Ҳангоми таълими забони англисӣ иддае аз омӯзгорон то ҳол аз усулҳои анъанавӣ: аз ёд кардани қоидаҳо ва тарҷумаи ҷумлаҳо истифода мебаранд. Дар ҳоле ки таълими салоҳиятнокӣ бештар ба донишҳои амалӣ равона карда шудааст, истифодаи технологияҳои муосир низ метавонад ангезаи омӯзишро зиёд намояд. Масалан, барномаи омӯзишии Duolingo ба хонандагон имкон медиҳад, ки забонро дар шакли бозӣ, бо саволҳои интерактивӣ омӯзанд.
Омӯзгор сутуни асосии низоми таълим аст. Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълими забони англисӣ, омӯзгорон бояд пайваста малакаҳои забонӣ ва методии худро такмил диҳанд.
Китобҳои дарсӣ бештар ба грамматика ва қоидаҳои сарфу наҳв равона шудаанд, китобҳои бадеӣ бошад, ба рушди тафаккур ва суханварии хонандагон мусоидат мекунанд.
Машқҳои тарҷума аз тоҷикӣ ба англисӣ ва баръакс, махсусан, дар синфҳои поёнӣ ба хонандагон кумак мекунад, то фарқияти сохт ва тартиби калимаҳоро дарк намоянд.
Дар омӯзиши забони англисӣ фонетика нақши муҳим дорад. Хонандагон мебинанд, ҳарф он тавре ки навишта мешавад, хонда намешавад ва ин барои онҳо мушкилӣ эҷод мекунад. Масалан, калимаҳои though, through, honour, receipt ва ғайра тарзи талаффузи фарқкунанда доранд. Дар ин маврид хонандагон бояд машқҳои гӯш кардан ва талаффузро мунтазам иҷро кунанд.
Зарур аст, ки омӯзгорон дарсро бо истифода аз воситаҳои аёнӣ ва технологияи муосир роҳандозӣ намоянд, то шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ бештар гардад.
Муҳаммадҷон РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №37-и ноҳияи Деваштич













