Арзёбӣ – омили баланд гардидани сифати таълим

Арзёбӣ қисми таркибӣ ва муҳимми таълим буда, айни замон ҳамчун масъалаи меҳварӣ дар соҳаи маориф пазируфта мешавад.

Омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки омӯзишро бо роҳу воситаҳои гуногуни таълим ба нақша гирад, то ки хонандагон аз воситаҳои гуногуни арзёбӣ огоҳ шуда, дониши аниқ гиранд.
Арзёбие, ки бо мақсади муайян кардани дониш, малака ва маҳоратҳои заминавии таълимгиранда гузаронида мешавад, арзёбии ташхисӣ ном дорад. Чунин арзёбӣ дар ибтидои таҳсил бо мақсади банақшагирии раванди таълим бо дарназардошти сатҳи инкишофи таълимгиранда гузаронида шуда, зимни он истифода аз метод ва усулҳои гуногуни арзёбӣ, аз ҷумла, тест, саволномаҳо, хониш, навиштан, ба саволҳо ҷавоб гардонидан ва амсоли инҳо метавонанд самаранок бошанд. Натиҷаҳои арзёбии ташхисӣ нисбат ба ҳар як таълимгиранда бояд дар алоҳидагӣ таҳлил гардида, дар асоси он раванди таълим ба таври инфиродӣ ба нақша гирифта шавад, ки он аз омӯзгор қобилияти баланди идоракунӣ ва меҳнату вақти зиёдро талаб мекунад.
Навъи дуюми арзёбӣ ташаккулдиҳанда буда, бо мақсади муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав аз ҷониби таълимгиранда истифода мешавад.
Омӯзгор тавассути арзёбии ташаккулдиҳанда дар хусуси омӯзиши хонандагон маълумоти мушаххас ҷамъ оварда, таҳлил мекунад. Натиҷаҳои арзёбиро барои мутобиқ сохтани мақсад, усул ва воситаву фаъолиятҳои таълим ба ниёзи фардии хонандагон истифода мебарад.
Ниёзи таълимии хонандагон ҳамчун маҳаки асосии банақшагирии таълиму омӯзиш шинохта шуда, арзёбии ташаккулдиҳанда барои муайян кардани ин ниёзҳо ва дарку интихоби воситаҳои мувофиқи таълиму омӯзиш ёрӣ мерасонад.
Арзёбии ташаккулдиҳанда бо мақсади муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав аз ҷониби таълимгиранда истифода мешавад. Ин навъи арзёбӣ бо гузоштани мақсад, яъне, таълимгиранда кадом салоҳиятҳо бояд дар натиҷаи таълим дар ӯ ташаккул ёбанд, оғоз гардида, марҳала ба марҳала гузаронида мешавад.
Муҳаббат ҶУМАЕВА,

омӯзгори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Добавить комментарий