Илму маърифат – сипари давлату миллат

Дар оғози даҳсолаи сеюми асри бисту як башарият ба як марҳалаи ниҳоят ҳассос, пурталотум ва сарнавиштсози таърихӣ ворид гардидааст, ки дар он тақдири давлатҳо ва миллатҳо на танҳо дар майдонҳои набарди ҳарбӣ ё тавассути рақобатҳои иқтисодӣ, балки бештар дар фазои андеша, маънавият ва ҳувият ҳал мешавад. Мо имрӯз шоҳиди онем, ки чӣ гуна пояҳои низоми ҷаҳонӣ, ки даҳсолаҳо устувор ба назар мерасиданд, ба калавиш даромадаанд ва равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръати кайҳонӣ марзҳои анъанавии байни фарҳангҳоро аз байн мебаранд.

Таҳлили амиқи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон собит месозад, ки дар шароити муосир такя кардан танҳо ба шохисҳои иқтисодӣ ё иқтидори ҳарбӣ наметавонад кафолати комили бақои миллат бошад. Иқтисоди кишварҳо имрӯз чунон ба ҳам вобаста аст, ки ҳатто қудратмандтарин давлатҳо аз буҳронҳои молиявӣ эмин нестанд ва истиқлоли сиёсӣ низ бидуни пуштибонии қавии маънавӣ ва ҳувияти устувор осебпазир гардидааст. Маҳз дар ҳамин нуқтаи ҳассоси таърихӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи хосса ва беназири давлатдориро интихоб намудааст, ки меҳвари онро «истиқлоли фарҳангӣ» ташкил медиҳад. Ин стратегияи бузург ва фарогир бар он ҳақиқати бебаҳс асос ёфтааст, ки иқтисодро барқарор кардан мумкин аст, сиёсатро тағйир додан имконпазир аст, инфрасохторро метавон аз нав бунёд кард, аммо агар миллат чеҳраи фарҳангии худро, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, гум кунад, он ҳамчун субъекти таърих аз байн меравад.
Дар ин мақола мо кӯшиш кардем, то андозае моҳияти ташаббусҳои бузурги миллӣ, аз қабили қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва лоиҳаи бузурги дарпешистодаи «Шоҳномахонӣ»-ро дар партави Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ намуда, таъсири онҳоро ба ташаккули тафаккури миллӣ ва амнияти зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намоем.
Яке аз рукнҳои марказӣ ва тақдирсози стратегияи истиқлоли фарҳангӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷа касб кардааст, таҷдиди назари куллӣ ба мақом, манзалат ва ҷойгоҳи омӯзгор дар низоми арзишҳои ҷомеа мебошад. Қабули санади таърихӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» (№2215 аз 17 декабри соли 2025), ки бо ташаббуси Пешвои миллат таҳия ва қабул гардид, танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ нест, балки манифести эҳтиром ба ақлу заковати миллат ва эътирофи нақши калидии муаллим дар таъмини бақои давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Дар тӯли солҳои гузашта, мутаассифона, шоҳиди равандҳое будем, ки дар онҳо шаъну шарафи омӯзгор то андозае коста гардида, ин қишри зиёӣ ва пешбарандаи ҷомеа ба корҳои ғайритаълимӣ, аз ҷумла, маъракаҳои кишоварзӣ, ободонӣ ва ҷамъоварии маблағҳо ҷалб карда мешуданд. Ин вазъият на танҳо ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонд, балки эътибори муаллимро дар назди шогирдон ва волидон коҳиш медод. Пешвои миллат бо мантиқи оҳанин, ки «ҷаҳолат модари ҳамаи бадбахтиҳо ва заминаи ифротгароист», формулаи наҷотбахшеро пешниҳод намуданд: сармоягузорӣ ба мақоми омӯзгор – сармоягузорӣ ба сулҳу субот, амнияти миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Қонуни нав ба ин амали номатлуб нуқта гузошт. Тибқи моддаҳои ин санади сарнавиштсоз, ҳама гуна дахолати беҷо ба фаъолияти касбии омӯзгор, ҷалби ӯ ба фаъолиятҳои ба таълиму тарбия иртибот надошта қатъиян манъ карда шуд. Ин тадбир ба омӯзгор имкон медиҳад, ки тамоми неруи зеҳнӣ, вақт ва истеъдоди худро танҳо ба раванди таълим ва тарбияи насли наврас равона созад. Бисёр муҳим ва рамзӣ аст, ки қонунгузорӣ озод кардани омӯзгоронро аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст. Ин имтиёз паёми амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад: дар ҷаҳони муосир, ки ҷанг­ҳо бештар дар фазои шуур ва андеша сурат мегиранд, қалами муаллим дар ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ камтар аз силоҳи сарбоз нест. Муаллим ҳамчун «афсари артиши маърифат» дар хатти пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди таассуб, хурофот ва идеологияҳои бегона қарор дорад.
Барои он ки мақоми омӯзгор на танҳо дар сухан, балки дар амал баланд бардошта шавад ва касби омӯзгорӣ ҷолибияти худро барқарор намояд, давлат имтиёзҳои зиёдро ҷорӣ намудааст. Таъмини омӯзгорон бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзил, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва муқаррар намудани иловапулиҳои махсус барои дасто­вардҳои шогирдон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд. Ба таври мисол, дар вилояти Хатлон аллакай ба даҳҳо омӯзгори ҷавон сертификатҳо барои замини наздиҳавлигӣ супорида шуданд, ки ин иқдом барои ҷалби кадрҳои ҷавон нақши калидӣ мебозад. Илова бар ин, барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ – «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин омил рақобати солимро дар байни омӯзгорон ба вуҷуд оварда, онҳоро ба такмили ихтисос ва кор бо истеъдодҳо таҳрик медиҳад.
Таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНЕСКО нишон медиҳанд, ки норасоии омӯзгорони касбӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон метавонад ҳамчун намунаи ибрат барои кишварҳои ҳамсоя хидмат намояд. Натиҷаҳои аввалияи ин ислоҳот аллакай ба назар мерасанд: рағбати ҷавонон, бахусус, мардон ба интихоби касби омӯзгорӣ афзоиш ёфта, рақобат барои дохил шудан ба риштаҳои омӯзгорӣ зиёд гардидааст.
Дар замоне, ки технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури инсонҳоро ба сатҳинигарӣ одат кунонидаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси беназири баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як ҳаракати бузурги маънавӣ ва зеҳниро оғоз намуд. Ин озмун, ки соли ҳаштум аст, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат баргузор мегардад, ба як мактаби бузурги худшиносӣ ва василаи муассири пайвастани миллат ба адабиёти классикӣ ва муосир табдил ёфтааст.
Омори расмии баргузории озмун дар солҳои охир гувоҳи он аст, ки ин ташаббус аз ҷониби мардум хуш пазируфта шудааст. Дар соли 2025 нисбат ба соли 2023 шумораи иштирокчиёни озмун дар даври ҷумҳуриявӣ беш аз 5 баробар афзудааст. Довталабон аз тамоми гӯшаву канори кишвар, аз хонандагони синфҳои ибтидоӣ то намояндагони касбу кори гуногун ва нафақахӯрон ширкат варзиданд. Дар маҷмуъ, дар давраи солҳои 2019 то 2024 беш аз 1 миллиону 153 ҳазор нафар шаҳрванд дар ин озмун иштирок намудаанд, ки ин рақам барои кишваре бо аҳолии Тоҷикистон нишондиҳандаи фавқулода баланд аст.
Ҷанбаи дигари муҳимми иҷтимоии озмун дар он зоҳир мегардад, ки он ба василаи муассири баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа гардидааст. Тибқи омор, 67 фоизи иштирокчиёни озмунро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ин далел собит месозад, ки зани тоҷик имрӯз на танҳо оила, балки пешбарандаи маърифат ва фарҳанг мебошад. Иштироки фаъоли занон дар китобхонӣ ба тарбияи насли навраси босавод ва ватандӯст таъсири мустақим мерасонад, зеро «модари босавод — миллати босавод». Ғайр аз ин, озмун хусусияти фаромарзӣ касб намуда, дар он тоҷикони бурунмарзӣ ширкат меварзанд. Ин иқдом ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар, ҳифзи забони модарӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Бо мақсади қадршиносии заҳмати зеҳнии иштирокчиён, Президенти кишвар ҳаҷми мукофотпулиҳоро барои ғолибони озмун дар соли 2025 ба маротиб зиёд намуданд. Барои барандаи Шоҳҷоиза маблағи 140 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид. Ғолибони озмун, инчунин, ҳуқуқи имтиёзноки дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бе супоридани имтиҳон пайдо мекунанд.
Агар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба эҳёи маънавиёт нигаронида шуда бошад, пас озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар самти таъмини истиқлоли технологӣ, рушди тафаккури техникӣ ва омодасозии кадрҳои муҳандисӣ хидмат менамояд.
Дар соли 2025, бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни замон ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, ба низомномаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуд. Илова шудани номинатсияи нави «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» қадами устувор ва саривақтӣ дар самти омода намудани мутахассисон барои иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Ин тасмим нишон медиҳад, ки Роҳбарияти кишвар аҳаммияти ҳаётии технологияҳои пешқадамро дарк намуда, талош дорад, ки насли нав­раси дорои тафаккури техникӣ ва ихтироъкорро ба камол расонад.
Озмуни мазкур аз рӯйи ҳашт номинатсия: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад. Ин фарогирии васеи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба амалисозии ҳадафи эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040)» мусоидат менамояд.
Шумораи ҷойҳои ифтихорӣ дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 афзоиш ёфт, ки ин имконияти бештарро барои наврасону ҷавонони лаёқатманд фароҳам меорад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои баргузории озмун низ ба таври назаррас зиёд гардида, 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар азхудкунии донишҳои назариявӣ, таҳлили натиҷаҳои озмун дар соли 2025 як мушкили ҷиддиро ошкор намуд: Шоҳҷоизаи озмун боз ҳам соҳиби худро наёфт. Дар тӯли панҷ соли баргузории озмун, танҳо як маротиба (дар соли 2023) як нафар тавонист ба ин мақоми олӣ сазовор гардад. Ин вазъият нишон медиҳад, ки ҳарчанд сатҳи дониши назариявии иштирокчиён дар фанҳои математика, химия ва физика баланд аст, аммо дар самти ихтироъкории амалӣ, татбиқи донишҳо дар истеҳсолот ва пешниҳоди навовариҳои технологӣ камбудиҳо ба назар мерасанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳамчун пули пайвандгар байни наслҳо, эҳёгари мероси мусиқиву ҳунарии миллат ва василаи тарбияи эстетикии ҷомеа баромад мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки хатари ифротгароӣ, зӯроварӣ ва бегонашавӣ таҳдид мекунад, санъати асил ва мусиқии касбӣ ҳамчун «қувваи нарм», вале бисёр муассир барои поксозии ҷаҳони ботинии инсон хидмат мекунанд.
Соли 2025 озмун доираи худро васеъ намуда, аз рӯйи панҷ номинатсия: композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гардид. Ворид намудани номинатсияҳои нави санъати тасвирӣ ва дизайн иқдоми муҳимме буд, ки ба рушди ҳунарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишӣ ва мӯди муосири миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ин тасмим имкон дод, ки на танҳо навозандагону сарояндагон, балки рассомон ва тарроҳони ҷавон низ истеъдоди худро муаррифӣ намоянд. Ғолибони озмун дар соли 2025, ба монанди Наврӯзи Досӣ дар бахши сарояндагӣ ва Разияллоҳ Убайдзода дар навозандагӣ, ки соҳиби Шоҳҷоиза ва 100 ҳазор сомонӣ гардиданд, намунаи барҷастаи истеъдодҳои нобе мебошанд, ки тавассути ин озмун аз гӯшаҳои дурдас­ти кишвар кашф ва ба саҳнаи бузург бароварда шудаанд.
Ҳукумати кишвар барои дастгирии ин озмун маблағҳои калонро равона месозад. Дар соли 2025 барои баргузории он 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2026 ин маблағ ба 8 миллиону 260 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши 580 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз мукофотпулӣ, ғолибон имкони таҳсили ройгон дар муассисаҳои таълимии махсуси соҳаи санъат, аз ҷумла Консерваторияи миллиро пайдо мекунанд. Ин механизм «занҷираи эҷодӣ»-ро аз дарёфти истеъдод то тарбияи кадрҳои касбӣ такмил медиҳад.
Дар силсилаи ташаббусҳои фарҳангӣ ва маърифатии Пешвои миллат, эълони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 ҳамчун омили худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ин ташаббус, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ҳадафи амиқи эҳёи ҳофизаи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайванди маънавии наслҳоро маънидод мекунад.
«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барои миллати тоҷик танҳо асари бадеӣ ё достони ҳамосӣ нест, он қомуси зиндаи ҳувият, таърих, забон, фарҳанг ва оини давлатдории мост. Дастури Пешвои миллат оид ба нашр ва туҳфа намудани «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони тоҷик иқдоми муҳимми ватанпарастона ба ҳисоб меравад.
Озмуни «Шоҳномахонӣ» дар чор давр аз моҳи март то декабри соли 2026 баргузор гардида, тамоми қишрҳои ҷомеаро, сарфи назар аз синну сол ва касб – аз хонандагони мактаб то омӯзгорон ва нафақахӯрон фаро мегирад.
Барои ташкил ва баргузории озмуни мазкур 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ғолибонро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд. Интизор меравад, ки ин озмун таъсири амиқи равонӣ, иҷтимоӣ ва забонӣ хоҳад дошт. Он руҳияи ватанпарварӣ, ҷасорат, адолатхоҳӣ ва хирадро, ки қаҳрамонони «Шоҳнома» таҷассум мекунанд, дар шуури насли наврас ҷой медиҳад. Инчунин, он ба рушди забони тоҷикӣ, тоза кардани он аз унсурҳои бегона, ғанигардонии таркиби луғавии мардум ва эҳёи номҳои зебои таърихӣ мусоидат хоҳад кард. «Шоҳномахонӣ» ҳамчун суннати қадимии шифоҳӣ дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номнавис шудааст.
Таҳлили ҳамаҷонибаи ташаббусҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат як модели нави давлатдориро татбиқ намуда истодааст, ки дар он фарҳангу маърифат ҳамчун меҳвари асосии амнияти миллӣ ва рушди устувор маҳсуб меёбад.
Хулоса, ин ҳама таваҷҷуҳ ба бунёди миллати озод, фарҳангӣ ва худшинос мусоидат намуда, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим, таҳкими истиқлолу ваҳдат, рушди иқтисод ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Сангин ГУЛЗОД,
дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ

Добавить комментарий