Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-951 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қабул гардид, ки заминаи мусоид барои шавқманд намудани наврасону ҷавонон, умуман, аҳли ҷомеа ба омӯзиши осори бадеӣ маҳсуб меёбад. Ба китоб майл намудани кӯдакону наврасон, донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сурат гирифта, асолати аҷдодии китобдӯстию китобхониро дар замири онҳо бедор намудааст.
Шоистаи таъкид аст, соли ҳаштум аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Натиҷаи ҷамъбасти соли 2025 нишон дод, ки сол то сол таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба озмун бештар мегардад. Соли 2025 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352042 нафар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 111037 (76801 духтар) буданд. Соли 2025 теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли 2024 дар даври якум 100776 нафар зиёд гардида, тибқи иттилои сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои кӯдаконе, ки ҳатто чор ва ё камтар аз он ҳам китоб хонда буданд, ба хотири ҳавасманд шудан барои иштирок дар даври якум имконият дода шуда буд. Аз 352042 нафар иштирокчии даври якуми озмун дар соли 2025 235 ҳазору 840 нафари онҳо хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд.
Дар даври дуюми озмун (соли 2025) 58250 нафар довталаб ширкат варзида, 3619 нафари онҳо барои иштирок дар даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Аз 3619 нафар довталаби даври сеюми озмун 435 нафар ҳамчун ғолиб дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карданд, ки аз ин шумора 3 нафар тоҷики бурунмарзӣ буда, 2 нафари онҳо тариқи маҷозӣ дар даври 4-уми озмун ширкат намуданд. Бо сабаби беморӣ 1 нафар тоҷики бурунмарзӣ аз шаҳри Лондони Британияи Кабир дар озмун ширкат карда натавонист.
Бори аввал дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки тоҷикони бурунмарзӣ, форсизабонон ва ҳамватанони хориҷи Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуд. Садҳо нафар мухлису ҳаводори китоб ва озмун аз тоҷикони бурунмарзӣ барои иштирок муроҷиат намуда, бо дарназардошти ҷавобгӯ набудани теъдоди китобҳои хондашуда ва аз ёд намудани шеъру ғазалҳои бештар дар доираи талаботи низомномаи озмун барои дар солҳои оянда омодагии ҷиддӣ гирифтан ва иштирокашон суҳбат анҷом доданд.
Ҳамзамон, дар доираи фармоиши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ситоди қабули ҳуҷҷатҳо ва дархости тоҷикони бурунмарзӣ ташкил карда мешавад.
Маълум аст, ки низомномаи озмун тартиб ва рӯйхати асарҳоро мушаххас менамояд. Мутаассифона, таҳлил муайян намуд, ки иддае аз довталабон қисмати аввали ин ё он асари бадеиро хондаанду халос. Масалан, қисмати аввали «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, ё як асар аз сегонаи Ҷалол Икромӣ («Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун») ва ё яке аз сегонаи повести фантастикии «Занбӯри айнакдор»-и Абдумалик Баҳорӣ ва ғайра.
Дар даври ниҳоии озмун дар соли 2025 94 нафар довталаб ғолиб шуданд, ки аз онҳо 57 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 19 нафар донишҷӯ ва 18 нафар калонсол буданд. Аз шумораи 94 нафар ғолиб 4 нафар ғолиби «Шоҳҷоиза» гардиданд, ки се нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва як нафар донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буданд.
Бо итминони комил гуфтан метавон, ки дар раванди тарғибу ташвиқи хонандагон ба китобхонӣ нақши оила ва муассисаи таълимӣ ниҳоят бузург аст. Мутаассифона, асноди дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм мавҷуда гувоҳ аз онанд, ки бештари муассисаҳои таълимӣ (махсусан, як теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ) дар давоми 7 соли озмуни мазкур як нафар ҳам ғолиби ҷумҳуриявӣ ва ҳатто ноҳиявӣ ва шаҳрӣ надоранд. Иштироки омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён аз ин муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, коллективи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тарғибу ташвиқ ва таҳрик додани хонандагону донишҷӯёнро ба таври зарурӣ роҳандозӣ накардаанд.
Иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, аз риштаҳои филологӣ, омӯзгорӣ ва гуманитарӣ дар озмун ниҳоят кам буда, дар оянда ҳамчун омӯзгор ба кор рафтану бо хонандагон роҳнамо шудани онҳо боиси нигаронӣ мебошад.
Соли 2026 озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мегардад. Дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ як гурӯҳи дигар — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ворид гардида, иштироки донишҷӯён дар номинатсияи мазкур бори аввал ба роҳ монда мешавад.
Дар номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-8 аз синфҳои 9-11 ҷудо карда шудаанд, ки дар ҳамаи номинатсияҳо гурӯҳҳо 5 адад шуданд. Яъне, гурӯҳи синфҳои 1-4, гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-9 ва гурӯҳи хонандагони синфҳои 9-11 вобаста ба хусусияти синусолии худ китоби бадеӣ хонда, дар доираи ҳамин синну сол пурсида мешаванд. Имсол теъдоди ғолибони озмун дар даври ҷумҳуриявӣ 118 нафар шуд, ки нисбат ба соли гузашта 24 ҷой зиёд мегардад.
Чун озмун ба ҳайси озмуни китобхонӣ муаррифӣ гардидааст, қабл аз ҳама, ба китобҳои бадеии хондашуда аҳаммият дода мешавад. Талаботи озмун ҳам ҳамин аст, ки аз китобҳои бадеии тавсияшуда, асли онҳоро бояд дарёфт ва мутолиа намуд. Порча аз ҳикояҳову повестҳо, қиссаю ривоятҳои аз байни онҳо ҷудокардашуда, достонҳои пароканда аз ашъори шоирон, ки дар маҷмуаҳои хурд ҷамъ оварда шудаву нашр гардидаанд, ба рӯйхати адабиёти тавсияшуда ворид намегарданд.
Дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон барои синфҳои 1-4 шеърҳо бояд аз ашъори шоирони кӯдакон гирифта шуда, дар сурати ғазал, достон, қитъа ва ё рубоиеро аз адабиёти классикӣ азёд гуфтани довталаб пурсидани вожаҳои душворфаҳми ин байтҳо ва ё қиссаҳои ёдшуда дар дохили шеъру ғазал барои кӯдакон ба роҳ монда намешавад.
Ҷалолиддин АМИР,
корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон













