Омӯзишу азхудкунии донишҳои сиёсӣ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии инсон, бахусус, дар таҳкими маърифат ва худогоҳии миллӣ нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба омӯзиши асосҳои донишҳои сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар таърихи илми сиёсатшиносӣ (политология) олимону мутафаккирони Юнони Қадим нақши бузург гузоштаанд. Аксари мафҳуму истилоҳоте, ки имрӯз дар илми сиёсат истифода мешаванд, маҳз аз забони юнонӣ сарчашма гирифта, баъдан ба забонҳои дигар тарҷума гардидаанд. Барои дарки амиқи мафҳуми политика, чанд истилоҳро шарҳ медиҳем:
1. Поли – (аз забони юнонӣ) ба маънои бисёр, аксарият;
2. Полис – шаҳр-давлат (шакли классикии ташкили ҷомеа дар Юнони Қадим);
3. Поли-тикос – манфиати бисёриҳо, манфиати ҷомеа;
4. Политсия – (аз забони юнонӣ) мақоми маъмурӣ барои ҳифзи тартибот ва амнияти ҷамъият;
5. Поли-графия – (аз юнонӣ) чоп, матбаа, паҳнсозии санадҳо;
6. Поли-клиника – муассисаи табобатӣ барои хизматрасонӣ ба омма;
7. Политика – илм ва санъати идоракунии ҷомеа ва шаҳр-давлат.
Аз ин мафҳумҳо чӣ хулоса гирифтан мумкин аст?
Поли, яъне, бисёриҳо дар полис (шаҳр-давлат) зиндагӣ мекунанд. Аҳли ҷомеа, дар маҷмуъ, соҳиби политикос, яъне, манфиатҳои умумӣ мебошанд. Дар раванди зиндагии иҷтимоӣ, бинобар бархӯрди манфиатҳо, миёни шаҳрвандон нофаҳмӣ, низоъ, баҳс, фишор ва ҳатто таҳдидҳо ба вуҷуд меоянд.
Дар чунин ҳолат шаҳрвандон маҷбур мешаванд ба политсия – ниҳоди ҳифзи тартибот ва амният муроҷиат намоянд. Агар фишорҳои иҷтимоию равонӣ ва бемориҳо шиддат гиранд, бархе шаҳрвандон маҷбуранд, ки ба поликлиника муроҷиат кунанд, то саломатии ҷисмонию равонии худро барқарор намоянд.
Вақте шумораи муроҷиатҳо зиёд мегардад ва имкониятҳои политсия маҳдуд мешаванд, ҷомеа ба зарурати политика мерасад, яъне, ба илм, санъат ва маҳорати махсуси идоракунии оқилона, одилона ва мутавозини ҷомеа.
Маҳз ҳамин омил сабаби пайдоиши илми сиёсат дар Юнони Қадим гардид. Дар замони Афлотун ва Арасту политика ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқӣ ташаккул ёфт.
Дар ҷомеа барои танзими сиёсатҳо (манфиатҳо) санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия мешаванд.
Вақте адолат ва манфиати умумӣ таъмин, танзим, тавозун мегардад, сатҳи низоъҳо поин меравад, муроҷиат ба политсия кам мешавад, фишорҳои иҷтимоӣ коҳиш меёбанд, шаҳрвандон камтар ба поликлиника ниёз пайдо мекунанд.
Дар натиҷа мулк обод мегардад, мардум орому осуда зиндагӣ мекунанд, сатҳи саломатӣ ва дарозумрии аҳолӣ боло меравад.
Оё ҳақ нест, ки барои чунин сиёсати мардумсолор ва ҳимоятгар офарину аҳсан бигӯем?
Самараи равшани чунин сиёсати оқилона имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Бо роҳбарии Пешвои миллат сол ба сол шумораи муроҷиатҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коҳиш ёфта, суботи иҷтимоӣ тақвият меёбад.
Бо татбиқи падидаҳои нав, аз қабили:
— ҳукумати электронӣ;
— сиёсати рақамӣ;
— хизматрасониҳои мобилӣ ҳаҷми муроҷиатҳои коғазӣ кам гардида, хароҷоти полиграфия коҳиш меёбад ва идоранамоӣ самараноктар мешавад.
Хулоса ва пешниҳод
Бо дарназардошти таҷрибаи бойи давлатдории миллӣ ва мактаби сиёсие, ки бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ машҳур гаштааст, иҷрои корҳои зерин муҳим мебошад.
1. Ташкили Шурои коршиносон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи Консепсияи «Тоҷикистон, ба пеш!»
2. Таҳияи Консепсияи «Тоҷикистон, ба пеш!» барои давраи то (15 сол) соли 2041 – ҷашни 50-солагии Истиқлоли давлатӣ.
3. Омода намудани дурнамо (стратегия) бо ҷалби доираи васеи олимон ва коршиносон.
4. Таҳияи барномаҳои панҷсолаи татбиқ, ки ҳар кадом на кам аз 50 лоиҳаро дар бар гирад (дар маҷмуъ, 150 лоиҳа барои 15 сол) метавонад, соҳаҳо ва самтҳои муҳимми мушкилоти ҷомеаро бартараф созад.
Олимону мутахассисони Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар таҳияи ин санадҳои муҳимми стратегӣ саҳми арзанда гузоранд.
Фазлиддин МУЗАФФАРЗОДА,
Маҳмадулло НАИМОВ,
омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон













