Эҳёгари таърихи навини тоҷикон

Амалишавии орзуву омол ва хушбахтии халқи тоҷик дар он аст, ки тавонистем соҳибдавлатиро баъди ҷоннисориҳову заҳматҳои зиёд ба даст орем. Маҳз ҳамин соҳибдавлатӣ буд, ки имкон ёфтем дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хешро пайдо намоем. Ҷойи баҳс нест, ки устуворию побарҷо мондани ин давлат бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии ногусастанӣ дорад. Донишу хиради азалии Пешвои миллат боис шуд, ки миллати дар ҳолати парешонии мо аз нав эҳё шудаву ба ҳам биёяд.

Фаъолияти сулҳофаронаи Президенти кишвар чашмрас буда, ҳамеша сутуда мешавад. Он маҳз бо ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор гашт. Мубориза ва ҷоннисориҳои ин абармарди олами сиёсат ҳанӯз дар даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар ба мо аён гардид. Барои боло бурдани обрӯю эътибори миллати тоҷик ва ин давлат тамоми неруву иқтидори хешро сарф намудаанд.
Шаъну шараф ва эътибори Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, он касро ҳамчун як сиёсатмадори варзидаву соҳибтаҷриба мешиносанд.
Бо дастури Пешвои миллат ба ҳар як оилаи ҷумҳурӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва асари арзишманди шоири тавонои тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» тақдим карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки андешаҳои миллатпарваронаю миллатдӯстонаи Пешвои миллат дар асарҳояшон, аз ҷумла, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Саргузашти миллати соҳибтамаддун», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Уфуқҳои истиқлол» баръало ҳис карда мешавад.
Барои рушду нумуи илму фарҳанг бо ибтикор ва дастгириҳои Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор ва роҳандозӣ шуданд. Озмунҳои мазкур дар тафаккури миллати тоҷик, бахусус, наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ бахшида, барои шинохту эътирофи асолати миллӣ саҳми бузург доранд.
Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, моро муяссар гардид, ки истиқлоли комили забони тоҷикиро низ ба даст орем. Забоншиноси шинохтаи тоҷик, шодравон Ғаффор Ҷӯраев дар ин маврид гуфтааст: «Бахти миллати тоҷик дар масъалаи забон аз ҳама бештар дар даврони мустақилияти кишвар баландӣ кард, зеро сарнавишт барои вай дар симои шахсияти маорифпарвари давр Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро тақдим намуд, ки масъалаи забонро як рукни муҳимтарини сиёсати фарҳангии худ қарор додааст».
Бояд гуфт, ки бунёд ва бозсозии неругоҳҳои барқи обӣ аз иқдомҳои муҳимми сиёсати энергетикии Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Айни ҳол сохтмони неругоҳи бузурги аср НБО «Роғун» бомаром идома дорад.
Тамоми ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои миллат баҳри ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо ва оромиву осудагии миллати тоҷик равона гардидааст. Ин нуктаро мардуми кишвар ҳамарӯза дар фаъолияти хеш эҳсос менамоянд.
А. Қуқанов,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

Добавить комментарий