Иди қадимаи халқи тоҷик – Наврӯзи фархундапай бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад. Аз маълумоти гирдовардаи мардумшиносону муаррихон ва аз пажуҳишҳои муҳаққиқони фолклор бармеояд, ки бисёр тафсирҳои бостонӣ роҷеъ ба Наврӯз ва расму одатҳои марбути он низ тасдиқ мекунанд, ки ранги сафед яке аз муҳимтарин рамзҳои ин ҷашн мебошад.
Мардуми Шарқ, пеш аз ҳама, тоҷикон дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу оромиш, осмони соф ва кушоиши кор шуморида, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Девори хонаҳоро қабл аз фарорасии соли нав сафед мекарданд, ҳангоми табдили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Рӯйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, ҷурғот ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ пухта мегузоштанд, ки ҳама ранги сафед доранд. Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки вожаи Наврӯз аз забони қадимаи паҳлавии «нук-нуҷ» ё «нук-рӯз» ва дар забони муосири тоҷикӣ аз ду калима – «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои рӯзи навро ифода мекунад. Дар забони арабӣ бо номи «най-рӯз» зикр гардидааст.
Дар ҳар маврид вожаи Наврӯз дорои як маъно – «рӯзи нав», яъне, нахустин рӯз аз моҳи аввали солшумории хуршедӣ ва оғози фасли баҳор мебошад.
Наврӯзро тарозуи сол меноманд, зеро он ҳангоме фаро мерасад ва замоне ҷашн гирифта мешавад, ки шабу рӯз баробар мегарданд.
Яке аз таомҳои махсуси наврӯзӣ суманак ном дорад. Ба истиқболи Наврӯз мардум ин таоми болаззатро пухта, ба хонаҳо тақдим ва таманно менамуданд, ки сол соли фаровонию пур аз хайру баракат бошад. Наврӯзи хуҷастапай урфу одат ва суннатҳои таърихӣ дошта, онҳо то замони мо риоя мешаванд.
Наврӯзи хуҷастапай дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Ба ин муносибат озмунҳои гуногун, шеъру сурудхонӣ, дастурхонороӣ, базми гулҳо, намоиши ҳунарҳои миллӣ, мусобиқаҳои аспдавонӣ ва гӯштингирӣ баргузор карда мешаванд.
Мо ифтихормандем, ки Наврӯз имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад.
Мардуми Афғонистон, хоссатан, сокинони Балх, Наврӯзро, ки он ҷо бо номи «Гули сурх» низ машҳур аст, 40 рӯз ҷашн мегиранд. Дар Озарбойҷон Наврӯзро се рӯз – аз 20 то 23 март ҷашн мегиранд. Дар Эрон таҷлили Наврӯз 13 рӯз идома меёбад. Рӯзи нахустини Наврӯзро дар Покистон «Олами рӯшноӣ» меноманд.
Инак дар диёри азизи мо боз Наврӯз фаро расид. Ҳама ҷо сабзу хуррам ва тозаю тар аст, ҳама шоду хандон ва хушрӯзгоранд. Зиндагӣ аз нав пуршукӯҳу нурбор гардидааст. Бардавом бод, баҳору Наврӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқиқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров













