Дар мавриди вожаи «муаллим» таърифҳои зиёде дар фарҳангҳои тахассусӣ ва умумӣ баён шудааст.
Муаллим амонатдорест, ки тарбияи солими инсон ба дасти ӯст. Муаллим аст, ки инсонро аз ҷаҳлу нодонӣ, аз зулмату торикӣ ба сӯйи доноӣ ва рӯшноӣ ҳидоят мекунад.
Муаллимӣ шуғли шариф ва инсонсоз буда, шогирдон метавонанд аз ӯ на танҳо сабақ, балки тарбияву ахлоқи некро омӯзанд.
Рафтор ва кирдори муаллим барои шогирдон аз аҳаммияти хосса бархӯрдор аст.
Муаллим ба маънии падари маънавии шогирдон, ба унвони меъмори фардо як кишварро месозад ва метавонад ҷомеаро аз фасод, табоҳӣ ва гумроҳӣ эмин нигоҳ дорад.
Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад ва ин рисолат ӯро дар ҷомеа соҳиби мақому манзалати баланд гардонидааст.
Вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Табиист, ки ин ҷанба бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Аз ҷониби дигар, далели раднопазир аст, ки имрӯз суботу амнияти миллату давлатҳо ба дараҷаи рушди илму маориф ва техникаву технологияи нав рабт дорад.
Ҳаводиси охири ҷаҳони муосир собит намуд, ки сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияти раванди сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум метавонад ба хатари ҷиддие ба суботу амнияти давлатҳо табдил гардад.
Дар ин замина, мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Яке аз хусусиятҳое, ки воқеан як муаллими хуб бояд аз он бархӯрдор бошад, таҳаммулпазирӣ мебошад. Кӯдакону наврасон дар ҷараёни дарс гоҳе рафторҳое зоҳир мекунанд, агар муааллим сабру таҳаммул надошта бошад, боиси асабониаш мегардад.
Ҳангоми ба роҳ мондани машғулият омӯзгор бояд ба баёни хеш диққат диҳад. Бо забони буррою фаҳмо дарсро ба шогирдон фаҳмонад. Агар вай нутқи заиф ва захираи луғавии нокифоя дошта бошад, ба мақсади пешгузоштааш расида наметавонад.
Дилафрӯз Бобоҷониён,
директори МТМУ №80-и ноҳияи Ёвон













