Барои ҳимояи марзу буми ҳар давлату миллат нақши Қувваҳои Мусаллаҳи он басо бузург аст. Пас аз пошхӯрии ИҶШС ташкил додани ин ниҳоди басо зарурӣ дар ҷумҳурии мо низ пеш омад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ҳамин тавр, бори нахуст 23 феврали соли 1993 паради Артиши миллӣ баргузор шуд ва наваскарон зери Парчами миллӣ савганди садоқат ба Ватанро ёд карданд.
Дар ҳақиқат, ғамхорӣ ва эҳтиром ба Ватани маҳбуб, эътиқод ба халқи худ, ҳамкорӣ ва ҳамраъйии ҳамагон дар мубориза барои мақсади умумӣ, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳо бо халқҳои дигар дар тарбияи ватанпарварӣ ва башардӯстӣ ифодаи воқеии худро ёфтааст. Ватандӯстӣ ва эътиқоду эътимод бастан ба Ватан аз овони хурдсолӣ шуруъ мегардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки вазифаи асосӣ дар тарбияи ватандӯстӣ дар наврасону ҷавонон ташаккул додани хислате мебошад, ки ин эҳсосҳо кӯшишҳои накукории насли наврасро баҳри Ватан ба ҷӯш биоранд. Умуман, ватандӯстӣ чист? Мафҳуми ватандӯстӣ маънои эҳтиром ва дӯст доштани Ватан, ҳимояи манфиатҳои он ва ҳисси масъулият дар назди давлату халқро дорад. Тавассути омӯзиши пайвастаи таърихи гузашта насли наврас мефаҳмад, ки Ватан танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ набуда, балки маҷмуи қиматҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавист. Ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки ба шогирдон таъкиди нуктаҳои зеринро ҳангоми машғулиятҳо дар мадди назар гирад: шинос кардани хонандагон бо рӯйдодҳои таърихии кишвар, муаррифии қаҳрамониҳо, шинос намудани хонандагон бо хизматҳое, ки шахсиятҳои таърихӣ барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳифзи ҳимояи арзишҳои миллату давлат, таъкид ба арзишҳои инсонӣ, аз қабили адолат, озодӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои дигарон. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии хонандагону донишҷӯён истифода аз усулҳои дигар низ метавон кор бурд. Тасвири пурҷозибаи муборизаҳои гуногуни қаҳрамонони таърихӣ (Исмоили Сомонӣ, Шерак, Темурмалик ва ғайра) барои ҳимояи Ватан метавонад ба насли наврасу ҷавон илҳом бахшанд, ки дар ҳифзи марзу буми давлати хеш омода шаванд.
Вазифаи муҳимми тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муборизаҳои шадиди идеологӣ дар тарбияи худшиносии шогирдон ифода меёбад. Дар ҷаҳони муосир неруҳои ифротгаро фаъол шудаанд ва мекӯшанд, ки доираи амали худро ҳар чи бештар васеъ намоянд. Онҳо, махсусан, ба ҷавонон рӯй меоранд ва онҳоро ба сафҳои худ ҷалб кардан мехоҳанд. Тарбияи идеявӣ-сиёсиро дар амал ҷорӣ намуда, муассисаҳои таълимӣ шогирдонро бо донишҳои сиёсии ба вазъияти замони ҳозира мувофиқ мусаллаҳ менамоянд ва дар онҳо қобилияти рафтори ношоистаи ифроткоронро фаҳмида тавонистан, ба ғояҳои истиқлол эътиқоди қатъӣ доштанро ба вуҷуд меорад.
Бешак, яке аз муҳимтарин василаҳои посдорию ҳифзи Ватани азиз фаъолияти Артиши миллист. Тавоноию устувории Ватан дар ҳастии Артиши миллӣ ифода меёбад.
Дарвоқеъ, халқи тоҷик табиатан муҳаббат ба Ватани маҳбубро дорад ва дар посдориву ҳифзи он ҷоннисор аст.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»













