Ифтихори ватандорӣ

Моҳи ноябр якчанд санаи таърихӣ дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки омили ҳамбастагии мардум ва рушду пешрафти мамлакат гардидаанд. Маҳз ин ҷашнҳои таърихӣ имкон фароҳам оварданд, ки кишвар ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид гардад ва зина ба зина ба пешрафтҳои назаррас ноил шавад. Нахустин омили бақои мамлакат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии кишвар мебошад, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Маҳз дар иҷлосияи мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва бо иродату ҷасорат, ҳисси баланди ватандӯстӣ тавонистанд, ки сулҳу суботро дар кишвар таъмин намоянд. Дар зимн, пояҳои истиқлоли миллӣ таҳким ёфта, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маҷрои дуруст ворид шуд ва тадриҷан сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардид. Дар ин миён, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар меҳвари он инсон қарор дошта, тамоми озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Маҳз ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз низоми қонунгузориро дар кишвар таъмину такмил бахшид ва имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати қонунмеҳвар шинохта гардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беҳтарин сарқонунҳои ҷаҳон буда, тамоми фаъолияти шаҳрвандон дар он ба таври возеҳ нишон дода шудааст. Дар заминаи он, қонунҳои зиёди соҳавию давлатӣ қабул шуда, ба рушди қонунгузорӣ дар мамлакат такон бахшид. Инчунин, шуруъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозии мардуми мо мебошад, ки бо эҳтирому садоқат ин рӯзро таҷлил менамоянд ва мавриди мувофиқест, ки аз корномаи Пешвои миллат ёдовар мегарданд, зеро фидокорӣ ва азхудгузаштанҳои Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати сулҳофар ва ташаббускор шинохта шавад. Ба ин мазмун, ҳамасола 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи ифтихори ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат Парчами миллиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги милливу сиёсӣ аст».
Мусаллам аст, ки тоҷикон аз қадим соҳиби парчам буданд ва онро рамзи ифтихор ва асолати миллии хеш медонистанд ва зери парафшонии он муттаҳид шуда, ҳамеша Ватани хешро ҳифз менамуданд. Ҳамин анъана ва рисолати парчамдории тоҷикон реша дар умқи таърих дошта, моро водор менамояд, ки ҳамеша аз гузаштаи хеш бо ифтихор ёд кунем ва онро гиромӣ дорем. Бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Парчами давлатӣ қабул гардид ва Пешвои миллат онро бӯсида, бо садоқат қасам ёд карданд, ки барои ободиву пешрафт, сулҳу субот ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳастии хешро фидо менамоянд.
Ҳамчунин, Парчами давлатӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид парафшон буда, иқтидор ва обрӯю нуфузи кишвари моро нишон медиҳад. Инчунин, варзишгарон, хонандагону донишҷӯён ҳангоми иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланд онро парафшон мекунанд. Ҳар гоҳе ягон варзишгар ва ё хонандаю донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаю озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намояд ва ба хотири онҳо Парчами Тоҷикистон парафшон мегардад, он лаҳза беихтиёр ҳисси ифтихор дар вуҷуди мо пайдо мешавад.
Имрӯзҳо дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани ифтихори миллии ҷомеа дар тамоми марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии кишвар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шудааст, ки нишон аз суннати волои парчамдории мардуми тоҷик, таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Инчунин, дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон қомат афрохтааст, ки боиси ифтихори тамоми мардуми кишвар мебошад. Дар ин замина, дар шаҳру навоҳии кишвар пояҳои баланди парчам ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ бунёд мегарданд, ки ин амал ҳам моро водор мекунад, ки ба муқаддасоти миллӣ эҳтирому арҷгузории бештар намоем.
Дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳи миллӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва факултету кафедраҳо силсилаи мулоқоту чорабиниҳо, конференсияҳои илмиву амалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуд, ки ба баланд гардидани ҳисси ифтихор ва худшиносии миллии ҷавонон мусоидат менамояд.
Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии Тоҷикистон роҳнамоӣ менамояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла, Парчами миллӣ эҳтирому арҷ гузорем ва бо садоқати ватандорӣ барои пешрафти Ватани маҳбубамон хидмат кунем.
Бахтиёр МАҲМУДЗОДА,

муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Добавить комментарий