Муборизаи дастаҷамъона мебояд

Дар ҷомеаи кунунии мо, дар баробари пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои гуногун, мутаассифона, амалҳои номатлуб ва хавфноку барои ҷомеа зараровар низ ба назар мерасанд, ки коррупсия (фасод, ришвахорӣ) аз ҳамин қабил ба шумор меравад.

Ришваситонӣ зуҳуроти иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯйистифода аз мансаб, судхӯриву пораситонӣ, хушомад задану тамаллуқкорӣ ва ғайра ҳаммаъно мешуморанд. Албатта, ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон карда, таҳаввулоти ҷамъиятро зери хатар мегузорад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «…Коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсиониро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».
Бояд донист, ки ришваситонӣ аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Воқеан ҳам, ришваситонӣ яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисодиёт, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Ҳамин сабаб мешавад, ки эътимоду боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста мегардонад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагиву рӯзгор маҳрум месозад.
Барои аз байн бурдан, паст кардани шиддати ришваситонӣ, албатта, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯйиҳои мунтазам амалӣ карда мешаванд. Хусусан, ба тасвиб расидани як қатор қарору қонунҳои миллӣ дар ин масъала аз ҷумлаи тадбирҳо дар ҳамин самт аст. Ҳанӯз 21.07.1999, №1262 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расид, ки охири ҳамон сол сабаби содир шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» гардид. Минбаъд солҳои 2005, 2008, 2020 низ як қатор қарору қонун ва стратегияҳои вобаста ба амалҳои ришваситонӣ содир шуданд.
Барои мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба имзо расидааст, ки он ҳамчун санади барномавии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад ва баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар мамлакат равона карда шудааст. Ин стратегия ҳамаи вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар сатҳи пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароити пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд. Комёб шудан дар мубориза бар зидди коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат ва саодатмандии аҳли ҷомеа хоҳад гашт.
Бино ба ақидаи сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатию молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфиддинзода, мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар мубориза бо он бояд тамоми сокинон, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, намояндагони матбуоти даврӣ низ бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин сурат, мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Дарвоқеъ, дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз омилҳои мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст. Он ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба чунин амали зишт дар амалӣ гардидани он монеа гарданд. Ширкат кардан дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ бояд вазифа ва қарзи виҷдонии ҳар як сокини мамлакат бошад.
Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий