Нақши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар рушди соҳаи маориф

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар намудани сифати таҳсилот тамоми роҳу воситаҳо ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, дар паёмҳои солона ва мулоқоту суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва нақши он дар рушди давлатдорӣ андешаҳои ҳикматомез баён гардидаанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлат таъкид намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».

Бо ин мақсад, дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва танзими муносибатҳо дар соҳаи маориф як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ, аз қабили қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳо қабул шуда, мавриди амалишавӣ қарор доранд. Илова бар ин, фаъолият ва ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгор дар санадҳои амалкунанда танзим шудаанд. Аммо дар шароити ба вуҷуд омадани таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ ва бештар гардидани таъсири онҳо ба арзишҳои давлатдорӣ омӯзгор ва мавқеи он дар ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар боз ҳам муҳим ва заруртар гардидааст.
Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2024 зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш дастур доданд, ки бо мақсади ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор ва дастгирии ин соҳаи афзалиятнок лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ҳамин тавр, қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ 17 декаб­ри соли 2025, №2215 қабул карда шуд, ки он аз шаш боб ва 16 модда иборат мебошад, ки шаҳрвандон дар асоси принсипи ошкорбаёнии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ метавонанд ба мазмуну моҳияти он ба пуррагӣ шинос шаванд.
Бояд қайд кард, ки ҳар як боб, модда ва бандҳои он моҳияти ба худ хос дошта, пурра бо мақсади баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа равона гардидааст. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ду боби қонуни мазкур – «Вазъи ҳуқуқии омӯзгор» ва «Дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар»-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳем.
Тибқи қисми аввали моддаи чаҳоруми боби дуюм «Вазъи ҳуқуқии омӯзгор» шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст. Ин аввалин муқаррароте мебошад, ки омӯзгор ва шаъну шарафи ӯро дахлнопазир эълон кардааст. Яъне, ҳеҷ кас ҳуқуқи таҳқир кардани омӯзгорро дар ягон ҳолат надорад. Мутобиқи қисми дуюми боби дуюм, эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад. Ин меъёр далолат ба он мекунад, ки давлат ва ҷомеа вазифадоранд, ки шаъну шарафи омӯзгорро таъмин намоянд. Ин муқаррарот меъёри вазифадоркунанда буда, давлат, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва ҷомеаро дар иҷро ва риояи ин банд вазифадор намудааст.
Қисми сеюми боби дуюм пешбинӣ менамояд, амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст. Муқаррароти мазкур, паст задани шаъну шарафи омӯзгорро бевосита ва ё бавосита қатъиян манъ мекунад, яъне, дар ягон ҳолат паст задани шаъну шарафи омӯзгор иҷозат дода намешавад.
Ҳамчунин, моддаи 5 ҳуқуқҳои омӯзгор, моддаи 6 уҳдадориҳои омӯзгор ва моддаи 7 маҳдудиятҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ номгузорӣ гардидааст, ки онҳо мувофиқ ба мазмуну моҳияти қонуни мазкур мебошанд. Масалан, моддаи 7 маҳдудиятҳо барои фаъолияти омӯзгорӣ ном дошта, маънои онро дорад, ки на ҳама инсон ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шавад. Чунки омӯзгор шахсе мебошад, ки аз ҳама тараф донишҳои муосири зарурӣ, рафтору кирдори намунавӣ дошта, ҷомеа ва насли ҷавонро тарбия намуда, ба онҳо таълим медиҳад ва дониш меомӯзонад.
Масъалаи дигар, таҳлили боби чаҳоруми қонуни мазкур мебошад, ки он «Дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар» номгузорӣ шудааст. Боби мазкур, моддаҳои 10 ва 11-ро дар бар мегирад.
Тибқи моддаи 10 фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир мебошад. Тавре дар боло ишора карда шуд, шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст ва дар ин модда фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир мебошад. Ин моҳиятан маънои онро дорад, ки ҳам шаъну шараф ва ҳам фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир буда, ҳеҷ кас ҳуқуқи дахолат кардан ба фаъолияти касбӣ ва шаъну шарафи омӯзгорро надорад. Муқаррароти мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки омӯзгор, шаъну шараф ва касбияти ӯро эҳтиром кунанд, зеро ҳастии давлат ва рушди соҳаи маориф аз омӯзгор ва фаъолияти касбии ӯ вобастагӣ дорад.
Омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад. Амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набояд монеаи иҷрои вазифаҳои касбии омӯзгор гарданд. Фаъолияти омӯзгор, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор дода намешавад. Омӯзгор набояд бо дахолати падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва шахсони алоҳида аз раванди таълиму тарбия дур карда шавад. Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Муқаррароти мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор пайваста чораҳои зарурӣ ва амалиро татбиқ намоянд.
Дар моддаи 11 пешбинӣ карда мешавад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Илова ба ин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дорои вазифаҳои муайян мебошанд, ки онҳо дар моддаи мазкур ба таври мушаххас пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, дар қисми сеюми моддаи мазкур муқаррароти воқеан ҳам муҳим ва саривақтӣ пешбинӣ шудааст, ки тибқи он мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мониторинги иҷрои қисми 2 моддаи 11-ро гузаронида, аз натиҷааш ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд, ки ин яке аз василаҳои муҳим барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки қонуни мазкур барои баланд бароштани мақоми омӯзгор ва рушди соҳаи маориф нақши ҳалкунанда дорад, зеро айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ 757 адад буда, дар онҳо 118 ҳазору 392 кӯдак таълиму тарбия мегиранд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4037 адад буда, дар онҳо 2 миллинону 357 ҳазору 056 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 65 адад буда, дар онҳо 23 ҳазору 469 нафар таҳсил мекунанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 86 адад буда, онҳо 100 ҳазору 663 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтаанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 48 адад буда, дар онҳо 213 ҳазору 261 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 13 ҳазору 50 омӯзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғул мебошанд.
Дар маҷмуъ, 4993 муассисаи таълимӣ, новобаста аз зинаҳои таҳсилот, дар кишвар фаъолият дошта, 2 миллиону 812 ҳазору 841 хонанда ва донишҷӯй ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба таълиму тарбияи ҳамаи онҳо 163 ҳазору 855 омӯзгор, аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ — 10687, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ — 6706, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ — 1875, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ — 130 ҳазору 732 ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 13 ҳазору 855 омӯзгор машғул мебошанд.
Ҳамин тавр, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз як омӯзгор бо 16 ва ё 17 хонанда машғул шуда, ба онҳо таълиму тарбия меомӯзонад. Пас чаро ба қадри омӯзгор нарасем? Оё касе ин гуна қудрат ва тавоноиро дорад? Албата не, ба ҷуз аз омӯзгор.
Аз таҳлил ва омӯзиши ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бармеояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар баробари баланд бардош­тани мақоми омӯзгор, инчунин, барои рушди соҳаи маориф ва дарки арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, қонуни мазкур моҳият ва аҳаммияти зеринро дорад:
1. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди соҳаи маориф равона гардидааст.
2. Иҷро ва амалишавии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф аз татбиқи қонуни мазкур вобастагӣ доранд.
3. Шаъну шараф ва фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир мебошад.
4. Омӯзгор метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию педагогӣ машғул шавад.
5. Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор дошта, ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст.
6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
7. Омӯзгорони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд.
8. Батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва маблағи рухсатиҳои меҳнатии омӯзгор манъ аст.
9. Аз музди меҳнати омӯзгор пардохт намудани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст.
10. Ҳаққи роҳкирои омӯзгорон барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва сафарҳои хизматии дигари берун аз воҳиди маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пардохт карда мешавад.
11. Ба музди меҳнати омӯзгоре, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаи таълимии ҷойи кори асосиашон иловапулӣ ба меъёри 30 дар сади маош аз як сарчашма муқаррар карда мешавад, агар онҳо мутобиқи ихтисос кор кунанд.
12. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.
13. Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад.
Хулоса, дар асоси мазмун, моҳият ва ҳадафҳои қонуни мазкур пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
1. Мазмуну моҳияти ҳар як банд ва муқаррароти қонуни мазкур дар доираи гурӯҳи корӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён фаҳмонида шавад.
2. Вобаста ба мазмун, моҳият ва хусусиятҳои қонуни мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз зинаҳои таҳсилот бо ҷалби мутахассисон конференсия, мизҳои мудаввар ташкил ва баргузор карда шавад, зеро метавон ба ин васила ба шуури ҳар як омӯзгор ва хонанда мавқеи омӯзгор ва нақши он дар ҷомеа ҷой карда шавад.
3. Мазмуну моҳияти қонуни мазкур тавассути видео-роликҳои кӯтоҳ дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда шавад.
4. Баъд аз амалишавӣ ва татбиқи як панҷсолаи қонуни мазкур, зарур аст, дар доираи шароити ҷойдошта, омӯзгорон аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шаванд, зеро дар асоси қонуни мазкур омӯзгор шахсе мебошад, ки воқеан, ин касбро дӯст медорад ва метавонад ҳастии худро барои таълиму тарбияи насли нав ва барои ҳифзи соҳибихтиёриву арзишҳои миллӣ равона карда бошад.
Ҳамин тавр, бовар дорем, ки қонуни мазкур дар як муддати кӯтоҳ мавқеъ ва нақши омӯзгорро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳчанд намуда, аз хурд то бузург, аз шахси одӣ то шахсони мансабдори давлатӣ эҳтиром ба омӯзгорро шиори худ намуда, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм саҳми босазо мегузоранд.
С. ШАРИФЗОДА,

дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Добавить комментарий