Ҳадаф – тарбияи насли бомаърифату созанда

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии уму­михалқӣ қабул ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешгуфтор, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Маҳз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кардааст. Бояд зикр кард, ки дар Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар муайяну мушаххас шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 41, ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои давлатӣ кафолат медиҳад.
Воқеан, ҳуқуқ ба таҳсил аз ҳуқуқҳои асосию меҳварии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, дар ҷумҳурӣ баҳри ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас тамоми шароиту имконот фароҳам оварда шудааст. Ҳама гуна давлат маҳз дар заминаи таҳсили шаҳрвандон, соҳиби донишу савод ва касбу пешае гардидани онҳо пеш мераваду рушд меёбад. Таҳсил омил ё раванди асосии тарбияи инсони дорои фаҳмишу тафаккури пешрафта ва босаводу маърифатманд буда, насли созандаи ҷомеа бо андӯхтани дониш ва соҳибкасб гардидан соҳаҳои гуногуни ҷамъиятро рушду инкишоф медиҳад. Насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши густардаи забонҳои хориҷӣ (хусусан, русию англисӣ), аз худ кардани технологияҳои замонавӣ ва интихоби касбу пешаи дилхоҳи худ машғул гардида, дар таҳкими давлатдории миллӣ ва шукуфоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Тавре маълум аст, масъалаи таҳсил ва аз худ кардани донишҳои муосир дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба танзим дароварда шудааст. Дар қонуни мазкур омадааст, ки таҳсилот раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона гаштааст, мебошад.
Дар раванди таҳсилот, дар баробари омӯзгорону устодон, нақши падару модар хеле бузург мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардидааст. Дар қонуни зикршуда уҳдадориҳои падару модар, инчунин, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба таълиму тарбияи кӯдак алоқаманд аст, ба таври мушаххас муайян карда шудааст.
Воқеан, дар раванди таълиму тарбия падару модар уҳдадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзандон пайваста ғамхорӣ кунанд, онҳоро ба муассисаҳои таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияташон шароити зарурӣ муҳайё созанд. Фарзандро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накукорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия ҳуқуқи озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муайян шудааст. Дар умум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои демократитарин дар рӯйи ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишӣ олӣ ҳисобида мешаванд. Ҳамчунин, дар Конститутсия рамз­ҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ таҷассуми худро ёфтаанд. Шаҳрвандон соҳибихтиёру озод буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби давлат таҳти пуштибонӣ ва ҳимоят қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тақвияти қонуну қонунгузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла, зикр намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷабаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро устувор намоем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бибиҳовар Исмоилова,

омӯзгори МТМУ №79-и шаҳри Душанбе

Добавить комментарий