Чун устоде маро дар канор аст, боке аз афтодан надорам, ҳатман хоҳам бархост.
***
Ман пурмеҳртару пурнуртар нигоҳе чун нигоҳи устод ба шогирди шоистааш надидаам.
***
Ба фикрам, вожаи ифтихор бештар аз ҳама ба оне созгор аст, ки пешаи омӯзгорӣ дорад.
***
Ин қадар меҳрубонанд омӯзгорон! Тору пуди онҳо сиришта аз меҳрубонист.
***
Омӯзгор мӯй сафед мекунад, то шогирдаш роҳи сафед дошта бошад.
***
Онеро, ки ба қадри омӯзгор намерасад, зиндагонӣ беқадр аст.
***
Каломи устод калидест, ки барои шогирдон дари кохи бахтро боз мекунад.
***
Омӯзгорони мо тамоми умр дар канори моянд: бо сабақҳояшон, бо ҳикматҳояшон, бо раҳнамоиҳояшон.
***
Тамоми комёбиҳои мо дар зиндагӣ бо риштаи заррине ҳамбаста бо сабақҳои омӯзгоранд.
***
Гар бихоҳӣ босаодат рӯзгор,
Бош доим дар бари омӯзгор.
***
Зиндагии хушбахтона ба ду омил ҳамбастагӣ дорад: устоди хуб доштан ва пайрави чунин устод будан.
***
Нахли ҳаёти мо ҳамеша шодоб аз ҳикмати омӯзгор аст.
***
Бидуни сабақҳои устод мо парандае ҳастем, ки боли парвоз надорад.
***
Агар шарафи омӯзгорро ҳифз накунем, шарафманд нахоҳем шуд.
***
Имрӯз сахтгириҳои устод фардо туро аз сахтиҳои рӯзгор наҷот хоҳанд бахшид.
***
Борҳо овардаам имон ба ин барҳақшиор:
Файз ёбад зиндагӣ аз ҳикмати омӯзгор.
***
Агар ҳама созгор ба ҳидоятҳои омӯзгор амал мекардем, вожаи бебарорӣ аз зиндагиномаамон зудуда мешуд.
***
Ба суроғи омӯзори хуб рав, хушбахтӣ ба суроғи ту хоҳад омад.
***
Аз ҳарфи сахти омӯзгор набояд ранҷид: он фардо сабукиҳо дар корат бор хоҳад овард.
***
Хирадманде мегуфт: -Ба хати сафеде, ки устод бо бӯри сафед дар тахтаи сиёҳ мекашад, неку таваҷҷуҳманд бошед. Он фардо роҳи сафеди шумо дар зиндагӣ хоҳад буд.
***
Сабақи омӯзгор ба гунаи хати барқест, ки ҷодаҳои моро, хонаи дили моро, тафаккури моро мунаввар мекунад.
***
Аз ғазаби омӯзгор наҳаросед, ғазабаш ҳам бо меҳр иртибот дорад.
***
Ҳатто ба сурати омӯзгор салом бояд дод ва арзи эҳтиром кард.
***
Сухани омӯзгор нурполост: ҷаҳони моро мунаввар мекунад.
***
Агар ҳама хостаҳои омӯзгор амалӣ мешуд, ҳеҷ кас бадбахт намебуд.
***
Агар панди устод напазирӣ, гул ҳам шавӣ, бебӯй мемонӣ.
***
Тамоми комёбиҳои мо иртибот ба сабақҳои устодон доранд.
***
Ба ҳарфи оне, ки устод надорад, бовар кардан нашояд.
***
Муҳаббатро агарки пос дорем,
Сари таъзим бар устод орем.
***
Симое, ки тамоми умр, ба вижа, ҳангоми бархӯрд ба мушкилот пеши назари мо ҷилвагар хоҳад буд, симои омӯзгор аст.
***
Гул аз тобиши офтоб мешукуфад, омӯзгор аз комёбии шогирдаш.
***
Шоистатарин шахс барои ситоиш омӯзгор аст. Ситоишномаи ӯ поён надорад.
***
Муҳаббату садоқат, ақлу хирад, сабру тоқат ва низ дарду заҳматро ба ҳам сиришта, пешаи омӯзгориро офаридаанд.
Абдурауф МУРОДӢ
«Омӯзгор»













