Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, чунки он ба пешрафту шукуфоӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо таҳдид менамояд. Ин аст, ки дар бораи коррупсия ва пешгирии он дар сатҳи байналмилалӣ якчанд санад қабул шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия (31.10.2003) ва Кодекси байналмилалии рафтори ашхоси мансабдори давлатӣ (28.01.1997) мебошанд. Ҳамчунин, Нақшаи амалиёти Истамбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иктисодиёташон даргузар (12.09.2003) аз зумраи тадбирҳоест, ки барои мубориза бо коррупсия таҳия гардида, заминаро барои муборизаи беамон ба ин зуҳурот фароҳам меорад.
Бояд қайд кард, ки Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 9-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эълон намуд, ки ҳамасола қайд карда мешавад. Инчунин, соли 1995 Соли мубориза бо коррупсия эълон гардида буд.
Мусаллам аст, ки коррупсия падидаи нав набуда, таърихи куҳан дорад. Аз ҷумла, дар сарчашмаҳои таърихии Бобулистон, Юнон ва Рими қадим оид ба коррупсия маълумот мавҷуд аст. Ин далели он аст, ки ҳанӯз аз замони пайдоиши давлатҳои нахустин коррупсия барои ба даст овардани фоида ба вуҷуд омадааст.
Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (аз 10 декабри соли 1999) ба тасвиб расид. Қонуни қабулгардида ба марҳалаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт. Ҳамчунин, дар мамлакат ниҳоди махсуси ваколатдор бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки бо ин падидаи номатлуб мубориза мебарад.
Бо иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Роҳбарияти олии кишварамон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» дар таҳрири нав қабул гардиданд, ки нишонаи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин масъалаи муҳим мебошад.
Дар ҷумҳурии мо барои муқовимат ва мубориза ба коррупсия се маротиба стратегияҳо қабул гардиданд: «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» (26.01.2008, №34), «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030». Қабули чунин стратегияҳо ба васеъ намудани доираи субъектҳои муборизабаранда боис гардиданд.
Бо мақсади аз байн бурдани коррупсия, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа амри зарурист. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия хеле муҳим мебошад. Яке аз роҳҳои муҳимми дигар тарғибу ташвиқи донишҳо дар бораи коррупсия мебошад, ки онро бояд аз зинаи муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар ниҳоди наврасону хонандагон ташаккул диҳем.
Омили дигари паст кардани шиддати ин падида, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ мебошад, зеро амали коррупсионӣ боиси коста гардидани эътимоди халқ ба давлат мегардад.
Холмурод Ғиёспур,
омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин













