Муқаддима
Мероси адабӣ ва фарҳангии ҳар миллат пояи асосии худшиносӣ, ҳувиятсозӣ ва ҳамбастагии он мебошад. Дар таърихи инсоният маҳз осори бузурги классикон тавонистааст, ки ба як рамзи ҳастии миллат табдил ёбад ва садсолаҳо ё ҳатто ҳазорсолаҳо нақши ҳидоятгарӣ ва илҳомбахширо барои наслҳои минбаъда иҷро намояд. Барои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон яке аз чунин ганҷинаи беназир ва бебаҳо «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шумор меравад.
«Шоҳнома» танҳо як асари адабӣ нест. Ин китоб ҳамосаи бузурге мебошад, ки аз таърих, фалсафа, ҳикмат, урфу одат, арзишҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии тамоми ориёинажодон ҳикоят мекунад. Аз ин ҷост, ки онро метавон ба ҳайси «қонуни асосии маънавӣ» ё «шоҳасари худшиносии миллӣ» номид.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва адабӣ ба сатҳи нав баромад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (05.12.2023) дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад. Ҳафтаи гузашта тақсими ин асар ба сокинони кишвар оғоз ёфт. Иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як амали фарҳангӣ, балки як падидаи бузурги иҷтимоӣ, маънавӣ ва миллӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ анҷом гирифт, дарвоқеъ, як навъ барқарорсозии пайванди таърихӣ ва таҳкими пояҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
«Шоҳнома» ва адабиёти ҷаҳон
Дар таърихи адабиёти ҷаҳон кам асарҳое ҳастанд, ки мисли «Шоҳнома» тавонистаанд ҳам як таърих, ҳам як фалсафа ва ҳам як ҳамоса бошанд. Агар «Илиада»-и Ҳомер барои Юнон, «Маҳабҳарата»-ву «Рамаяна» барои Ҳинд, «Қуръон» барои ҷаҳони араб ва «Библия» барои насрониён ва яҳудиён ба унвони сарчашмаи ҳувиятӣ пазируфта шудаанд, пас барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонон маҳз «Шоҳнома» чунин мақомро ишғол мекунад.
Фирдавсӣ дар тӯли сӣ сол бо ҷонфидоӣ ва заҳмати беандоза таърихи куҳан, афсонаҳои қадимӣ, ривоятҳои асотирӣ ва воқеияти таърихии ориёӣ ва эронинажодонро ҷамъ овард ва онҳоро дар қолаби шеър ба насли оянда мерос гузошт.
Махсусияти асосии «Шоҳнома», пеш аз ҳама, як достони ҳамосавӣ будани он аст, ки муборизаи доимии некӣ ва бадӣ, адолат ва зулм, шуҷоат ва тарсуӣ, хирад ва ҷаҳлро тасвир мекунад. Он сарчашмаи муҳим барои шинохти таърихи ориёинажодон аз даврони Пешдодиён то Сосониён буда, мавзуъҳои умдае, чун хирад, адолат, ватандӯстӣ, вафодорӣ ва ифтихор аз решаҳои миллӣ дар он матраҳ мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳамчун асари ҳувиятсоз «Шоҳнома» на танҳо гузашта, балки ҳозира ва ояндаи миллатро муайян месозад.
Рамзи худшиносии миллӣ
Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки мардумони ориёинажод дар тӯли таърих таҳти ҳамлаҳо ва зулми гуногун қарор гирифтанд. Аммо маҳз «Шоҳнома» тавонист ҳамчун як сутуни устувори худшиносӣ миллати форсизабонро аз ассимилятсия ва гумномӣ наҷот диҳад. Чунонки худи Фирдавсӣ мегӯяд:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Бо ин байт ӯ на танҳо заҳмати шахсии худро иброз медорад, балки таъкид менамояд, ки бо ин асар миллат ва забони порсӣ зинда нигоҳ дошта шудааст.
Нашри 1 700 000 нусха «Шоҳнома» ва тақсими он ба ҳар хонаводаи кишвар аз ҷониби Пешвои миллат иқдоми таърихӣ ва фарқкунанда аст. Ин амалро метавон дар чорчӯби сиёсати фарҳангии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, ки бар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва таърихи худ асос ёфтааст.
Ин иқдом аз чанд ҷиҳат аҳаммияти бузург дорад:
1. Ҳар як хонадон соҳиби «Шоҳнома» мегардад, ки ин амалиётро ба як воқеаи фарогир табдил медиҳад.
2. Будани ин китоб дар ҳар хона ба як рамзи фарҳанг ва худшиносӣ табдил меёбад.
3. Ҷавонон ва кӯдакон аз овони хурдӣ бо ин асар ошно мешаванд ва онро ҳамчун як сарчашмаи хирад меомӯзанд.
Ин иқдом на танҳо паҳн кардани китоб, балки як навъ талқин намудани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Агар ҳар хонадон «Шоҳнома»-ро мутолиа кунад, ҷомеа ба як сатҳи нави худогоҳӣ ва ватандӯстӣ мебарояд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали эълон шудани он ки «Шоҳнома» нашр ва дастраси ҳар хонадон мегардад, мардум аз ин иқдом истиқбол карданд, зеро он ба эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ мусоидат мекунад. Ҳар нафар худро ҷузъи як миллати дорои таъриху фарҳанги бузург эҳсос менамояд.
Ситоиши дониш ва хирад
Яке аз мавзуъҳои меҳварии «Шоҳнома» хирад аст. Дар тамоми қисматҳои китоб ҳамеша таъкид мешавад, ки бе хирад зиндагӣ барбод меравад ва танҳо инсонҳои соҳибақл метавонанд ҷомеаро ба сӯйи рушд баранд.
Ватандӯстӣ ва истиқлол низ аз мавзуъҳои асосии «Шоҳнома» мебошад. Фирдавсӣ истиқлолро арзиши олӣ медонад. Қиссаҳои муборизаи қаҳрамонҳо барои ҳифзи марзу бум, мубориза бо душманон ва адолатталабӣ ба таври возеҳ ватандӯстиро тарғиб мекунанд.
Дар замони муосир, ки ҷавонон бештар дар муҳити ҷаҳонишавӣ ва фарҳангҳои бегона қарор мегиранд, «Шоҳнома» метавонад ҳамчун сипар ва дастури зиндагӣ амал кунад. Омӯзиши он дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва хонадонҳо ба тарбияи ҳисси масъулият, шуҷоат ва ватандӯстӣ мусоидат мекунад.
Ҷаҳонишавӣ ва зарурати бозгашт ба «Шоҳнома»
Ҷаҳонишавӣ бо тамоми дастовардҳояш таҳдидҳое низ дорад: аз байн рафтани забонҳо, ассимилятсияи фарҳангҳо, гум шудани ҳувияти миллӣ. Дар чунин шароит бозгашт ба арзишҳои миллӣ, махсусан, ба «Шоҳнома» аҳаммияти фавқулода пайдо мекунад. Маҳз ин асар метавонад ба ҳайси сарчашмаи худшиносӣ ва муқовимат алайҳи ассимилятсия хидмат кунад.
Дар кишварҳои дигар низ асарҳои классикӣ ҳамчун воситаи ҳувиятсоз истифода мешаванд, ки мо дар аввал намунае чанд аз онҳоро ишора кардем.
Аз ин ҷост, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар нашри умумихонадонии «Шоҳнома» як иқдоми беназир аст ва онро метавон намунаи ҷолиб барои дигар миллатҳо донист.
Хулоса
«Шоҳнома» мактаби бузурги худогоҳӣ ва ватанхоҳист. Он на танҳо шоҳасари адабӣ, балки рамзи ҳастии миллати тоҷик мебошад. Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи «Шоҳнома» маънои тарбияи шахсиятҳои худшинос, ватандӯст ва масъули бунёди ояндаи кишварро дорад. Ҳамзамон:
1. Дар баробари он, ки «Шоҳнома» асари адабӣ аст, манбаи худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллӣ низ мебошад.
2. Иқдоми Пешвои миллат дар нашри фарогири он дар Тоҷикистон аз аҳаммияти бузурги фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бархӯрдор аст.
3. Омӯзиши «Шоҳнома» метавонад дар таҳкими ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон нақши калидӣ бозад.
4. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдид ба фарҳангҳои миллӣ, «Шоҳнома» ба ҳайси сипари ҳувият ва воситаи муқовимат хидмат мекунад.
5. Барои оянда зарур аст, ки баробари тарғиб намудани «Шоҳнома», барномаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва таълимӣ низ роҳандозӣ шаванд, то ин ганҷина бештар мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирад.
Иқдоми тақсими «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ аст, ки дар заминаи худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувият, тарбияи ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии тоҷикон нақши бунёдӣ хоҳад дошт. Чунонки худи Фирдавсӣ таъкид кардааст:
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Эҳсон Сафарзода,
«Омӯзгор»













