Донишмандону муҳаққиқини асотири бостонии иронӣ (форсӣ-тоҷикӣ), минҷумла, Манучеҳри Ҷамолӣ ҳадс мезананд, ки вожаи «зан» маънои зиндагӣ, зинда будан, намирандагӣ, абадият, ҷовидониро далолат мекунад ва калимаи «мард» маънои мурдан, мирандагиро ифода менамояд (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст – Ландан, бидуни соли нашр (ба забони форсӣ). – С. 73). Бад-ин манзур, шинохти ҷинси зан, ҳам аз назари зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ, пеш аз ҳама, дар бархӯрд бо маргу мурдан ва мирандагӣ имконпазир мегардад ва аз ин ҷо асли фалсафии мафҳуми зан, ки бо зиндагӣ тавъам аст, пеши назар меояд. Ба сухани равшантар, зан фарогири зиндагӣ аст ва бар ин мабно зиндагӣ мавзуи баҳси фалсафист. Азбаски фалсафа зиндагӣ ва маргро мавзуи баҳс қарор медиҳад, мафоҳими марбут ба зан, қабл аз ҳама, дар доираи баҳси фалсафӣ матраҳ мегарданд ва мунтаҳо асли фалсафӣ доранд.
Вожаи «бону», ки имрӯз дар шакли ҷамъи «бонувон» мустаъмал аст, маънои рӯшанӣ, покӣ, беолоишӣ, шукӯҳу шаҳоматро дорад ва шукӯҳмандии ҷомеаи инсонӣ, бешубҳа, ба латофату малоҳат, самимияту муҳаббати зан ва модар нисбат ба насли башар вобастагӣ дорад. «Бону» бо вожаи санскритии «bhanu» (рӯшанӣ, хуршед), ки дар таркиби «bhanu-mati» (зани зебо ва шоиста) вуҷуд дорад ва бостоки авастоӣ дар шакли «banu ё banav» дар сохти чандин вожаи мураккаб аз решаи «ba» (дурахшидан) нисбат дорад (ниг.: fa.wikipedia.org/wik). Дар зимн, бону ба маънии зани бузургзода ва арҷманд ва ановине эҳтиромомез дар аввал ва ё охири исми занон омадааст. Дар катибаҳои Сосонӣ ва адабиёти зардуштии форсии миёна дар лақаби баъзе аз Эзадбонуҳои Ҳинд ва иронӣ ҳамроҳ бар номи ҳамсарони шоҳон, амирону бузургони дарбор ёд шудааст. Ва ҳар ҷо ки бону бо муҳаббату самимият ва ҳалимию меҳрубонӣ ворид мегардад, он макон майл ба нишоту хурсандӣ мекунад ва зиндагӣ ҷӯш мезанад. Бону занест ростину покдоман ва некуройю некандеш ва бо пиндор, гуфтор ва кирдори нек инсон меофарад, ба воя мерасонад, тартибу тарбият мекунад. Хатти марказии зиндагии бонувон меҳрпарварӣ ва меҳроварист ва дар партави меҳроварӣ ҷомеаи инсонӣ тарбият меёбад ва рушду тараққӣ мекунад.
Агар ба таърихи ориёӣ таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ мушоҳида мекунем, ки дар замони салтанати подшоҳони Элом (тамаддуни куҳан дар ҷанубу ғарбии Ирон) зансолорӣ дар Эрон ҳоким будааст. Дар замони Ҳахоманишиён занон ҳаққи моликият ва ирс доштаанд ва дар артиш ба кор мепардохтаанд. Аз бономтарини онҳо бону Ортамис будааст, ки дар лашкаркашиҳои Хушиёр ба Юнон бевосита ширкат доштааст
Дар даврони Сосонӣ ҳам зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳои болотаре бархӯрдор будааст. Ин навъ қавонине, ки аз зан ва ҷойгоҳи ӯ пуштибонӣ мешудааст, ҳатто дар Рум ба мушоҳида намерасидааст. Чунончи, агар дар ҷуғрофиёи мушаххасе духтаре мавриди таҷовуз қарор мегирифтааст, кишвардорӣ муваззаф будааст, ки 5 ҳазор динори тило ба ӯ ба хотири ҷуброни зарар пардохт намояд. Ва ё ин ки зан мисли мард аз ҳуқуқи ирсбардорӣ, талоқ, маҳрия ва амсоли инҳо бархӯрдор будааст (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wiki).
Ҷуръату ҷасорати занон ононро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми баланд карда будааст. Дар таърихи миллӣ зан дар симати шоҳ низ ҳузур пайдо кардааст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён зане буд, ки ба нақле, дар беш аз даҳ кишвари Осиёии имрӯз подшоҳӣ кардааст. Ӯ пас аз Ардашери Ширӯя ба унвони бисту панҷумин подшоҳи Сосонӣ бар тахти шоҳаншоҳии Эрон нишаст ва фармонфармоӣ намуд. Таърихчаи ҳаракати феминистӣ дар олам ба 150 сол беш намерасад. Аммо Бӯрондухт – подшоҳи эронии давраи Сосонӣ 1400 сол қабл аввалин сухани феминистиро баён карда буд: «Подшоҳ, чи мард бошад, чи зан, бояд сарзаминашро нигоҳ дорад ва бо адлу инсоф рафтор кунад». Ӯ дар номае ба сипоҳиён нахустин сухани фемистии ирониро зада, дар феҳристи нафароне қарор гирифт, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро хоҳон буданд. Пас аз кушта шудани Хусрави Парвиз ба дасти писараш Ширӯя дар соли 628 милодӣ, Ширӯя беш аз шаш моҳ подшоҳӣ накард ва салтанат ба дасти духтари бузурги Хусрави Парвиз Бӯрондӯхт афтод. Дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд ва дар набард бо Румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши Ирон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ҳузуру нуфузи занону бонувони миллиро дар ҳавзаҳои сиёсию ҳарбӣ-интизомӣ таъйину тасдиқ мекунад. Ба ин тартиб, Пурондухт ва Озармидухт – духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ такя задаанд. Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд. Зане бо номи Понтео дар замони Ҳахоманишӣ фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда доштааст. Истотиро-духтари Дориюши севуми Ҳахоманишӣ фармондеҳи неруҳои ҷангӣ будааст. Ҳамсари Дориюши дувуми Ҳахоманишӣ Пари Сотис аз артишбудони он замон ба шумор мерафтааст. Шарқшиноси машҳури ғарбӣ Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухт — ин ду занбонуро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи руҳониёну мубадони дини маздоӣ марбут медонад (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wiki).
Дар замони нав ва асри навин, шуруъ аз соли 1910 ба баъд бонувони рӯшанфикр ва озодихоҳи ҷаҳонӣ дар симои Клара Сеткина, Роза Люксембург, Симона де Боувар, Фурӯғи Фаррухзод ва соири занон нақши воқеии занро дар низоми зиндагии башарӣ таъйин намуда, аз ҷавомеъ талаби эҳтиром ва арҷгузорӣ карданд. Дар баробари занону бонувони ғарбӣ, занони шарқӣ ҳам дар садаи бист алайҳи зулму залолат ва беадолатию ҷаҳолат мубориза бурда, дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб касб карданд. Зани тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1924-1991) дар миёни занони Иттиҳоди Шуравӣ бо кору заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳнатталабӣ соҳибэҳтиром буд.
Замон ва шароити нави давлатдорӣ (манзур давраи истиқлол аст) барои занону бонувони тоҷик имконоти нав фароҳам овард. Зан, бо он ки дар имтидоди ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор шуд, қалбшикаста нагардид ва ширкат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании ҷумҳуриро ҳамчунон идома дод. Таҷлил намудани 8 март ба унвони Рӯзи байналмилалии зан-модар маҳз бо талошҳои бевоситаи бонувони урупоӣ, махсусан, Клара Сеткина сурат гирифт. Занону бонувони мамолики мутараққии дунё мадюни ин гуна занони ҷасуранд ва минбаъд ҳаракати феминизм, ки масоили марбут ба занон, аз ҷумла, озодии ононро дар кулли дунё матраҳ мекунад, бар мабнои саъю кӯшишҳои бонувони ҷасури урупоӣ (Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон) созмон ёфт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зан ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва бақои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мақому ҷойгоҳи иҷтимоиашро марҳала ба марҳила боло бурдааст. Ҳанӯз 7 марти соли 2006 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат дар хусуси ҷойгоҳи зан-модар бамаврид таъкид карда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бобати боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва эҳтиром қоил шудан ба зан фармону дастурҳо содир гардида, барномаву стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1 марти соли 2005, №89), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19 июли соли 2022, №1890), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016, солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст, аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ба хотири дар мақому ҷойгоҳи зарурӣ қарор гирифтани ин олиҳаи зиндагӣ рӯйи даст гирифта шудаанд.
Муҳимтар аз ҳама, дарки ин маънӣ, ки зан-модари тоҷик на танҳо манбаи меҳру отифату самимият, балки мабдаи ҷуръату ҷасорату шаҳомату шарофату хирад аст, бояд дар авлавияти фаҳмиши мо қарор дошта бошад. Аз сӯйи дигар, тарбияи насли нави миллатшиносу ҳувиятмадор ба кайфияти донишу биниши занону бонувону модарони ватанӣ бастагӣ дорад. Мутмаинем, ки зан-модари тоҷик, қатъи назар аз масруфиёти хонаводагию корию идорию ташкилию ҷамъиятӣ, дар саргаҳи таҳаввулоту тараққиёти ҳувиятию мафкуравию фарҳангӣ қарор мегирад ва аз тариқи ибтикороти созандаву бунёдӣ дар тарбияи насли нави дорои дидгоҳи миллӣ-дунявӣ саҳми муносиб мегузорад. Дарвоқеъ, занону модарону бонувон маънои зиндагии мо ҳастанд.
Нозим НУРЗОДА,
мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва оммависозии илми АМИТ, фарҳангшинос