Баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва гигиенӣ дар ҷомеа, бахусус, дар шароити имрӯза, ки дастрасии аҳолӣ ба иттилоот афзудааст, аҳаммияти аввалиндараҷа касб мекунад. Хушбахтона, имрӯз тавассути ҳамкориҳои манфиатбахши муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илм бо муассисаҳои тиббӣ имкон медиҳанд, ки қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан, кӯдакону наврасон аз омилҳои пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ огоҳ гарданд.
Барои расондани маълумоти аввалиндараҷа ба насли наврас имрӯз истифодаи васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ усули муфид ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, ҳамчун мутахассис мехостам оид ба яке аз бемориҳои сироятӣ, пайдоиш ва омилҳои табобату пешгирии он каме маълумот диҳам, зеро донистани маълумоти аввалиндараҷа барои омӯзгорон, хонандагон ва волидон аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Сурхча як бемории сироятии вирусӣ аст, ки бештар ба кӯдакон таъсир мерасонад. Ин беморӣ хеле осон паҳн мешавад, одатан тавассути ҳаво, сулфа ё атса задани шахси бемор мегузарад. Аломатҳои сурхча баъд аз 7-10 рӯз пас аз сироят шудан пайдо мешаванд.
Нишонаҳои он таби баланд, сулфа, сурх шудани чашм, доғчаҳои сафед дар даҳон ва доғчаҳои сурх дар пӯст мебошанд. Сурхча, махсусан, барои кӯдакони хурдсол, занони ҳомила ва одамоне, ки иммунитети паст доранд, хавфнок аст.
Агар сари вақт бемории сурхча дуруст табобат карда нашавад, метавонад боиси пайдоиши дигар бемориҳо, аз қабили илтиҳоби шуш, осеби мағзи сар ва заъфи организм гардад.
Усули беҳтарини пешгирӣ кардани он эмгузаронӣ мебошад. Дар вақти беморӣ бошад, бештар истироҳат кардан, моеъи зиёд нӯшидан ва нигоҳубини дуруст муҳим аст. Баъзан хастагӣ ва беқувватӣ ҳам эҳсос мешавад, ки ин ҳолати муқаррарии беморист.
Ҳангоми дарунравӣ аз организми бемор бисёр витаминҳо кам мешаванд. Барои ҳамин нӯшидани об, шарбат ва дигар моеъҳо кумак мекунад, ки онҳо барқарор шаванд. Истифодаи дору ҳам мумкин аст, вале ҳатман бо маслиҳати духтур.
Бемории сурхча бо дигар бемориҳо, мисли аллергия шабоҳат дорад, вале аз аллергия фарқ дорад. Ҳангоми бемории аллергия таб одатан баланд намешавад, доғҳо майдатар мешаванд ва зуд мегузаранд, ғадудҳои гардан калон мешаванд. Барои ҳамин инро бо сурхча омехта кардан дуруст нест.
Агар кӯдак ба сурхча гирифтор шавад, бояд бештар истироҳат кунад, ба мактаб ё боғча наравад, обу шарбатро зиёд нӯшад. Чашмҳоро бо оби тоза шустан лозим аст. Ҳавои хона бояд ҳамеша тоза ва тиреза кушода бошад.
Дар вақти табобат худсарона дору истифода бурдан дуруст нест – ҳатман бо духтур маслиҳат кардан даркор. Кӯдакро беҳтар аст дар хона алоҳида нигоҳ доранд. Агар нафаскашӣ вазнин шавад ё таб баланд гардад, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Дар аввали беморӣ аломатҳо, мисли зуком мешаванд ва 1-3 рӯз давом мекунанд. Баъд доғҳои сафед дар даҳон пайдо мешаванд, сипас доғҳо аввал дар рӯй ва пушти гӯш баромада, баъд ба тамоми бадан паҳн мешаванд.
Дар вақти беморӣ истеъмоли дурусти ғизо муҳим аст. Хӯрок бояд сабукҳазм ва аз витаминҳо бой бошад. Шӯрбои мурғӣ, биринҷова, картошкаи пухта, ярма ҳамчун ғизои сабукҳазм тавсия мешаванд.
Истеъмоли меваҳо, аз қабили себ, банан аз фоида холӣ нахоҳад буд. Инчунин, истеъмоли сабзавоти тару тоза манфиатбахшанд. Истеъмоли ғизоҳои равғанин, бирён, тунду тез ва обҳои газнок зарар дошта, аз истеъмоли онҳо ҳангоми беморӣ худдорӣ бояд кард.
Гулсара ИМОМНАЗАРОВА,
табиби оилавии Маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе













