Бисёр хуб аст, ки дар кӯчаву роҳҳо, боғ, хиёбону гулгаштҳои мо шиору овезаҳои рангобаранг насб кардаанд. Аммо оё имло (тарзи навишт), мазмуну муҳтаво, тарҷумаи онҳо ба забонҳои давлатию хориҷӣ ҷавобгӯйи талабот аст? Барои огаҳии амиқ дарёфтан аз ин масъала аз маҳаллаи Фурудгоҳ қад-қади кӯчаи марказӣ то майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ қадам задам ва ҳаддалимкон ба шиору овезаю лавҳаҳо ва номҳо таваҷҷуҳманд шудам. Чанде аз онҳоро айнан меорам: «Самбуса центр», «Плов центр», «ALISHA SHOP всё для вас», «Дасти дуюм», «Сэконд хенд», «Парфюмерия», «Косметика», «Сувениры», «Мини-маркет БАШАНД», «Pamir сеть», «Pamir Plaza», «Huawei», «Чудо товар», «Стоматология», «Тсеll», «Кафе Баракат» ва ғайра. Акнун хонанда худ биандешад ва хулоса барорад, ки ин лавҳаю овезаҳо то кадом сатҳ дуруст сабт шудаанд ва мафҳуму мантиқу маънии заруриро ифода кардаанд?!
Дар ин маврид бо журналистони Идораи радио ва телевизиони ВМКБ Адолат Мастуллоева, Нилуфар Нургулова, Шабнам Шонизорова ҳамсуҳбат шудем. Вақте дар бораи лавҳаю овезаҳои бо ҳуруфу забони хориҷӣ насбшуда гап задам, Адолат гуфт, ки баъзе вожаҳо мисли «Faberlic» ба забони тоҷикӣ баргардон намешаванд. Шояд барои ин вожа муродифи аслӣ ба забони тоҷикӣ пайдо нагардад, вале ҳаммаънои наздик бояд дошта бошад. Лекин вақти он расидааст, ки чунин овезаҳо бозбинӣ шудаву аз нав насб гарданд. Нилуфар мегӯяд, ки на ҳамаи шиору овезаҳо дуруст навишта шудаанд, бояд ба имлои онҳо диққати зарурӣ дод.
Пас аз суҳбат бо ин журналистон ваколатдори Намояндагии ҳуқуқи инсон дар ВМКБ Фарзона Мастоншоеваро дар коргоҳаш дарёфтам. Ин ҷавонзанро забонҳои русиву англисиро бисёр хуб балад аст, вақте ба забони давлатӣ гап мезанад, хаёл мекунӣ, ки факултети филология ё журналистикаро хатм кардааст. Ба саволи ман, ки чаро иддае аз ин лавҳаю овезаҳо ба забонҳои дигаранд, ҷавобе гуфт, ки худ дар андеша афтодам. Солҳои пешин созмонҳову шарикони рушд, ки дар вилоят афзун буданд, афзалиятро ба забони англисӣ медоданд ва он нафаронеро ба кор мегирифтанд, ки забони англисиро балад буданд, аммо ҳунару касбияту дониш дар ҷойи дуюм меистод. Он лавҳаю овезаҳое, ки имрӯз мебинем, ёдгору нишоне аз солҳои қаблист.
Дар кӯчаи марказӣ болои роҳ шиори зайлро овехтаанд: «Ояндаи Бадахшон дурахшон аст, бо Пешвои муаззами миллат». Шиори мақбул ифтихорӣ, вале чаро баъди «дурахшон аст» вергул гузоштаанд, маълум нест, ҳол он ки ҷумла ҷумлаи содаи тафсилист. Акнун ин ҷумларо ин хел менависем: «Ояндаи Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат дурахшон аст», ё «Бо Пешвои муаззами миллат ояндаи Бадахшон дурахшон аст». Дар куҷо вергул мемонед? Ҳеҷ ҷо, чунки дар ҷумлаи мазкур ин аломатро наметавон гузошт, зеро ҷою мавқеъ надорад!
Эҳтироми забон арҷгузорӣ ба миллат дониста мешавад, ба ин хотир, агар ин хатоҳо дар имлои шиору лавҳаю овезаҳо бартараф шаванд, қадаме ба пеш вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» хоҳад буд.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,