Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ, аз ҷумла, ниёгони мо – тоҷикон аст, ки то ба имрӯз бо шаҳомату шукӯҳи беандоза ва шодиву нишот таҷлил мегардад. Воқеан, Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мардуми эронитабор буда, дар ҳар давру замон, навобаста аз сиёсати давр, таҷлил мегаштааст.

Наврӯз, чуноне аз номаш пайдост, ба маънии рӯзи нав аст. Абурайҳони Берунӣ дар китоби хеш «Ат-тафҳим…» мегӯяд: «Нахустин рӯз аст, аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст». Бино бар иттилои донишмандон, Наврӯзро бо ду гуна ҷашн мегирифтанд: Яке, Наврӯзи ом ё худ ҳамагонӣ буда, ки дар аввалин рӯзи фарвардинмоҳ таҷлил шуда ва чанд рӯз идома меёфтааст. Дигар, Наврӯзи бузург ё худ Наврӯзи хос буда, ки рӯзи шашуми фарвардин ҷашн гирифта мешудааст.
Наврӯз зодаи тамаддуни мардуми эронитабор аст, аммо солиёни зиёд аст, ки мавриди таваҷҷуҳи кишварҳову миллатҳои мухталиф гашта, дар фарҳангу оини онҳо нуфуз кардааст, зеро бозгӯйи ниёзу орзую омоли бани башар аст.
Аз назари Умари Хайём, Наврӯз як воқеаи сирф мавсимӣ набуд, ки замоне ҳамчун оғози соли хуршедӣ қабул карда, санаашро ба тақвимҳо дароварда бошанд. Барои наслҳои баъдина низ ҷашни Наврӯз фақат иди соли нав набуд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо маънӣ ва маслаки муқаддаси худро гум карда, ба як расму таомули халқӣ табдил ёфта бошад.
Умари Хайём Наврӯзро ҳамчун як падидаи табиию фарҳангӣ баҳогузорӣ намудааст.
Ҳоло ки ин суннати ниёгон ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст, бояд боиси ифтихор аз гузаштаву имрӯзи мо бошад. Бидуни шак, гуфта метавонем, ки дар адабу фарҳанги мо ягон шоире нест, ки дар бораи Наврӯз ҳарфе нагуфта ва зебоии баҳорро васф накарда бошад.
Гулноз МАХКАМОВА,

корманди Осорхонаи маорифи АТТ

Добавить комментарий