Ман ҳам омӯзгори забони англисӣ ва ҳам роҳбари синфи 2-юми таълимаш бо забони англисӣ ҳастам. Аз ин рӯ, қариб тамоми рӯзи таълимиро бо кӯдакон мегузаронам ва мебинам, ки кадом усул онҳоро зудтар ба фаъолият ҷалб мекунад ва дар кадом ҳолат диққаташон парешон мешавад.
Дар синфи 2 кӯшиш мекунам шарҳи дарози қоидаҳоро камтар истифода барам. Агар калимаи «jump» омӯзонда шавад, беҳтар аст кӯдак ҷаҳад. Агар «open the book» гӯем, китобашро кушояд. Ҳангоми «stand up, sit down, turn around, clap your hands» ӯ амали гуфташударо иҷро кунад.
Дар яке аз дарсҳо ҳангоми такрори феълҳо гуфтам:
– Stand up!
Ҳама аз ҷой хестанд.
– Touch your nose!
Кӯдакон ба биниашон даст расонданд.
– Clap three times!
Се маротиба кафкӯбӣ карданд.
Баъд яке аз хонандагонро ба ҷойи омӯзгор гузоштам. Ӯ бо шавқ фармон медод:
– Jump!
– Turn around!
– Sit down!
Хонандагон худро машғули бозӣ ҳис мекарданд, вале дар асл, ҳам маънои калимаҳоро такрор мекарданд ва ҳам нутқи англисиро мешуниданд.
Барои кӯдакони хурдсол расм низ воситаи бисёр муҳим аст. Масалан, ҳангоми омӯзиши ҳайвонот кортҳои расмдорро истифода мебарем. Аввал расмро нишон медиҳам:
– What is this?
– It is a lion.
Баъд кортҳоро зуд-зуд иваз мекунам. Сипас як расмро пинҳон намуда, мепурсам:
– What is missing?
Кӯдакон бо шавқ ҷавоб меҷӯянд. Дар чунин лаҳза ҳатто хонандае, ки одатан камтар фаъол аст, мехоҳад аввалин шуда калимаро гӯяд.
Мо баъзан аз бозии хеле содаи «Touch the card» истифода мекунем. Дар тахта панҷ-шаш расм гузошта мешавад. Ду хонанда назди тахта меоянд. Ман калимаро мегӯям ва онҳо бояд ҳарчи зудтар расми дурустро нишон диҳанд.
Баъди ёфтани расм аз хонанда талаб мекунам бо он ҷумла созад:
This is a tiger.
The tiger is big.
Ҳамин тавр, бозӣ аз сатҳи шинохтани як калима ба сохтани ҷумла мегузарад.
Дар синфи 2 такрор аҳаммияти калон дорад. Вале агар як машқро даҳ маротиба бо ҳамон шакл такрор кунем, кӯдак дилгир мешавад. Аз ин сабаб, кӯшиш мекунам ҳамон калимаро дар шаклҳои гуногун баргардонам.
Масалан, барои омӯзиши рангҳо аввал кортҳоро нишон медиҳем: red, blue, green, yellow.
Баъд мегӯям:
– Show me something red.
Хонандагон дар синф ашёи сурхро меҷӯянд.
Баъд:
– Who has a blue pencil?
Дар охир метавон савол дод:
– What is your favourite colour?
Ҳамин чор-панҷ калима дар муддати кӯтоҳ чанд бор истифода мешавад, вале ҳар дафъа дар вазъияти дигар.
Як кори дӯстдоштаи хонандагони мо «Mystery bag» аст. Ба халта чанд ашёи шинос – қалам, тӯб, бозичаи хурд, хаткашак ва дигар чизҳоро мегузорем. Хонанда бе нигоҳ кардан як ашёро бо даст ҳис мекунад.
Дигарон мепурсанд:
– Is it a ball?
– Is it a pencil?
Ӯ ҷавоб медиҳад:
– Yes, it is.
ё
– No, it isn’t.
Вақте ҷавоби дуруст пайдо мешавад, ашё аз халта бароварда мешавад. Чунин бозии сода на танҳо луғат, балки саволу ҷавоби грамматикиро низ мустаҳкам мекунад.
Диққати махсусро ба талаффуз медиҳам. Кӯдак дар ин синну сол калимаро хеле хуб аз рӯйи шунидан қабул мекунад. Барои ҳамин баъзан калимаҳои навро бо оҳанг, қарсак ё ҳаракат такрор мекунем.
Сурудҳои кӯтоҳи англисӣ низ барои ҳамин синну сол муфиданд. Агар мо аъзои баданро меомӯзем, суруде интихоб мекунем, ки дар он head, shoulders, knees, toes истифода шаванд.
Яке аз мушкилоти омӯзгори синфи ибтидоӣ фарқи сатҳи хонандагон аст. Дар як синф кӯдаке ҳаст, ки аллакай ҷумлаи озод мегӯяд, ҳамзамон, кӯдаке ҳаст, ки барои ба хотир овардани як калима вақт мехоҳад. Дар чунин ҳолат ба ҳама як талаб гузоштан дуруст нест. Масалан, агар дар расм оила тасвир шуда бошад, аз як хонанда мепурсам:
– Who is this?
Ӯ мегӯяд:
– Mother.
Аз хонандаи дигар:
– Tell me about the mother.
Ӯ метавонад ҷавоб диҳад:
– This is the mother. She has long hair. She is wearing a blue dress.
Ҳар ду хонанда дар як дарс иштирок мекунанд, аммо супориш мувофиқи имконияти онҳо фарқ мекунад.
Инчунин, мушоҳида кардаам, ки таъриф дар синфи 2 таъсири калон дорад. Баъзан як Well done!, Good job! ё ҳатто табассум боис мешавад, ки кӯдаки шармгин бори дигар даст бардорад.
Албатта, ҳама ҷавобҳо дуруст намешаванд. Агар хонанда гӯяд: «He are my brother», ба ҷойи гуфтани «нодуруст» мепурсам:
– He…?
Аксар вақт дигар хонандагон ё худи кӯдак ҷавоби дурустро пайдо мекунанд:
– He is my brother.
Ба фикрам, кӯдак бояд дар синф эҳсос кунад, ки хато кардан мумкин аст. Агар аз хато битарсад, сухан намегӯяд. Дар анҷоми баъзе дарсҳо бозии хурди «Exit question» дорем. Пеш аз баромадан ҳар хонанда ба як савол ҷавоб медиҳад:
What colour do you like?
What animal do you like?
How are you today?
What can you do?
Ҷавоб метавонад танҳо як ҷумла бошад, аммо барои ман ин имконият аст, ки бишнавам кӯдак мавзуъро то чӣ андоза аз худ кардааст.
Аз таҷрибаи худ ба чунин хулоса расидаам, ки дар синфи ибтидоӣ дарс ҳар қадар зинда, фаҳмо ва ба фаъолияти худи кӯдак наздик бошад, ҳамон андоза натиҷаи он бештар мешавад.
Шаҳноза ҲОШИМОВА,
омӯзгори забони англисии гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе













