Кафили рӯзгори босаодат

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бо дарназардошти ин омилҳо, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, рушди бесобиқаи иҷтимоиву иктисодӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муяссар гардидааст.

Маориф чун ниҳоди иҷтимоӣ таърихи бисёр қадима дорад ва дар ҳоли ҳозир муштамили миқдори бузурги муассисот мебошад, ки дар онҳо неруи бузурги кормандони касбӣ машғули заҳматанд. Ҳадафи таҳсилот сегона аст: интиқоли дониш, таҷрибаи иҷтимоӣ ва маҳорати истифодаи донишу таҷрибаи андӯхта ба шогирдон.
Дар аснои мулоқот бо аҳли маорифи кишвар Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар соҳаи маориф имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Омӯзгори асил меъмори ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки таъсири омӯзгор аз доираи мактабу донишгоҳ фаротар аст. Вай тарбиятгар, намунаи ибрат ва муҳаррики ҷомеа буда, тавассути роҳнамоии худ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки онҳо аз нуқтаи назари илмӣ андешаронӣ намуда, иштирокчиёни фаъоли рушди ҷомеаи имрӯза гарданд.
Бо эътирофи саҳми бебаҳои омӯзгорон, Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳу мақоми омӯзгор пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла, ба такмили барномаҳои таълимии омӯзгорон афзалият дода, ба онҳо усулҳои навтарин ва захираҳои таълимиро дастрас мегардонад.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас вазифаҳои муҳим меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, заҳматталаб буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Ин рисолати бузург аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯ­шишу ғайрати дучандро талаб менамояд.
Барои расидан ба ин ҳадаф низоми маориф дар ҷумҳурӣ такмилу тақвият ёфта, барои мутобиқ сохтани он ба сатҳи байналмилалӣ ва мукаммал намудани мазмуну мундариҷаи он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қаpop гирифтанд.
Барои ба талаботи рушди ҷомеа наздик сохтани маҳсули маънавӣ, дар шароити муосир ба зарурати сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи бештар равона карда мешавад. Пас сармояи инсонӣ – маҷмуи дониш, малака ва маҳорате, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон ва ҷомеа истифода мешавад, маҳсуб меёбад. Сармояи инсонӣ дар ташаккули шахсият нақши муҳим дорад
Маънои таҳсил кардан омӯзиши фардӣ ва шахсият шудан аст, ки қодир аст, ҳадаф ва вазифаҳои ҷомеаеро шиносад, ки дар он зиндагӣ мекунад. Ҳамзамон, ӯ қодир аст, дар рӯзгор мақоми хештанро дарёфта, роҳҳо ва имконоти ширкати бошууронаашро дар ҳаёти кишвари худ ҷустуҷӯ кунад.
Омӯзгор ба шогирд фақат маводи таълимиро не, балки зиндагиро тавассути муносибатҳои ҳасана ба ҳаёт ва рафтору ақоиди шахсӣ меомӯзонад.
Ба андозаи ташаккули шахсият ба раванди тарбия боз равандҳои худтарбиякунӣ, худомӯзӣ низ зам мегарданд. Кори мустақилу амиқ аз болои ақида ва дараҷаи дониши хеш барои шахсият офаридаҳои мураккаби руҳи инсониро дастрас мегардонанд.
Хулоса, мо-омӯзгорон дар навбати худ, вазифадорем, ки шогирдонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи бошарафона, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро ба воя расонем, ки онҳо, пеш аз ҳама, дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватандӯст бошанд ва барои рушду ободии ояндаи кишвар содиқона хидмат намоянд.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Добавить комментарий