Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши родмардони Ватан
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
***
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки ин нукта, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳазу муосир ғайриимкон мебошад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба таъсиси Артиши миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ оғоз намуд.
***
Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.
***
Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имкониятҳои беҳтарин муҳайё карда шудаанд ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем.
***
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.
***
Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омада, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ ва бехонумон мондани миллионҳо нафари дигар дар баъзе кишварҳои сайёра гардида истодаанд, моро водор месозанд, ки барои тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ба хусусияти таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он минбаъд низ тадбирҳои зарурии иловагӣ андешем.
***
Вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла, минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд.
***
Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд.
***
Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.
***
Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва матонату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озод эътимод дорам ва бо ифтихору итминон иброз медорам, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд.
***
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
***
Ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.













