Паҳлуҳои зиёди як дарс

Тавре маълум аст, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд. Дар ин росто, китобҳои «Забони тоҷикӣ» ва «Математика» барои синфи 5 тибқи талаботи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Маҷмуи китобҳои насли нав аз китоби дарсӣ, тавсияҳои методӣ барои омӯзгор, варақаи арзёбӣ, дафтари кори хонанда, барномаи таълимии фан иборат аст. Инчунин, барои рушди салоҳиятҳои фаннӣ ва омода намудани нақшаҳои тақвимӣ «Барномаи таълимии фанни забони тоҷикӣ» таҳия шудааст, ки боиси дастгирӣ мебошад. Дар ин матлаб намунаи методикаи таълими баргузории машғулиятҳоро аз фанни «Забони тоҷикӣ» дар мисоли як мавзуъ («Тавсифи шахс») пешниҳоди шумо мегардонем.
Барои таълими мавзуи «Тавсифи шахс» мувофиқи барномаи таълимии фан (2024) 7 соат (аз ин миқдор 5 соат ба таълими мавзуъ ва 2 соати дигари он барои арзёбӣ ва ислоҳи ғалатҳо) ҷудо шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҳар як фасли китоб 2 соат барои арзёбӣ ва ислоҳи ғалатҳо мавҷуд аст, ки омӯзгор фаъолияти хонандагонро дар иҷрои супоришҳо арзёбӣ намуда, пас аз гузаштани мавзуъ як соати дигар кор бо ғалатҳоро ба роҳ мемонад. Равиши омӯзиши китобҳои насли нав ҷолиб буда, таълими ҳар як мавзуъ дар 5 марҳала, аз ҷумла, кӯшиш мекунем, мушоҳида мекунем, хулоса мекунем, татбиқ мекунем ва мулоҳиза мекунем ба нақша гирифта шудааст.
Китобҳои дарсии насли нав тибқи риояи талаботи муносибати босалоҳият ба таълим, аз ҷумла, салоҳиятҳои асосӣ, ҳамкорӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, муошират ва эҷодкорӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо омода карда шудаанд. Китобҳои дарсии насли нав аз китобҳои пешина бо фарогирии мавзуъҳо ва хусусиятҳо фарқ мекунанд, аз ҷумла, супоришҳо тариқи инфиродӣ иҷро гардида, то анҷоми дарс омӯзгор ҳамчун роҳбалад супоришҳоро назорат намуда, дар омӯзиши мавзуи баррасишаванда рушди ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагонро арзёбӣ мекунад. Ба таври намуна, нақшаи яксоатаи дарсиро барои омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ пешниҳод менамоем. Ин нақша тавсиявӣ буда, омӯзгорон метавонанд дар нақшаҳои яксоатаи дарсии худ тағйиру иловаҳо ворид намоянд.
Нақшаи яксоатаи дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои хонандагони синфи 5 (дар асоси китобҳои насли нав)
Мавзуъ: Тавсифи шахс. Тавсифи нишонаҳои зоҳирӣ. Тавсифи нишонаҳои ботинӣ.
Натиҷаҳои омӯзиш:
Дониш: хонандагон медонанд, ки шахсро аз рӯйи нишонаву хислатҳояшон тавсиф мекунанд;
– шахсро бо истифода аз сифатҳои (калимаҳои тавсифӣ) ба воситаи монандкунӣ (ташбеҳ) тавсиф мекунанд.
Маҳорат: хонандагон метавонанд:
– тавсифи шахсро дар матн пайдо кунанд;
– муайян кунанд, ки чӣ тавсиф шудааст;
– муайян кунанд, ки тавсиф ба кадом роҳ сурат мегирад;
– дараҷаи баланди тавсифро муайян кунанд.
Фаҳмиш: хонандагон мефаҳманд:
– тавсиф бо мақсади муайян навишта мешавад;
– тавсифи мукаммал бо истифодаи зиёди нишона ва хислатҳои шахсӣ сурат мегирад.
Салоҳият: рушди салоҳияти иртиботӣ (коммуникативӣ).
Салоҳиятҳо:
– риоя намудани нишонаҳои тавсиф;
– фарқ намудани нишонаҳои ботинӣ ва зоҳирӣ;
– истифодои калимаҳои тавсифӣ ва монандкунӣ ҳангоми тавсифи шахс.
Зерсалоҳият: тавсифи шахс.
Маводи таълим: китоби дарсӣ, дафтари кори хонанда, тавсияҳои методӣ барои омӯзгор, расмҳо.
Равиши дарс:
– риояи қоидаҳои салом;
– баҳисобгирии давомоти хонандагон;
– ба дарс омода намудани хонандагон.
Ангезиши зеҳн: Саволу ҷавоб оид ба мавзуи гузашта сурат мегирад. Мавзуи гузаштаро бо мавзуи нав алоқаманд намуда, хонандагон бо мавзуи нав тариқи проблемагузорӣ шинос мешаванд.
Гузориши масъала: Хонандагон дар озмуни шаҳрии «Рассоми беҳтарин» бояд иштирок намоянд. Барои тасвири шахс, инчунин, монандкунӣ чӣ кор бояд кунанд?
Супориши №1. Омӯзгор аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки матни «Холаи Зулайхо»-ро хонда, дар дафтарҳои корӣ дар зери калимаҳое, ки барои тавсифи шахс зарур аст, хат кашанд (хонандагон 4-5 дақиқа матнро хонда, супоришро иҷро мекунанд).
Дар ин супориш хонандагон меомӯзанд, ки шахсро чӣ тавр тавсиф мекунанд ва кӯшиш мекунанд донанд, ки барои тавсифи шахс кадом сифатҳо муҳим аст.
Супориши №2. Пас аз иҷрои супориши №1 кори дунафара анҷом дода мешавад. Хонандагон кори ҳамдигарро муқоиса мекунанд. Онҳо калимаҳоеро, ки ба зерашон хат кашидаанд, ба доира гирифта, дар зери калимаҳое, ки гуногун иҷро кардаанд, хатти мавҷдор мекашанд.
Супориши №3. Дар ин машқ сабаби нишон надодани калимаҳои тавсифиро баррасӣ намуда, сабабҳоро ҷустуҷӯ мекунанд.
Супориши №4. Дар ин ҷо омӯзгор шакли дурустро хонда, хонандагон кори хешро муқоиса ва арзёбӣ мекунанд. Матни худро муқоиса намуда, ғалатҳоро бо ранги сурх ишора менамоянд.
Супориши №5. Дар ин ҷо хонандагон баррасӣ мекунанд: ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, ҳангоми иҷрои супоришҳо барояшон чӣ душвор буд; оё сабаби нодуруст интихоб намудани калимаҳои тавсифиро муайян карда тавонистанд? Пас аз ислоҳи ғалатҳо, хонандагон калимаҳоеро, ки барои тавсифи шахс лозиманд, менависанд. Таъкид кунед, ки ба хотир гиранд: барои тавсифи шахс сифатҳои зоҳирӣ ва ботинӣ муҳиманд.
Супориши №6. Хонандагон аз рӯйи мушкилоте, ки ҳангоми таҳияи супо­ришҳо рух дод, саволе таҳия мекунанд, ки фарогири мавзуи омӯзишӣ бошад. Пурсед, ки аз омӯзиши ин мавзуъ чиро донистан мехоҳанд? Пас аз муҳокимарониҳо хонандагон ба таҳияи саволи асосӣ – «Дар тавсифи шахс чӣ муҳим аст?» машғул мешаванд.
Дар қисмати охири фасли дарси якум дар ҷадвал кори хонанда ва омӯзгорро таҳия мекунанд. Яъне, дар ин дарс хонандагон ва омӯзгор чӣ корҳоро анҷом доданд. Пас аз муҳокимаронии гурӯҳӣ ҷавоби худро муаррифӣ мекунанд. Инчунин, ҷадвали тартибдодаашонро бо ҷадвали дуруст муқоиса мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки хонандагон аксари супоришҳоро пас аз иҷрои масъала ба шакли дурусти супориш қиёс намуда, корашонро арзёбӣ ва ислоҳ мекунанд, ки ин натиҷаи хуб медиҳад.
Ҷамъбасти дарс: назорат кардани иҷрои супоришҳо дар дафтари хонандагон. Инчунин, аз 5-6 нафар мепурсад, ки барои тавсифи шахс чӣ муҳим аст. Дар марҳалаи кӯшиш мекунем хонандагон ба ғалатҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аммо дар қисматҳои баъдина онҳоро ислоҳ мекунанд.
Баҳогузорӣ: Омӯзгор интихобан ба 5-6 нафар хонанда баҳо мемонад. Бояд баҳои рӯзнома ба журнали синфӣ мувофиқ бошад.
Супориши вазифаи хонагӣ: Супориши №7-ро дар хона мустақилона иҷро мекунанд. Супориш ба таври инфиродӣ буда, дар дафтари корӣ иҷро мешавад (Китоби дарсӣ, фасли 10, саҳ.77).
Тавсияҳо:
– барои ҳар фасл дар шакли умумӣ дониш, маҳорат, фаҳмиш, салоҳият ва зерсалоҳият муайян мешавад. Дарси баъдина, агар марҳалаи «Мушоҳида мекунем» бошад, аз супориши вазифаи хонагӣ оғоз мегардад;
– вазифаи хонагӣ барои хонандагон (Супориши №7) дода мешавад, ки онро ба таври инфиродӣ иҷро мекунанд;
– асосан барои ҳар як марҳала (кӯшиш мекунем, мушоҳида мекунем, хулоса мекунем, татбиқ мекунем, мулоҳиза мекунем) тибқи барномаи таълимӣ як соат муайян шудааст. Баъзе ҳолатҳое мешаванд, ки вақти дарс барои иҷрои супоришҳо камӣ мекунад, аз ин рӯ, дар дарси оянда пайдарпай иҷро намудани супоришҳо шарт аст. Бо вуҷуди ин, барои дар як соат ба охир расондани як марҳала шитоб ҳам накунед, чунки дар марҳалаҳои баъдина супоришҳо камтар буда, мавзуъро пурра ба хонандагон мегузаред;
– кӯшиш кунед, ки шумо дар дарс ҳамчун роҳбалад бошед. Супоришро хонандагон хонанд, аз 2-3 нафари дигар иҷрои супоришро пурсед. Бовар ҳосил намоед, ки хонандагон матни иҷрои супоришро фаҳмиданд;
– вақти асосӣ барои лаҳзаҳои дарс муайян нашудааст. Кӯшиш намоед, ки вақти зиёдро ба иҷрои супоришҳо ҷудо намуда, хонандагон фаъол бошанд;
– иҷрои супоришҳои ҳар як хонандаро назорат карда, барои иҷрои босифати машқ тавсияҳо диҳед;
– тавсияҳои методиро чун роҳнамо истифода намоед. Иҷрои супоришҳоро ба кори хонандагон муқоиса ва шакли дурусти супоришҳоро бо онҳо муҳокима намоед;
– фаъолияти ҳар як хонандаро дар дарс арзёбӣ кардан хуб аст, аммо дар ин усули омӯзиш барои арзёбии ҳар як фасл як соат муайян шудааст. Аз ин рӯ, омӯзгорро зарур аст, ки аз рӯйи иҷрои супоришҳо кори хонандагонро дар анҷоми фасл тибқи варақаи арзёбӣ баҳогузорӣ намояд;
– пурсиши вазифаи хонагиро ба таври муҳокима баррасӣ карда, барои ворид шудан ба марҳалаи баъдина аз он истифода баред;
– пас аз анҷоми ҳар як дарс нуктаи назари хонандагонро дар бораи мушкилиҳои ин марҳала пурсед;
– иҷрои матни супоришро ба ҳаёти хонандагон мувофиқ гардонед. Масалан, ба холаи Зулайхо модари кӣ ва ё кадоме аз занҳои ҳамсояи шумо монандӣ дорад? Ё шумо ягон филмро тамошо кардаед, ки ба холаи Зулайхо монандӣ дошта бошад? Ҳамин гуна мисолҳоро ҷиҳати рушди тафаккури интиқодии хонандагон овардан мумкин аст.
– хонандагон то анҷоми ин марҳала ба мақсадҳои зерин бояд ноил гарданд:
– зарурати омӯзиши тавсифи шахсро дарк кунанд;
– супориши мушкилро мустақилона иҷро кунанд;
– ба таври муқоиса супоришҳоро иҷро кунанд;
– масъалаҳои муҳимми воқеиро дар дарки нишонаҳои тавсифӣ муайян намоянд;
– фикри худро озодона ва бо асосҳои илмӣ баён кунанд.
Шаҳбоз РУСТАМШОЗОДА,

директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб

Добавить комментарий