез»-ро ба ёд меорад. Асарҳои беҳтарини адабиёти олам на фақат тарҷума намешаванд, ё якта-нимта тарҷума шаванд ҳам, ниҳоят камшуморанд, балки ҳамон варианти русиашон низ ноёб шудааст.
Вазъи омӯзиши адабиёти муосир низ асафбор аст, асосан таърихи адабиёт омӯзонида мешавад, на адабиёти имрӯза ва на матни адабӣ. Натиҷа ҳамин аст, ки шоиру нависандаи имрӯзаро ҷавонон намешиносанд. Дар ёду хотироташон ҳамон устодон Айниву Турсунзодаву Улуғзода ҳаст, ба ин тараф дигар раҳи имкони шинохт баста.
Аз адабиёти русу ҷаҳон боз ҳамон Пушкину Лермонтов ва муаллим агар ҳиммат кунад, Толстойро мешиносонад, чунки барномаҳо чунин сохта шудаанд, асосан такя ба таърихи адабиёт аст. Агар ҳамин навъ муносибат ба таълим бошад, пас аз рӯйи мантиқ, адибони имрӯзаро баъди сад соли дигар хоҳанд омӯхт.
Боз тибқи ҳамон принсипи таърихнигории адабиёт, на худи адабиёт. Ҳатто дар китоби дарсии адабиёти синфи 11-ум ба ҷуз Гулназару Саттор Турсун ва Меҳмон Бахтиву Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Гулрухсор ва Фарзона дигар касе нест.
Дар пурсиши қироати шеър аз «осор»-и шоирони «маҳаллӣ» (ба ном шеъру ба ном шоир) борҳо намунаҳо қироат шуд, ки боиси таассуф аст: дар зеҳни ҷавонон ҳамин фикрро ҷо кардаанд, ки «шеър мехоҳӣ, ана шоири худамон, дигар куҷо шеър меҷӯӣ…». Яъне, боз ҳамон принсипи «аввал хеш, баъд дарвеш».
Пас, чӣ бояд кард?
Якум, барномаҳои нави замонавӣ бояд таҳия кард. Масалан, тамоми адабиёти давраи Шуравиро дар шакли обзорӣ бояд омӯзонид, дар китоби дарсӣ як боб бошад, кофист. Сухан ин ҷост, ки тамоми осори бадеии замони Шуравӣ дар асоси метод ё асли вуқуъгаройии сотсиалистӣ эҷод шудааст, ки қолаби муайяни инъикос ё бозтоби воқеият ва қаҳрамонро дошт: ҳама гуна анвои муборизаи неку бад дар авҷи ҳаводиси каломи бадеъ, бавижа, насри бадеӣ бояд ба тақозои идеологияи замона ҷавобгӯ мебуд, қаҳрамоне, ки чун инсонҳои табиӣ дар зиндагии воқеӣ таҷаллӣ мекард, дар асари адабиёт зуҳур надошт, ё сиёҳ мебояд буд, ё сафед.
Ҳадафҳо дақиқан маълум буданд. Аз адиб дархост мешуд, ки аз анбуҳи воқеоти зиндагии иҷтимоӣ ҳамонҳоеро рӯйи сафҳаи қиссаву романҳо бикашонад, ки ибратомӯз ва шахсиятҳо барои таъмини мафкураи ҳукмрон ончунон дилгарму содиқу вафодор ва ҷасур бошанд, ки барои расидан ба мақсадашон ба ҷонфидоӣ омодаанд.
Ин гуна осор дар адабиёти даврони Шуравӣ ниҳоят зиёд аст. Мазмун якест, фақат дар бозтоби воқеаҳо ва баёни тафсилоти корномаҳои қаҳрамонон ҷанбаи ҳунарӣ фарқ мекунаду халос. Аз ин рӯ, ин давраи адабиётро аз рӯйи талаботи методи реализм ва шохисаҳои он ба нақша гирифтану тадрис кардан дуруст мебуд.
Дуюм, адибонро на аз рӯйи ҷоизаву синну сол ва марҳалаҳои замонӣ, ё тавре мегӯянд, хронология, балки аз лиҳози сатҳи ҳунари адабӣ бояд дар китоби дарсӣ ҷо дод.
Ин сухан чандон дуруст нест, ки ҳатто дар асоси реализми сотсиалистӣ ҳам ҳама осори адабӣ аз нигоҳи ҳунари бадеӣ яксон бошад. Масалан, устод Айнӣ, ки равиши эҷодашон, бешакку шубҳа, реализм аст, аз як асар то асари дигар доди ҳунари нигорандагӣ додааст, баёни ҳунарии вазъу ҳолат ва таносуби қаҳрамон бо воқеиятҳо аз як асар то асари дигар ба куллӣ тафовут дорад.
Масалан, дар «Ҷаллодони Бухоро» бозтоби воқеият ва инъикоси вазъи қаҳрамонҳои асар ба дараҷае воқеист, ки «даҳшат»-и бархе осори бадеии равияи «романтизми сиёҳ»-и адабиёти ҷаҳонро мемонад. Аз бисёр ҷиҳатҳо ин қисса равияи эҷодии нависандаи маъруфи амрикоӣ Эдгар Аллан Поро ба хотир меорад: табиати инсон бо ҳама бераҳмиву бадкориҳояш, зулму ситам ва неруи харобкораш мӯшикофона тасвир мешавад ва тавассути ҳамин гуна тасовир эҳсоси нафрат ва эътирози мардумро бармеангезад, яъне, хонандаи китобро ҳаргиз бетараф намегузорад, ӯро шарики нуқтаи назари нависанда ва мавқеи иҷтимоии ӯ мегардонад.
Мисоли дигар ҳамоно қиссаи безаволи устод Айнӣ «Марги судхӯр» аст. Хонандаи ин асар дар баробари он ки ба ҳолу вазъи қаҳрамони асосӣ бетараф намемонад, зиёда аз ин, ҳолати воқеии Аморати Бухоро ва яке аз сарчашмаҳои забунии мардум ва қафомондагии сохтори идораи аморатро дар зеҳну шуураш яқин карда, соҳиби иттилооти муҳимми на фақат иҷтимоӣ, балки адабиву фарҳангӣ ва мардумшиносӣ мешавад, дар мавриди чигунагии вазъи Бухоро дар поини қарни XIX ва оғози XX тасаввуроти дуруст ҳосил мекунад.
Сеюм, аз рӯйи таомули сирф тоҷикӣ, ки дар ҷаҳон назир надорад, яъне, «хафа накардан»-и адибони баркамол, вале камҳунар, боби хурде бояд таълиф кард, ки ному насаб ва номгӯйи осорашон бошад, кифоя.
Дар ин маврид нуқтаи назар зиёд аст, аммо ба як суол бояд посухи ҷиддӣ дод: чӣ бояд кард, ки меъёри аслии мондагор шудани осори бадеӣ танҳо ҳунар бошад, на ному насаби адибон. Масалан, дар солҳои сиву чиҳил ва панҷоҳуми асри пор, дар радифи устодон Айниву Улуғзода адибоне эҷод кардаанд, ки осорашон дар пояи идеологияи ҳамон даврон эҷод шуда, имрӯзҳо таъсире ба зеҳни хонанда ё арзише барои адабиёти асил надоранд. Аз рӯйи инсоф нест, ки тамоми ин осор аз китоби таърихи адабиёти тоҷик рӯфта шавад. Пас осори ин нависандаву шуаро, агар дар шакли обзорӣ дар як ё ду боби китоби таърихи адабиёт зикр шавад, кофист.
Чорум, дарси адабиётро тибқи модел ё тарҳи шахсиятҳо бояд ҷорӣ кард. Ин равиш дар Донишгоҳи гуманитарии Москва аз соли 2000-ум инҷониб таҷриба мешавад ва натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Ном ва осори адибон на бо тарзи анъанавии таърихнигории адабӣ (аввал вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии давру замон, баъдан шарҳи ҳоли адиб ва сипас осори адиб бо таҳлили мухтасари эҷодиёт тибқи хронология), балки таҳқиқи жарфи ҳамон осоре, ки аз нигоҳи ҳунари адабӣ ва сабки хоси нависанда аз дигарон тафовут доранд ва барои рушди минбаъдаи адабиёт лозиму заруранд, овардаву пажуҳиш карда мешаванд. Шакли пешниҳод портрети адабист.
Панҷум, аз баҳри таърихнигории адабиёт бояд гузашт, ба кӣ лозим, ки кадом адиб дар кадом давра зистааст ва он давра чӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дошт. Ин вазифаи таърих аст, шукр, ки дар ҳама мактабу донишгоҳҳо дарси таърих омӯзонида мешавад. Вазифаи курси адабиёт омӯзонидани худи адабиёт ва матни адабист, на чизҳои нолозими дигар. Тамоми дарсҳо, чӣ дар мактабҳои миёна ва чӣ дар донишкадаву донишгоҳҳо бояд дар асоси матни адабӣ сурат гирад: матни адабӣ (чи назм ва чи насри бадеӣ) масъалаи марказии таълими адабиёт бошад, на нақли мундариҷаи асарҳо ва шарҳи ҳоли адиб.
Овора шудан ба нақли мазмуни асарҳои бадеӣ дар дарсҳои адабиёт ҷавононро аз таъми лазизи каломи бадеъ дур мекунад, хонанда аз «қудрати ҷонофарин» (ибораи устод Қаноат) доштани сухани адабӣ ноогоҳ мемонад, хонанда танҳо аз натиҷа хабардор мешавад, на аз чӣ гуна ҳосил шудани натиҷа. Ба ёд биёрем, ки дар илми эстетика ё чеҳрашиносии адабӣ бисёр муҳим аст, ки ин ё он маводи адабӣ чӣ гуна гуфта мешавад, на чӣ гуфта мешавад.
Шашум, ҳатман дар макотиби миёна дарси махсуси «Сад нависандаи маъруфи ҷаҳон»-ро бояд ба роҳ монд (панҷоҳ адиб барои синфи 10 ва панҷоҳ адиби дигар барои синфи 11).
Интихоби адибон масъалаи муҳимтарин аст ва бояд меъёрҳои интихоб ҳам муҳим бошад. Беҳтар мебуд, ки чунин интихоб аз рӯйи меъёри ҳунари волои нависандагӣ бошад ва баъдан роҳу равиши эҷод. Ба фарзи мисол, Теодор Драйзер ё Эрнест Ҳемингуэй беҳтарин намояндагони равия ё методи вуқуъгароӣ ҳастанд, Габриэл Маркес ё Борхес – реализми ҷодуии Амрикои Лотинӣ, Жорж Санд ва Мюссе беҳтарин муаррифони романтизм ҳастанд ва Албер Камю ё Франс Кафка – намояндагони равиши бехатарии вуҷудӣ.
Танҳо дар ҳамин шаклу тарзи пешниҳоди адибон ва осори онҳо ҷавонон аз чӣ гуна густарда будани майдони адабиёт ва то чӣ андоза гуногун будани неруи қалами эҷодкорон ва худи зарфияти бапаҳнои каломи адабӣ огоҳ хоҳанд шуд. Ба ин роҳ тамоилоти завқии ҷавонон ба ҳар ҷонибе рушд хоҳад кард: яке аз осори бадеии вуқуъгароӣ эҳтиёҷоти маънавии хешро қонеъ хоҳад кард, дигаре аз осори романтизми гуворо ба зиндагии шахсии хеш романтика зам хоҳад кард, севумӣ тавассути рамзу розҳои ҳакимона ба дунёи ҳастӣ назари ҷудогона пайдо мекунад.
Адабиёт низ мисли фалсафа ё улуми дигари иҷтимоӣ тафаккурсоз аст, агар илмҳои дигар тавассути категорияҳои дақиқи илмӣ олами ашёро пажуҳиш кунанд, адабиёт тавассути намоён кардани манзилҳои гуногуни олами ҳастӣ ва дунёи эҳсосу андешаи одамон тасаввури муайяне дар шуури инсонҳо ба вуҷуд хоҳад овард. Ва бисёр муҳим аст, ки асари бадеӣ хонандаро мисли оҳанрабо ба худ бикашад ва андаруни асар бо қаҳрамонҳову ҳодисаҳо як ба як бигузорад.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос













