ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ФЕНОМЕНИ ЗИЁИИ РАҲБАР ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР ЗИЁӢ ҲАМЧУН МАФҲУМИ ФАЛСАФӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХӢ

Дар тамаддуни инсонӣ мафҳуми «зиёӣ» ҳеҷ гоҳ танҳо бо донистани илм, соҳиби диплом будан ё мансубият ба табақаи муайяни иҷтимоӣ маҳдуд нашудааст. Зиёӣ, пеш аз ҳама, падидаи фалсафӣ, ахлоқӣ ва таърихист, ки дар иртибот бо масъулияти инсон дар назди ҷомеа, миллат ва замон шакл мегирад. Дар ҳар давру замон, новобаста аз шакли давлатдорӣ ё сохтори сиёсӣ, ҷомеа ба як қишри вижа эҳтиёҷ дорад, ки қодир бошад, на танҳо воқеиятро тавсиф кунад, балки онро дар сатҳи маънавӣ дарк намояд, ба он маъно бахшад ва роҳи ояндаи рушди ҷомеаро нишон диҳад. Ин қишр дар анъанаи фикрии миллӣ ва умумибашарӣ бо номи «зиёӣ» шинохта мешавад.

Дар фалсафаи классикӣ зиёӣ шахсест, ки миёни ақл ва ахлоқ, андеша ва амал, гузашта ва оянда пули маънавӣ месозад. Зиёӣ воқеиятро дарку маърифат намуда, ба манфиати инсон ва ҷомеа тағйир медиҳад. Аз ин рӯ, зиёӣ дар ҳошияи қудрат қарор намегирад, баръакс, ба қудрат таъсир мерасонад, ё худ қудратро бо маърифату ақидаи фардии хеш мазмун мебахшад. Дар ҳамин нукта масъалаи муҳим ба миён меояд: оё раҳбари сиёсӣ метавонад зиёӣ бошад? Агар ҳа, дар кадом ҳолат ва бо кадом меъёр?

Дар андешаи муосири иҷтимоӣ аксар вақт раҳбари сиёсӣ ва зиёӣ ҳамчун ду мафҳуми мутазод муаррифӣ мешаванд: яке намояндаи қудрат, дигаре намояндаи тафаккур. Аммо ин тақсимбандӣ бештар маҳсули таҷрибаи ҷомеаҳое мебошанд, ки дар онҳо қудрат аз маърифат ҷудо гардидааст. Дар тамаддунҳое, ки давлатдорӣ бар пояи ҳувияти фарҳангӣ ва худшиносии таърихӣ бунёд мешавад, ин ду мафҳум на танҳо мухолиф нестанд, балки метавонанд дар як шахсият ба ҳам оянд. Маҳз дар ҳамин замина масъалаи баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун зиёии асил аҳаммияти илмӣ ва фалсафӣ пайдо мекунад, зеро ду мафҳуме, ки гуфтем, дар амалу рафтори он кас баръало эҳсос мешавад.

Аммо пеш аз он ки ба таҳлили шахсияти мушаххас гузарем, зарур аст, ки мафҳуми зиёӣ аз лиҳози назариявӣ дақиқ ва таъриф карда шавад. Зиёӣ кист? Оё ӯ танҳо тарбияёфтаи муҳити академист? Ё зиёӣ, пеш аз ҳама, падидаи таърихист, ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ зуҳур мекунад?

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки зиёиён бештар дар давраҳое падид меоянд, ки миллат ё ҷомеа дар остонаи аз даст додани ҳувият, забон ё давлатдорӣ қарор мегирад. Дар чунин лаҳзаҳо зиёӣ на танҳо сухангӯ, балки наҷотбахши маънавӣ маҳсуб меёбад.

Дар таърихи тоҷикон мафҳуми зиёӣ ҳамеша бо рисолати иҷтимоӣ ҳамроҳ буд. Аз адибону мутаффакирони асрҳои миёна то равшанфикрони ибтидои асри ХХ, зиёӣ оне ба шумор меравад, ки дар назди мардум масъулият эҳсос мекунад. Ӯ метавонад шоир, файласуф, омӯзгор ё сиёсатмадор бошад, аммо меъёри асосӣ на касб, балки шуур (интеллект) ва масъулият мебошад. Аз ин нуқтаи назар, зиёӣ на ба шароиту омилҳои берунӣ, балки аз мавқеи шинохти маърифати инсон ва афкори психологии ӯ вобаста мебошад.

Фалсафаи иҷтимоӣ зиёиро ҳамчун субъекти худогоҳ таъриф мекунад. Худогоҳӣ дар ин маврид танҳо ба маънии шинохти худ нест, балки шинохти миллат, таърих ва рисолати таърихист. Зиёӣ касест, ки таърихро ҳамчун сарнавишти муштарак дарк намуда, худро аз он ҷудо намеҳисобад. Маҳз ҳамин эҳсоси пайвас­тагӣ аст, ки зиёиро аз дигар ашхоси бетараф тафовут медиҳад.

Дар ҷомеаҳои муосир, махсусан, дар марҳалаҳои гузариш нақши зиёӣ боз ҳам мураккабтар мегардад. Ӯ бояд миёни суннат ва навоварӣ, миёни арзишҳои миллӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ тавозун барқарор намояд. Ин вазифа танҳо бо сухан иҷро намешавад. Он ирода, ҷасорат ва қудрати амал карданро талаб мекунад. Дар ҳамин ҷо масъалаи иртиботмандии қишри зиёӣ бо раҳбарӣ ба миён меояд. Раҳбаре, ки танҳо идора мекунаду андешаву тафаккури таҳлилӣ надорад, метавонад давлатро ба бунбаст мувоҷеҳ созад. Аммо раҳбаре, ки дорои ақоиди фардист ва масъулияти таърихиро эҳсос мекунад, метавонад дар баробари давлат миллатро низ ҳифз кунад.

Дар ин замина, баррасии шахсияти Раҳбари давлат ҳамчун зиёӣ маънои ситоиши сиёсиро надорад, балки таҳлили модели хоси раҳбарӣ мебошад. Ин модел дар асоси худшиносии миллӣ, эҳсоси рисолати таърихӣ ва истифодаи маърифат дар сиёсат шакл мегирад. Барои ҷомеаҳое чун Тоҷикистон, ки дар охири асри ХХ аз буҳрони шадиди давлатдорӣ ва маърифату шинохти ҳувиятӣ гузаштааст, чунин модел на танҳо назарӣ, балки ҳаётан муҳим буд.

Дар оғози истиқлол Тоҷикистон на танҳо мушкилоти иқтисодию сиёсӣ дошт, балки пеш аз ҳама, бо буҳрони маънавӣ гирифтор буд. Саволи асосӣ ин набуд, ки чӣ гуна иқтисодро рушд диҳем, балки он буд, ки мо кистем ва ба куҷо равонаем? Дар чунин шароит зиёӣ оне ҳисоб меёфт, ки метавонад ба ин савол ҷавоб диҳад ва онро ба сиёсати амалӣ табдил диҳад. Маҳз дар ҳамин нукта Раҳбари давлат ҳамчун шахсият метавонад аз доираи сиёсат берун рафта, ба сатҳи зиёӣ ва равшанфикр бирасад.

Зиёӣ, пеш аз ҳама, инсонест, ки моҳияту ҷавҳари замонашро дарк мекунад, аммо асири он намешавад. Ӯ метавонад дар дохили сохтори қудрат бошад, аммо қудратро ба ҳадафу манофеи худ табдил намедиҳад. Барои ӯ қудрат танҳо восита аст, на ғоя. Ва маҳз дар заминаи ҳамин тафовут аст, ки зиёии асил аз сиёсатмадори маъмулӣ ҷудо мешавад. Қудрат мегузарад, мансаб иваз мешавад, аммо тафаккур ва осори маънавӣ боқӣ мемонад.

БУҲРОНИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ЗАРУРАТИ ЗИЁИИ РАҲБАР: ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ ТАЪРИХ

Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди сиёсӣ, балки озмоиши таърихӣ буд. Дар оғоз истиқлол ба миллате расид, ки ҳанӯз пояҳои мустаҳками давлатдории муосир, таҷрибаи идоракунии мустақил ва ҳамгироии арзишҳои миллӣ низоми сиёсиро пурра ташаккул надода буд. Дар чунин ҳолат истиқлол метавонад ҳам неъмат бошад ва ҳам хатар. Ҳама чиз аз он вобаста буд, ки кӣ ва бо кадом ҷаҳонбинӣ масъулияти роҳнамоии давлатро ба дӯш мегирад.

Оғози солҳои навадуми асри ХХ Тоҷикистонро ба майдони бархӯрди на танҳо манфиатҳои сиёсӣ, балки тафаккур ва тасаввуроти мухталифи худшиносӣ табдил дод. Ҷомеа дар ҷустуҷӯи посух ба саволҳои бунёдӣ қарор дошт: давлат чӣ гуна бояд бошад, миллат бар кадом арзишҳо такя кунад ва оянда бо кадом роҳ ҷомеа сохтаву ташаккул ёбад? Дар чунин лаҳзаҳо, таърих нишон медиҳад, ки на ҳар сиёсатмадор қодир аст, ҷомеаро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад. Ин корро танҳо раҳбаре анҷом дода метавонад, ки ба ҷуз иродаи сиёсӣ, инчунин, тафаккури интеллектуалӣ (ба маънои созанда)-ро дорад.

Буҳрони шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон танҳо низои мусаллаҳона набуд. Он, пеш аз ҳама, нишонаи фурӯпошии ягонагии маънавии қишрҳои ҷомеа буд. Забон, таърих, хотираи муштарак ва эҳсоси мансубият ба як сарнавишт зери зарба қарор гирифт. Дар чунин вазъ, вазифаи асосии раҳбар танҳо таъмини амният ё барқарор сохтану эҳёи иқтисод набуд. Вазифаи аслӣ барқарор кардани маъно буд: маъною моҳияти давлат, миллатсозӣ ва зиндагии муштарак дар як фазои сиёсӣ.

Маҳз дар ҳамин фаҳмишу бардошт раҳбарӣ аз сатҳи маъмурӣ ба сатҳи фалсафӣ мегузарад. Раҳбаре, ки дар чунин шароит масъулиятро ба дӯш мегирад, бояд қодир бошад, мушкилу низоъҳои воқеиятро на танҳо ҳаллу фасл ва идора кунад, балки онро тафсир ва рамзгузорӣ намояд. Зиёии асил маҳз дар ҳамин гуна вазъу марҳалаҳо зуҳур мекунад. Ӯ ба ҷомеа мефаҳмонад, ки чаро дар он табақаҳои ҷомеа бояд бо ҳам бошанд, чаро сулҳ арзиши бебаҳост ва чаро давлатдорӣ танҳо сохтор не, балки шакли зиндагии муштараки аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бидуни чунин раҳбари зиёимаслак кишвар метавонист ба як минтақаи доимии низоъу кашмакашҳои сиёсӣ табдил ёбад. Дар Тоҷикистон масъалаи муттаҳидсозӣ (ваҳдат) на вазифаи иловагӣ, балки шарти бақои давлат ба ҳисоб мерафт.

Дар чунин шароит баромади Раҳбари давлат ба сифати зиёӣ маънои онро надошт, ки ӯ худро аз сиёсат ҷудо мекунад. Баръакс, ин маънои онро дошт, ки сиёсат бо маърифат мукаммал мешавад. Ҳар иқдоми сиёсӣ бояд ба як тасаввури муайяни миллӣ такя кунад. Агар ин тасаввур вуҷуд надошта бошад, қарорҳо тасодуфӣ мешаванд ва давлат ба маҷмуи механизмҳои бемаънию беҳадаф табдил меёбад. Аммо вақте сиёсат аз як ҷаҳонбинии воҳид ғизо мегирад, он ба василаи ташаккули ҳувият табдил меёбад.

Таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон танҳо натиҷаи музокирот ё созишномаҳо набуд. Он, пеш аз ҳама, натиҷаи тағйири дискурси миллӣ буд. Ҷомеа бояд аз ҳолати «мо ва онҳо» ба ҳолати «мо» бармегашт. Ин тағйирот танҳо бо суханони сиёсӣ амалӣ намешавад, зеро он тағйири тафаккур, забон ва арзишҳоро талаб мекунад. Ин ҷо нақши зиёии раҳбар равшан мегардад: раҳбар бояд тавонад сухану афкори сиёсиро ба каломи фарҳангию манънавӣ табдил диҳад.

Дар солҳои аввали истиқлол масъалаи таърих ва хотираи миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Таърих барои ҷомеае, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, на танҳо гузаштаи дур, балки асоси таҷдиду эҳёи бовару эътиқод ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки миллат қаблан ҳам марҳалаю давраҳои душворро паси сар кардааст ва қодир аст, боз ҳам худро эҳё намояд. Ин фаҳмиш танҳо тавассути тафаккури зиёӣ ба сиёсати давлатӣ ворид шуда метавонад.

Дар ҳамин марҳала, забони миллӣ низ ба унсури калидии давлатдорӣ табдил меёбад. Забон на танҳо воситаи муошират маҳсуб меёфт, балки он рамзи соҳибдавлатӣ ва худшиносӣ гардид. Раванди эҳёи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ танҳо бо қарорҳои расмӣ имконпазир нест. Ин раванд раҳбареро талаб мекунад, ки худ дарки фарҳангӣ доштаву равшанфикр бошад ва тавонад онро ба сиёсати амалӣ табдил диҳад. Ин ҷо боз ҳам ба масъалаи зиёият бармегардем: зиёӣ касест, ки фарҳангу маънавиятро ҳамчун зершуури рушди ҷомеаи пешрафта ва бақои давлатдории миллӣ эҳсосу дарк мекунад ва онро ба забони замон тафсир мекунад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, Раҳбари давлат дар Тоҷикистон на танҳо нақши сиёсатмадор, балки нақши муаллим ва роҳнаморо иҷро карданд. Муаллим дар ин ҷо ба маънои дарс гуфтан дар мактабу донишгоҳ нест, балки ба маънои омӯзонидани ҷомеа ба зиндагию фаъолияти мустақил аст. Миллат бояд меомӯхт, ки чи гуна масъулияти давлатдориро ба дӯш гирад, чи гуна ихтилофро ба гуфтугӯ табдил диҳад ва чи гуна арзишҳоро аз манфиатҳои муваққатӣ болотар гузорад.

Дар ин марҳала, зиёигарию равшанфикрӣ ҳамчун хислати шахсии раҳбар нақши ҳалкунанда бозид. Вақте раҳбар қуд­ратро бо маърифат ҳамоҳанг мекунад, он ба василаи муҳимми тарбиявӣ табдил меёбад. Ин аст тафовути раҳбари зиёимаслак аз раҳбари маъмулӣ.

ҶАҲОНБИНӢ, МАЪРИФАТ ВА ҚУДРАТ: ЗИЁӢ ҲАМЧУН МЕЪМОРИ СИЁСАТИ МАЪНАВӢ

Мо масъалаи зиёиро ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва зарурати таърихии зуҳури раҳбари зиёимаслак дар Тоҷикистон то як андоза баррасӣ кардем. Акнун ба сатҳи дигар – ҷаҳонбинӣ ҳамчун пояи маснади раҳбарӣ таваҷҷуҳ мекунем, зеро зиёигарӣ на дар суханҳои зебо ва на дар ишораҳои рамзӣ, балки дар усули фикрронӣ, дар тарзу шеваи мушоҳидаву дарки ҷаҳон ва дар меъёри қабули қарорҳо зоҳир мегардад.

Ҷаҳонбинии зиёӣ ҳамеша аз тасаввури васеи таърих ва инсон оғоз мешавад. Барои зиёӣ давлат танҳо сохтори ҳуқуқӣ ё маъмурӣ нест, балки он, пеш аз ҳама, шакли таърихии ҳастии миллат аст, ки дар дарозои ҳамин таърих такомулу таҳаввул ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар қарори сиёсӣ бояд на танҳо бо манфиати имрӯза, балки бо сарнавишти фардои миллат андоза карда шавад. Дар ҳамин ҷо фарқи раҳбари зиёимаслак аз раҳбари прагматикӣ равшан мегардад: яке ба имрӯз менигарад, дигаре ба асрҳо.

Дар таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон ҷаҳонбинӣ ҳамчун омили ҳалкунанда дар интихоби роҳи идораи ҳукумату кишвар нақши калидӣ бозид. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ кишвар метавонист роҳи осонтарро интихоб кунад: такя ба моделҳои бегона, маҳдуд кардани худшиносии миллӣ бо шиорҳои зоҳиран зебо, вале ғолибан пучу бемоҳият, ё ҳалли мушкилот танҳо бо воситаҳои гуногуни қудрат. Аммо чунин роҳҳо муваққатан натиҷа диҳанд ҳам, дар оянда ба фурӯпошии маънавӣ оварда мерасонанд. Зиёигарӣ маҳз дар он зоҳир мешавад, ки раҳбар роҳи душвор, вале устувору собитқадамонаро интихоб мекунад.

Ин роҳ роҳи сохтани давлат бар пояи маърифат аст. Маърифат дар ин ҷо ба маънои шинохти инсон, ҷомеа, фарҳанг ва қонуниятҳои рушди таърихӣ мебошад. Раҳбари зиёӣ медонад, ки ҷомеаро танҳо бо фармон идора кардан мумкин нест. Онро бояд фаҳмонду тафсиру тавзеҳ бахшид, тарбия кард ва ба амру эҳсос намудани масъулият одат дод. Ин тарзи фикрронӣ реша дар анъанаи классикии фалсафаи сиёсӣ дорад, ки дар он раҳбар, пеш аз ҳама, мураббӣ ва роҳнамо мебошад.

Муносибати раҳбари зиёимаслак бо илм ва маориф низ аз ҳамин ҷаҳонбинӣ сарчашма мегирад. Илм дар чунин сохтор зербинои худшиносии миллӣ ва рушди давлатдорӣ аст. Ҷомеае, ки илмро нодида мегирад, дер ё зуд ба истеъмолгари фикри дигарон табдил меёбад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба маориф, мактаб, донишгоҳ ва мақоми омӯзгор дар сиёсати давлатӣ нишонаи равшани тафаккури зиёӣ ва равшанфикрӣ ба ҳисоб меравад.

Зиёӣ ба илм на ҳамчун маҷмуи маълумот, балки ба сифати усулу василаи фикр кардан муносибат мекунад. Ҳадаф на танҳо тайёр кардани мутахассис, балки тарбияи инсони андешаманду соҳибтафаккур аст. Дар ин раванд омӯзгор, олим ва зиёӣ ба шарикони стратегии давлат табдил меёбанд. Давлате, ки чунин муносибатро ба роҳ мемонад, дар асл ба ояндаи худ сармоягузорӣ мекунад. Ин ҷо низ зиёигарӣ дар амал зоҳир мегардад: раҳбар дарк мекунад, ки натиҷаи сиёсати пешгирифта дар соҳаи маориф пас аз даҳсолаҳо ба даст меояд, на имрӯзу фардо.

Муносибати раҳбари зиёимаслак бо фарҳанг низ ҷанбаи вижаеро дорост. Фарҳанг барои ӯ механизми нигаҳдории миллату давлат буда, забон, адабиёт, таърих ва расму оинҳо воситаҳое мебошанд, ки тавассути онҳо миллат худро мешиносад ва дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи хоссашро муайян мекунад. Бе ин пояҳо, давлат ба як сохтори пучу холӣ табдил меёбад, ки бо тағйири вазъият зуд фурӯ мерезад.

Дар сиёсати фарҳангӣ зиёигарӣ бештар дар интихоби афзалиятҳо намоён мешавад. Руҷуъ ба таърих ҳамчун унсури муттаҳидсоз, таваҷҷуҳ ба мероси классикӣ, эҳёи арзишҳои ахлоқӣ ва суннатҳои миллӣ натиҷаи ҷаҳонбинии пешрафта аст. Раҳбари зиёӣ медонад, ки миллат бидуни хотираи таърихӣ ба гурӯҳи одамон табдил меёбад, на ба ҷомеаи устувору пешрафтаю мутараққӣ.

Муҳимтар аз ҳама, зиёигарӣ дар муносибат бо қудрат зоҳир мешавад. Қудрат барои зиёӣ вазифа аст ва ба аҳли зиё имкон медиҳад, ки андешаро ба амал табдил диҳад. Ин фаҳмиш сабаб мешавад, ки раҳбари зиёимаслак аз шуҳратталабӣ, тасмимгирии қарорҳои шитобзада ва бардоштҳои эҳсосбарангез дар масъалаи рушди ҷомеа худдорӣ кунад. Ӯ медонад, ки ҳар қарори имрӯз метавонад сарнавишти фардоро муайян созад.

Ҷомеаи муосир, ки таҳти муборизаҳои иттилоотӣ ва тағйироти босуръати марҳалаҳои зиндагӣ ва иҷтимоъ қарор дорад, чунин тарзи фикрронӣ муҳим аст. Зиёӣ қодир аст, ҷараёнҳоро ба тарви амиқ маърифат кунад, на дар доираи фоидаи сиёсӣ. Ӯ медонад, ки рушди воқеӣ ҳамеша аз ниҳоди инсон оғоз мешавад, яъне, аз тарбия, аз худогоҳӣ, аз эҳсоси масъулият.

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ СИЁСАТИ МАЪНАВӢ: АЗ ДАРКИ ТАЪРИХ ТО БАРНОМАИ ДАВЛАТДОРӢ

Ҷомеае, ки роҳи истиқлоли воқеиро пеш мегирад, масъалаи худшиносии миллӣ дер ё зуд ба меҳвари баҳсҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ табдил меёбад. Худшиносӣ дар фаҳмиши зиёӣ танҳо эҳсоси ифтихор аз гузашта набуда, он низоми тафаккур, меъёри худбаҳодиҳӣ ва асоси интихобҳои стратегӣ мебошад. Зиёигарӣ маҳз дар он зоҳир мегардад, ки худшиносӣ аз сатҳи эҳсосот ба сатҳи барнома ва маҷмуи принсипҳои ақидатӣ табдил меёбад.

Барои ҷомеаи тоҷик, ки дар оғози истиқлол гирифтори буҳрони ҳувиятӣ буд, худшиносии миллӣ маҳаки асосии фаъолият маҳсуб меёфт. Ин масъала ба сарнавишти давлат, ба ягонагию ваҳдати ҷомеа ва ба қобилияти бақои миллӣ бевосита иртибот дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ собит намуд, ки бе худшиносии миллӣ, бидуни фаҳмиши воҳиди «мо кистем?», ҷомеа ба қисматҳои мухолиф тақсим мешавад. Дар чунин шароит худшиносӣ ба масъалаи амнияти миллӣ табдил ёфт.

Зиёии асил худшиносиро ҳамчун раванд мефаҳмад, на ҳамчун ҳолат. Миллат якбора худро намешиносад. Худшиносӣ тадриҷан тавассути омӯзиши таърих, забон, фарҳанг ва таҷрибаи давлатдорӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, сиёсати маънавӣ наметавонад бо шиор маҳдуд шавад. Он бояд ба низоми маориф, барномаҳои фарҳангӣ, рамзҳои давлатӣ ва ҳатто ба забони расмии гуфтугӯи сиёсӣ ворид гардад.

Дар таҷрибаи Тоҷикистон худшиносии миллӣ ба таври огоҳона ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил дода шуд. Ин раванд аз бознигарии таърих оғоз ёфт. Таърих, дар маҷмуъ, ба сарчашмаи маънову ҳадаф ва ғояи консептуалӣ табдил ёфт. Таърихи давлатдории қадима, нақши тамаддуни ориёӣ, саҳми ниёгон дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ унсурҳо барои бедор кардани эҳсоси алоқамандӣ бо гузаштаи пурифтихор истифода шуданд. Ҳадаф аз ин истифода сохтани оянда бар пояи мероси давлатдорию сиёсӣ гузашта буд.

Зиёигарӣ дар ин ҷо дар интихоби муносибат бо таърих зоҳир мешавад. Зиёӣ медонад, ки таърих ҳамеша омӯзиши фарогир ва пажуҳишҳои бунёдиро тақозо менамояд ва онро бояд бо эҳтиёт ва хиради тамом истифода кард. Ин фаҳмиш имкон дод, ки худшиносии миллӣ ба унсури муттаҳидсоз табдил ёбад, на ба омили ҷудоипазир.

Забони миллӣ низ дар ҳамин раванд нақши калидӣ бозида, на танҳо воситаи муошират, балки гӯяндаи тафаккур аст. Миллате, ки забонашро эҳтиром мекунад, тарзу шеваи тафаккурашро ҳифз мекунад. Дар сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ ба забон нишонаи равшани тафаккури зиёӣ мебошад. Зиёӣ мефаҳмад, ки бе забони миллӣ худшиносӣ ба як қолаби шахшуда табдил меёбад.

Худшиносии миллӣ, инчунин, бо масъалаи арзишҳо иртиботи амиқ дорад. Кадом арзишҳо бояд меҳвари ҷомеа бошанд: адолат, таҳаммул, масъулият, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба қонун? Ин арзишҳо пояи давлатдории устувор мебошанд. Зиёигарӣ дар он зоҳир мешавад, ки раҳбар ин арзишҳоро на танҳо тарғиб мекунад, балки онҳоро ба меъёри сиёсати давлатӣ табдил медиҳад.

Дар сиёсати маънавии Тоҷикистон, худшиносӣ бо ғояи сулҳ алоқаи зич пайдо кард. Сулҳ на танҳо ҳамчун қатъи ҷанг, балки ба сифати ҳолати маънавии ҷомеа фаҳмида шуд. Миллате, ки худро мешиносад, ба худ бовар дорад ва ба дигарон низ эҳтиром мегузорад. Ин фаҳмиш имкон дод, ки худшиносии миллӣ ба заминаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ низ ворид гардад.

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОН ҲАМЧУН ИДОМАИ СИЁСАТ: ЗИЁӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ФАРДО

Агар худшиносии миллӣ меҳвари сиёсати маънавӣ бошад, пас, тарбияи насли наврас ва ҷавон воситаи асосии татбиқи он дар замони муосир аст. Зиёигарӣ дар ин марҳала аз сатҳи ҷаҳонбинӣ ва барнома ба сатҳи наслсозӣ мегузарад, зеро ҳар андеша, ҳар арзиш ва ҳар гуна сиёсати давлатӣ танҳо он гоҳ пойдор мемонад, ки ба шуур ва рафтори насли нав ворид гардад. Аз ҳамин ҷост, ки зиёии асил тарбияро на масъалаи дуюмдараҷа, балки идомаи мус­тақими шохаи давлатдорӣ мешуморад.

Дар фалсафаи иҷтимоӣ тарбия ҳамеша ҳамчун шакли интиқоли фарҳанг ва маъно баррасӣ шудааст. Миллатҳо на танҳо тавассути иқтисод ё қудрат, балки пеш аз ҳама, ба василаи тарбияи фарзандонашон давом меёбанд. Ҷомеае, ки ба тарбияи насли нав беэътиноӣ мекунад, дар асл ояндаи худро ба хатар мегузорад. Зиёӣ маҳз ин робитаро дарк мекунад ва сиёсати худро бо таваҷҷуҳ ба фардо месозад.

Дар Тоҷикистон, ки аз як марҳалаи фоҷиабору душвори таърихӣ гузаштааст, масъалаи тарбияи насли нав аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард. Насле ба воя мерасид, ки хотираи мустақими ҷангро надошт, аммо натиҷаҳои онро дар зиндагии иҷтимоӣ эҳсос мекард ва ин насл бояд омӯзад, ки сулҳ чист, давлатдорӣ чист ва масъулияти шаҳрвандӣ чӣ маъно дорад. Ин омӯзиш худ ба худ ба вуҷуд намеояд, он сиёсати огоҳона ва тарбияи ҳадафманд­ро талаб мекунад.

Зиёии раҳбар дар ин масъала, пеш аз ҳама, ҳамчун муаллим дар миқёси миллӣ зуҳур мекунад. Муаллимӣ, албатта, ба маънои роҳ нишон додан аст. Насли ҷавон бояд на танҳо итоат, балки фаҳмишу дарки масъаларо омӯзад. Ӯ бояд бидонад, ки чаро қонун муҳим аст, чаро таҳсил арзиши калидӣ аст ва чаро худшиносӣ бо масъулият иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин тарзи муносибат аз тафаккури зиёӣ бармеояд, на аз мантиқу фаҳмиши маъмурию идорӣ.

Маориф дар ин раванд нақши меҳвариро мебозад. Мактаб ва донишгоҳ на танҳо муассисаҳои таълимӣ, балки як навъ озмоишгоҳи шаклгирии шахсияти шаҳрванд мебошанд. Зиёӣ маорифро на ба василаи соҳаи хидматрасонӣ, балки ҳамчун сармоягузории стратегӣ мебинад. Ин фаҳмиш имкон медиҳад, ки сиёсати маориф ба тарбияи шахсият равона гардида, танҳо ба омодасозии кадрҳо маҳдуд намешавад, зеро ҷомеа на танҳо мутахассис, балки инсонҳои масъулро тақозо мекунад.

Дар тарбияи насли нав, масъалаи арзиш ҷойгоҳи вижа дорад. Арзишҳо на бо шиор, балки ҳамчун намуна (улгӯ) омӯзонида мешаванд. Агар раҳбар аз адолат, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун сухан гӯяду худ дар амал ин меъёрҳоро риоя накунад, тарбия ба риёкорӣ табдил меёбад. Зиёии асил инро дарк мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамоҳангии сухан ва амалро нигоҳ дорад.

Нақши фарҳанг дар тарбияи насли ҷавон низ ҳалкунанда аст. Фарҳанг муҳити зисти маънавии инсон аст. Насле, ки бо адабиёт, таърих, санъат ва забони худ робитаи қавии мантиқӣ дорад, ба бегонапарастӣ тан нахоҳад дод. Зиёигарӣ дар сиёсати фарҳангӣ маҳз дар он зоҳир мегардад, ки фарҳанг ҳамчун воситаи тарбия истифода мешавад, на ҳамчун унсури зоҳиргароёнаю намоишӣ.

Ҷаҳони муосир, ки зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор дорад, тарбияи насли наврасу ҷавон бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешавад. Ҷараёни иттилоот, фарҳангҳои гуногун ва арзишҳои мухталиф ба шуури наврасону ҷавонон таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит сиёсати тарбиявӣ бояд на боздоранда, балки роҳнамою ҳидоятгар бошад. Зиёӣ мефаҳмад, ки насли ҷавонро наметавон аз ҷаҳон ҷудо кард, аммо метавон тарзи фикрронии онро тағйир бахшид, то роҳи дурустро интихоб кунад. Ин василаҳо, пеш аз ҳама, тафаккури интиқодӣ, эҳсоси масъулият ва худогоҳии миллӣ мебошанд. Ҷавоне, ки қодир аст мустақилона фикр кунад, камтар қурбони ифротгароӣ ё таъсироти тахрибкорона мегардад. Ин тарзи тарбия ба фалсафаи зиёигарӣ такя мекунад, зеро зиёӣ ҳамеша аз озодии фикр ҳимоят мекунад ва онро бо ахлоқ ва масъулият ҳамоҳанг месозад.

РАҲБАР ҲАМЧУН ЗИЁИИ АМАЛКУНАНДА

Зиёӣ будан, пеш аз ҳама, масъулияту рисолати таърихист. Масъулият дар назди миллат, замон ва наслҳои оянда. Вақте ин мафҳум ба сатҳи раҳбарии давлатӣ мерасад, он шакли нав мегирад: зиёии амалкунанда, яъне, шахсе, ки андешаро ба сиёсат ва маърифатро ба амал табдил медиҳад.

Таҳлили таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар шароити буҳрони давлатдорӣ ва ҳувият, раҳбарӣ наметавонист танҳо маъмурӣ ё сирф идорӣ бошад. Таърих худ тақозо мекард, ки раҳбари давлат дорои ҷаҳонбинии фарох, шуури таърихӣ ва иродаи маънавӣ бошад. Маҳз дар ҳамин замина симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун зиёии асил ва амалгаро ташаккул меёбад.

Ин гуна зиёӣ будан дар чанд сатҳ зуҳур мекунад. Якум, дар дарки таърих ҳамчун сарчашмаи ғояву муҳтаво. Таърих дар сиёсати давлатӣ на ҳамчун гузаштаи хомӯш, балки ба василаи омили худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ истифода шуд. Ин муносибат ба таърих танҳо ба зиёие хос аст, ки гузашта ва ояндаро дар як силсилаи мантиқӣ мебинад. Раҳбаре, ки таърихро медонад, мефаҳмад, ки давлат на дар як рӯз, балки дар тӯли асрҳо сохта мешавад.

Дуюм, зиёигарӣ дар табдили худшиносии миллӣ ба барномаи давлатдорӣ зоҳир гардид. Худшиносӣ дар ин модел на ҳамчун омили эҳсосотӣ, балки низоми арзишҳо мебошад, ки ба маориф, фарҳанг, сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ворид мешавад. Ин раванд нишон медиҳад, ки зиёӣ қодир аст, мафҳумҳои абстрактиро ба механизмҳои воқеии сиёсӣ табдил диҳад.

Севум, зиёигарӣ дар таваҷҷуҳ ба маориф ва тарбияи насли нав таҷассум меёбад. Дар ин ҷо сиёсат ба оянда нигаронида шудааст. Насли ҷавон ҳамчун идомадиҳандаи давлатдории миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ баррасӣ мегардад, на ҳамчун объекти муваққатии идорӣ. Ин муносибат аз фаҳмиши амиқи зиёӣ бармеояд, зеро танҳо зиёӣ медонад, ки сарнавишти миллат маҳз дар мактаб ва оила шакл мегирад.

Аз нигоҳи фалсафӣ, модели раҳбарии зиёимаслак ба анъанаи классикии «давлат ҳамчун мактаби ахлоқ» наздик аст. Дар ин модел давлат на танҳо қонунгузор ва назораткунанда, балки тарбиятгар ва роҳнамо мебошад. Тоҷикистон маҳз бо такя ба ҳамин равиш тавонист марҳалаи хатарноки таърихиро паси сар кунад.

Муҳим аст, таъкид шавад, ки зиёии амалгаро на улгӯ ва на шахсияти беихтилоф аст. Ӯ низ дар доираи воқеият амал мекунад, қарорҳои душвор қабул менамояд ва бо маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешавад. Аммо тафовути асосӣ дар он аст, ки чунин раҳбар қарорҳоро танҳо аз рӯйи манфиати сиёсӣ не, балки аз рӯйи меъёри ахлоқӣ ва таърихӣ қабул мекунад. Ин меъёр аст, ки ӯро аз сиёсатмадор ба зиёӣ табдил медиҳад.

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бисёр ҷомеаҳо бо буҳрони арзишҳо ва камранг шудани нақши зиёиён рӯ ба рӯ ҳастанд, таҷрибаи Тоҷикистон аҳаммияти вижа пайдо мекунад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки зиёият метавонад аз доираи муҳити маҳдуд берун равад ва ба меҳвари давлатдорӣ табдил ёбад. Раҳбар метавонад, ҳамзамон, сиёсатмадор ва зиёӣ бошад, агар маърифатро аз қудрат ҷудо накунад.

Хулоса, зиёии асил онест, ки дар замони худ масъулияти таърихиро ба дӯш мегирад ва онро бо фаъолияти хеш дар амал татбиқ менамояд. Дар шароити Тоҷикис­тон симои Раҳбари давлат маҳз аз рӯйи ҳамин сифат ташаккул ёфта, ҳамчун меъмори сулҳ, ҳомии худшиносии миллӣ ва тарбиятгари сиёсати маънавӣ зуҳур мекунанд. Ин модел на танҳо барои фаҳмиши таҷрибаи тоҷикон муҳим аст, балки метавонад барои ҷомеаҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҳамоҳангии қудрат ва маърифат ҳастанд, низ омӯзанда бошад.

Аз ин рӯ, зиёигарӣ мафҳуми абстрактӣ не, балки шакли олии масъулияти инсон дар назди таърих мебошад. Вақте ин масъулият ба сатҳи раҳбарии давлатӣ мерасад, он метавонад сарнавишти миллату давлатро тағйир диҳад. Маҳз дар ҳамин нуқта раҳбар аз доираи сиёсат берун рафта, ба шахсияти таърихӣ ва зиёии асил табдил меёбад. Ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олитарини зиёӣ мебошанд!

Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология

Добавить комментарий