Омӯзгор, муаллим, устод, педагог… нафаре, ки пешопеши ҷомеа қадам мемонад, чун чароғ, ки ба мо рӯшноӣ мебахшад, чун падар, ки баҳри таъмини амнияти хонавода ва бомаърифат гардондани фарзандонаш ҳаракат мекунад. Ӯ нафарест, ки пешаи аз ҳама муқаддасро интихоб кардааст.
Муҳимтарин рисолати омӯзгор инсонсозӣ буда, ба тарбияи хештаншиносии шогирдон бештар аҳаммият медиҳад. Маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир раванди ҷаҳонишавӣ ба нобудшавии арзишҳои миллию фарҳангӣ таҳдид мекунанд. Дар ин ҳолат ҳар халқу миллат мехоҳад асолати худро ҳифз ва мардумашро водор намояд, ки ба худшиносии миллӣ такя кунанд. Худшиносии миллӣ омилест, ки моро бо худ ошно месозад. Маҳз бо рушди худшиносӣ метавонем ба решаҳои таърихию фарҳангиамон бипайвандем, забону фарҳанги худро ба арзишҳои миллӣ табдил диҳем.
Дар ҳамин ҳолат, нақши омӯзгор бештар эҳсос мешавад, зеро маҳз ӯ ифтихори миллӣ, эҳтироми забон ва шинохти таърихи миллатро дар дилу зеҳни наврасон ҷо карда метавонад.
Худшиносии миллӣ донистани таърих, забон, анъана, расму оин, қаҳрамонон, тамоми арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба онҳост. Он моро ба решаҳои худ мепайвандад ва водор мекунад, дониста бошем, ки мо кистему аз куҷоем ва куҷо равонаем.
Дар замони истиқлол таҳти роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳимме андешида шуданд, то ҷавонон аз гузаштаи хеш ба таври фарогир огоҳ шаванд.
Ҷойи инкор нест, ки технология бо суръати баланд ба дунёи мо ворид шуда, маънавиёти насли наврасро зери хатар гузоштааст. Барои эмин мондан мебояд таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси педагогикаи этникӣ ва бо дарназардошти махсусияти замони муосир ҷорӣ намоем. Дар роҳи расидан ба ҳадаф, рӯ овардан ба маориф шарти асосист. Ба таъбири устод Айнӣ, «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳар чи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем».
Дар ин миён, саҳми омӯзгор бузург мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд».
Бале, маҳз омӯзгор метавонад ҳисси худшиносиро дар ниҳоди хонандагон такмил бахшад ва ба ин васила, дар ташаккули шахсияти онҳо саҳм гузорад, зеро фаъолияти ӯ ду паҳлуи муҳимро дар бар мегирад: таълим ва тарбия. Омӯзгор дар самти пайвастани шогирдон ва ҳатто, ҷомеа, ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла, ба забон, таърих ва фарҳанг хидмати арзанда менамояд.
Зарурати ба эътибор гирифтани ин масъала рӯз то рӯз меафзояд. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари тақдими баъзе навигариҳо, метавонад арзишҳои муҳимми халқу миллатҳоро аз байн барад. Дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода мешавад:
Якум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иқдомҳои зиёдеро рӯйи даст гирифтааст, ки муҳимтаринашон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва қабули барномаҳои гуногуни давлатӣ мебошанд. Ҳамчунин, чопи китобҳои алоҳида ва тақдими онҳо ба ҳар хонадон дар мисоли «Қуръон», «Тоҷикон», «Шоҳнома» ба худшиносии бештари ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дуюм, вусъат бахшидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма. Имрӯз муаррифии комили миллат маҳз аз ин минбар бештар сурат мегирад. Нашри матолиби судманд дар рӯзномаю маҷаллаҳо, барномаҳои муҳимми радиоиву телевизионӣ, инчунин, ташкили филму наворҳои гуногуни тарғиботӣ, ҷалби блогерон ва ба низом даровардани фаъолияти онҳо тавассути ниҳоди алоҳида, баргузории озмунҳои гуногун воситаҳоеанд, ки диққати насли имрӯзро ба худшиносӣ бештар ҷалб менамоянд.
Сеюм, баланд бардоштани мақоми маориф, ислоҳот дар низоми таҳсилот, дар робита ба ин омӯзондани таърих, забони модарӣ, адабиёт ва фарҳанг дар муассисаҳои таълимӣ, ба ин васила, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ аз синни хурдӣ.
Чорум, рӯ овардан ба фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ. Дар ин замина, тадбирҳои муҳим пайваста андешида мешаванд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат, либоси миллӣ, мусиқӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ, таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи забони давлатӣ… аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Яке аз роҳҳои дарки худшиносӣ дар ҷавонон нишон додани нақши шахсиятҳои барҷаста, қаҳрамонон ва умуман, бузургдошти онҳоест, ки барои таъриху фарҳангу забони худ хидмати бузург кардаанд…
Бояд як масъалаи муҳимро дар зеҳни хонандагон ҷо кард: худшиносии миллӣ маънои онро надорад, ки мо ба арзишҳои миллии дигарон ба чашми таҳқир нигарем ва ё онҳоро нодида гирем, зеро ҳар миллату халқ ба худ арзишҳое дорад, ки дар рушди худшиносиаш нақши хосса доранд. Ин маъниро ба шогирдон маҳз омӯзгор расондаву шарҳ дода метавонад.
Омӯзгорон ҳамеша ба дастгирии методӣ ва такмили ихтисос ниёз доранд. Хушбахтона, дар ин ҷода пешравиҳо ба назар мерасанд. Як омили ташвишовар истифодаи ғайримақсадноки интернет ва телефон аст. Дар ҷараёни дарсҳои технологияи иттилоотӣ шарҳу тавзеҳ бахшидани маърифати истифодаи технологияҳои муосир ногузир гаштааст. Барои ташкили ин дарсҳо барномаи мушаххас ва дастури алоҳида бояд аз ҷониби мутахассисон таҳия шавад.
Ҳамин тавр, дониши омӯзгорон аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ қавитар шуда, таъсири онҳо дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли наврас бештар мегардад.
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»













