Неруи асосии пешбари ҷомеа

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат имконияти бузургест, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлол марҳалаи нав дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, маориф оғоз ёфт. Дар шароити душвори солҳои аввал, бахусус, давраи ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи маориф ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд, аммо бо гузашти вақт мушкилиҳо бартараф шуданд ва соҳа тадриҷан пешрав гардид.

Ислоҳоти маориф баъди ба даст омадани сулҳу субот оғоз гардид. Барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки мақсади асосиашон баланд бардоштани сифати таълим ва донишандӯзӣ буд.
Дар самтҳои асосии ислоҳот, яъне, гузаштан ба низоми нави таҳсил, таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи замони муосир пешравиҳо ба вуқуъ пайвастанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба такмилу рушди муназзами соҳа мусоидат кард.
Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди илм ва фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи хосса доранд ва илмро ҳамчун омили муҳимми рушди ҷомеа медонанд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ фаъолияти худро густариш доданд. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 100 муассисаи илмӣ фаъолият мекунад.
Бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши ҷавонон стипендияи Президентӣ ва квотаи Президентӣ таъсис дода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир рақамикунонии соҳаи маорифро зарур шуморида, бо ин мақсад, тадбирҳои зиёдеро амалӣ кард.
Таъмини мактабҳо бо компютер, пайвастшавӣ ба интернет, истифодаи тахтаҳои электронӣ ва таълими фосилавӣ омилҳое гаштанд, ки ба боз ҳам боло рафтани сатҳи таълиму тарбия мусоидат карданд.
Дар маҷмуъ, соҳаҳои маориф ва илм дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз кишвар дорои низоми муосири таълим ва заминаи устувори илмӣ мебошад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд: «Маориф соҳаи калидӣ ва омили асосии рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад».
Дар замони истиқлол маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат ҳамасола садҳо мактаби нав дар шаҳру деҳот сохта шуда, ҳамчунин, ҳазорҳо синфхонаи созгор ба талаботи замони муосир бунёд гардида истодаанд.
Бояд гуфт, ки насли нав ояндаи миллат мебошад. Дар даврони истиқлол таҳсили ҷавонону наврасон афзоиш ёфт. Шумораи хонандагон аз 1,3 млн ба 2 млн ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор нафар ба 250 ҳазор нафар расид. Дар кишварамон донишгоҳҳои байналмилалӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ кушода шуданд.
Бо дастгирию пешниҳоди Сар­вари давлатамон озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» баргузор мегарданд.
Рушди минбаъдаи соҳаи маориф аз омодасозии кадрҳои баландихтисос, истифодаи технологияҳои нав ва аз дастгирии давлат вобастагии калон дорад. Маориф ва илм омили асосии пешрафти ҷомеа буда, ояндаи кишварро муайян месозанд.
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ ва бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, дар муассисаҳои таълимии мамлакат низоми маблағгузорӣ сарикасӣ ба роҳ монда шуд.
Тибқи маълумотҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар ҷумҳуриамон ба 4 миллион нафар мерасад. Бинобар ин, бо дастуру супориши Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ барои ҳар чи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори Роҳбари давлат солҳои 2020-2040 дар ҷумҳуриамон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст. Дар ин замина, мактабҳо бо озмоишгоҳҳои физика, химия ва биология бештар муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шоистаи таҳсин аст.
Бояд гуфт, ки рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ на танҳо барои соҳаи маориф, балки барои ояндаи давлат аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Зеро маҳз ҷавонони донишманд ва ихтироъкор метавонанд кишвари моро ба пешрафтҳои нав ноил гардонанд. Ин заминаи созгорест ба рушди тафаккури илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар кишварамон.
Баъд аз ба даст овардани истиқлол низоми таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуд. Қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ барои рушди маориф заминаи устувор гузошт.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар аҳди истиқлол такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ислоҳоти фарогир мебошад. Қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, стратегияҳои рушди маориф, имконият доданд, ки низоми таълим ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шавад. Гузариш ба низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ (бакалавр, магистр, доктор) сатҳи таҳсилоти олиро ба стандартҳои байналмилалӣ наздик кард.
Рушд дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм хеле чашмрас аст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ афзоиш ёфта, ихтисосҳои нав мутобиқ ба бозори меҳнат таъсис дода шуданд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ гус­тариш ёфта, донишҷӯён ва олимон имкони иштирок дар барномаҳои мубодила ва таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонро пайдо карданд.
Ҳамзамон, дастгирии илм ва фаъолияти тадқиқотӣ тақвият ёфт. Марказҳои илмӣ фаъолтар шуда, корҳои таҳқиқотӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, тиб ва технология рушд карданд. Ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ низ яке аз самтҳои муҳим гардид.
Яке аз тамоюлҳои нави рушд рақамикунонии соҳаи маориф мебошад. Таълими фосилавӣ, китобхонаҳои электронӣ ва платформаҳои онлайнӣ тадриҷан мавқеи густарда пайдо мекунанд, ки ин барои мутобиқ шудан ба ҷаҳони рақамӣ аҳаммияти калон дорад.
Маориф ва илм дар даврони истиқлол на танҳо рушд карданд, балки ба неруи асосии пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтанд.
Фарҳод МАДАМИНОВ,

рӯзноманигор

Добавить комментарий