Баланд бардоштани сифати таълим дар синфҳои ибтидоӣ

Синфҳои ибтидоӣ зинаи аввали таҳсилоти мактабӣ буда, дар ташаккули шахсияти хонанда нақши ҳалкунанда мебозад. Маҳз дар ҳамин давра кӯдак хондан, навиштан ва ҳисоб карданро меомӯзад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад ва муносибаташ ба мактаб, омӯзгор муайян мегардад. Дар ин раванд, нақши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ муҳим аст, зеро маҳз дар ҳамин зина пояи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи кӯдак гузош­та мешавад. Агар дар синфҳои ибтидоӣ заминаи дониш мустаҳкам бошад, хонанда дар зинаҳои болоӣ низ муваффақ мегардад.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ на танҳо хондану навиштанро меомӯзонанд, балки шахсияти кӯдакро тарбия мекунанд.
Солҳои охир бо дастгирии давлат муассисаҳои нави таълимӣ бунёд шуда, шароити моддӣ-техникӣ беҳтар мегардад ва музди меҳнати омӯзгорон марҳала ба марҳала зиёд карда мешавад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди технологияҳои муосир дар соҳаи маориф таъкид гардидааст. Истифодаи тахтаи электронӣ, презентатсия, воситаҳои мултимедиявӣ ва усулҳои интерактивӣ ба баланд шудани сифати дарс мусоидат мекунад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бояд ҳамқадами замон бошанд, зеро маҳз онҳо дар ниҳоди кӯдак шавқи омӯзишро бедор мекунанд.
Ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кӯшиш менамоям, ки дарсҳоро бо истифода аз методҳои муосир ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор намоям. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар дарс бо усулҳои интерактивӣ ташкил карда шавад, фаъолмандии хонандагон зиёд мегардад.
Яке аз усулҳои самараноке, ки дар дарсҳо истифода мебарам, «фаъолияти дастаҷамъонаи таълимӣ» маҳсуб меёбад. Дар ин метод хонандагон дар гурӯҳҳо фаъолият намуда, масъалаҳоро якҷо ҳал мекунанд. Ин тарзи кор ба рушди малакаҳои муошират, эҳтироми фикри дигарон ва ҳисси масъулиятшиносӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, истифодаи технологияҳои муосир, аз қабили презентатсияҳо тавассути видеоҳои таълимӣ ба фаҳмиши амиқи мавзуъ такони ҷиддӣ мебахшад. Масалан, дар дарсҳои табиатшиносӣ бо намоишҳои видеоҳои кӯтоҳ дар бораи табиат, хонандагон мазмуну муҳтавои мавзуъро дар хотир хеле хуб нигоҳ медоранд. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва методҳои фаъол имкон медиҳад, ки раванди таълим зинда, шавқовар ва муассир ба роҳ монда шавад.
Дар раванди таълим, инчунин, ба рушди тафаккури эҷодии хонандагон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳам. Методи «Саволу ҷавоби озод» ба хонандагон имкон медиҳад, ки фикри худро озодона баён намоянд. Ин омил ба баланд гардидани эътимод ба худ ва рушди нутқи шифоҳии кӯдакон мусоидат мекунад.
Фарзона НАЗРИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

Добавить комментарий