Дар рӯзгорони мо тамоми соҳаҳоро бидуни истифода аз неруи барқ тасаввур кардан имконнопазир аст, ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли ҷомеа низ бо ин неруи муқтадир иртиботи қавӣ дорад. Барқ рӯшноӣ, барқ гармӣ, барқ ҳаракатбахш ва иқтидору тавоноист. Дар саросари ҷаҳон зиндагии шоистаи одамон ва фаъолияти тамоми дастгоҳҳову коргоҳҳо, таҷҳизоту технологияҳо, пеш аз ҳама, тавассути неруи барқ таъмин карда мешавад. Аз ин ҷост, ки дар кулли кишварҳои олам талабот ба ин неруи ободгару созанда ҳамвора меафзояд ва он гуна ки манобеи оморӣ иттилоъ мерасонанд, айни замон дар аксари мамолики дунё суръати истеҳсоли неруи барқ аз талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва истеҳсолот қафо мемонад. Вобаста ба ин, масъулини соҳа мекӯшанд, ки бо истифода аз имконоти ҷараёни об, тавоноии атом, шиддати бод, гармии офтоб, газҳои биологӣ ва васоити дигар истеҳсоли неруи барқро дар мамолики хеш вусъат бахшанд. Ҳамин гуна манзара дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ ба назар мерасад.
Дар давоми сиву чаҳор соли охир диёри арҷманди моро лозим омад, ки ба рағми вартаю монеа ва ҳатто фоҷеаҳои зиёде истодагарӣ карда, устувору пойбарҷо бимонад. Хушо, ки дар ниҳоят он ба шоҳроҳи рушди бомаром ворид гашт. Тоҷикони афрохтасар ва тамаддунпарвар иғвогарию дахолати муғризонаи неруҳои адоватсиришти хориҷиро паси сар карданд, оташи ҷанги дохилиро фуру нишонданд, садди хиёнаткорони худиро шикастанд, мушкилоти иқтисодиро таҳаммул бинмуданд ва ҳама гуна таҳқиру ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи лафзию амалии нотавонбинонро посухи муассиру ҳадафгир гуфтанд.
Воқеан, дар айёми мо бидуни истифода аз неруи барқ кору зиндагӣ кардан душвориҳо дорад, ки инро ҳоҷат ба шарҳу баён нест. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳалаи аввали ба сулҳу ваҳдат расидани кишвар ба тақвият бахшидани иқтидори энергетикии мамлакат тавваҷуҳи ҷиддию ҳамешагӣ зоҳир намуда, пеш аз ҳама, дастур доданд, ки ба бунёди НБО-и «Роғун» идома бахшида шавад. Дар як давраи кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, чун «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» бунёд ёфта, чанде аз неругоҳҳои пешин бозсозӣ шуданд. Дар баробари ин, теъдоди аҳолии мамлакат бо суръати баланд рӯ ба афзоиш овард ва ҳамзамон, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ пайи ҳам ба фаъолият пардохтанд. Миқдори аҳолии ҷумҳурӣ аз панҷ миллиони аввали солҳои 90-уми садаи бист тадриҷан ба беш аз даҳ миллион (дар ҳоли имрӯз) расид. Таъмини ин ҳама воситаҳои истеҳсолот ва аҳолӣ бо неруи барқ ба таври доимӣ, албатта, на осон корест. Илова бар ин, низоми кунунии истеҳсоли барқ дар кишвари мо бо вазъи обу ҳаво ва ҳолати табиат бастагии ҷиддӣ дорад. Мутаассифона, тобистони имсола шиддати гармо хеле баланд буд ва тирамоҳ коҳиш аз боришот дошт. Ва ин ҳолат, албатта, ба сатҳи истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои мамлакат бетаъсир намонд. Масалан, дар охири моҳи ноябри соли равон миқдори воридшавии об дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба миқдоре коҳиши ёфтааст, ки дар 15 соли гузашта камтарин мебошад. Иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло сатҳи оби обанбори «Норак» наздик ба чаҳор метр паст фаромадааст. Обанборҳои неругоҳҳои дигар низ тақрибан ҳамин гуна вазъро доранд.
Охири моҳи гузашта дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки айни замон оби дарёи Вахш (неруи барқ дар Тоҷикистон асосан тавассути силсилаи неругоҳҳо дар дарозои ин дарё истеҳсол мешавад) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷоҳ дарсад кам шуда, биноан, оби обанборҳо низ хеле коҳиш ёфтааст. Сабаби дигари коҳиши неруи барқ исрофкорона истифода бурдани он аз ҷониби қисмате аз аҳолӣ, бе ҳисобкунаки барқ гирифтани неруи барқ, дуздии барқ аз ҷониби корхонаҳои алоҳида ва омилҳои дигар мебошад. Итттилоъ дода шуд, ки дуздии барқ дар баъзе аз ноҳияҳо беш аз панҷоҳ дарсадро ташкил медиҳад. Агар пеши роҳи ин ҳодисаи нангин ва зиёновар ба халқу давлат ҷиддан гирифта шавад (барои ин ҳар як шаҳрванди кишвар ҳиссагузор бояд бошад), таъмини мардум бо неруи барқ хеле беҳтар мегардад. Пешвои миллат дар маҷлиси мазкур ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки муборизаро бо коррупсия дар соҳаи барқ пурзӯр намуда, барои таъмини бештари аҳолӣ бо барқ тадбирҳои самарманд биандешанд ва аз ҷумла, барои ҳар чи зудтар аз хориҷи кишвар (Ҷумҳурии Туркманистон) харидорӣ кардани неруи барқ ва истифодаи васеи панелҳои барқи офтобӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки корҳо барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Хуталон», ки иқтидори лоиҳавиаш бо насби 6 гидроагрегат 800 МВт муқаррар гардидааст, вусъат бахшида шаванд.
Пешвои миллат ҳамагонро ба сабру таҳаммул, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва ҳиссагузорӣ дар пешгирии дуздии барқ даъват карданд.
Ба шоҳидии таърих, халқи тоҷик ба шарофати хиради азалияш, некбинию некандешиаш ва сабру таҳаммулаш дар марҳалаҳои гуногун монеа ва мушкилоти зиёдеро бо сари баланд паси сар карда, ба рӯзҳои нек расидааст ва ба ин маром идомаи зиндагӣ дорад. Тоҷикон дар бархӯрд бо ҳар садду вартае ҳикматҳои барҳақу волои ниёгони хирадсолори хеш «Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст», «Аз монеа набояд ҳаросид, онро бартараф бояд кард», «Меваи сабр ширин аст», «Шуҷоати одам-сабру таҳаммул»-ро ҳамчун сипари боэътимод баргузида, пой ба арсаи пирӯзӣ гузоштаанд.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми хушниҳоду некбини тоҷик ин бор ҳам гӯш ба ҳикмати бегазанди ниёгон медиҳанду боз як мушкилии дигари пешомада-танқисӣ аз неруи барқро паси сар мегузоранд ва дар ояндаи наздиктарин ин мушкилиро ба ихтиёри ёдҳо месупоранд.
Ба истиқлоли энергетикӣ расидан яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлати мост. Соли гузашта зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин эълом дошта буданд: «Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Ин хушпаёми деринтизор, дар баробари он ки ба ҳамаи мо суруру шодмонӣ эҳдо мекунад, масъулиятеро ҳам ба дӯшамон вомегузорад, ки дар татбиқи он ҳиссагузор бошем. Яъне, фаровонии неруи барқ дар кишвар аз ҳар яки мо-бошандагони диёр бастагӣ дорад. Пеш аз ҳама, бояд неруи барқро ҳадафмандонаю сарфакорона истифода бурд ва ҳаргиз набояд ба дуздии барқ, бидуни ҳисобкунакҳо истифода кардани он роҳ дод. Ашёи барқиамон (аз яхдону бухориҳои барқӣ то компютеру кондитсионерҳо) бояд касрати техникӣ надошта бошанд, аҳли ҳар оила қоидаҳои истифодаи ашёи барқиро ба таври дақиқу саҳеҳ донанду риоя намоянд. Дар ин самт, аҳли маорифи мамлакат низ масъулияти зиёд ба дӯш доранд. Пешвои миллат ҳанӯз соли 2009 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд». Аҳли маориф бомаърифаттарин ва хушбинтарин қишри ҷомеаанд ва аз ин рӯ, дар тавзеҳу баррасии воқеии вазъи бамиёномада вобаста ба касрати неруи барқ бояд фаъол бошанд. Дар баробари ин, зарур аст, ки дар тамоми таълимгоҳҳо оид ба истифодаи дурусти неруи барқ, корбарии бехатари ашёи барқӣ ва сарфаи неруи барқ бо шогирдон машғулиятҳои махсус баргузор карда шаванд. Таълимгоҳҳо дар истифодаи сарфакоронаи неруи барқ барои ҳамагон бояд намуна бошанд…
Тоҷикон дар дарозои сиву чаҳор соли соҳибистиқлолии худ чӣ қадар мушкилиҳои сангинро бартараф карданд, пешрафтанд, қомат барафрохтанд. Ва минбаъд ҳам садшикан хоҳанд монд, зеро табиатан халқи устувору таҳаммулгароянд ва бовар доранд, ки:
Ҳар кас, ки бинои ақл бар сабр ниҳод,
Бешубҳа, зи ҳар мушкилие шуд озод.
Абдурауф МУРОДӢ,