Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маориф соҳаи афзалиятнок эълон шуд. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) зикр карданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди маорифи миллӣ фароҳам шуданд. Ҳамзамон, қонуну қарорҳо ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа бо дарназардошти талаботи замони нав, стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул шуданд.
Дар ин замина сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ, сохтмон, таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои соҳаи маориф вусъати тоза ёфт.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мактабҳои типи нав – литсейю гимназияҳо, мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ, мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ташкил карда шуд. Ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли маориф ба ҳисоб меравад.
Баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои дақиқ, ба таври оммавӣ ба маҳфилҳои техникӣ ҷалб намудани хонандагон, инкишофи қобилияту навоварӣ ва эҷодиёти техникии онҳо, бедор намудани шавқи хонандагон ба омӯзиши фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад. Озмунҳои фаннӣ, баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ, мизҳои мудаввар барои сайқал додани дониши хонандагон мусоидат менамоянд.
Ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудани хатмкунандагон ба макотиби олӣ яке аз падидаҳои беназир ва самарабахши раванди таълим буда, барои соҳибкасбу бомаърифат ба воя расидани насли ҷавон мусоидат мекунад.
Эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (2010), Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040), ворид гардидан ба низоми ҷаҳонии таҳсилот, мунтазам зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» далели равшани сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар маҷмуъ, саҳми Сарвари давлат дар рушди илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бориз аст. Бо илму маориф кишвар устуворона ба пешрафт ноил мегардад.
Толибҷони БЕДИЛ,
донишҷӯи курси 2-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ













